05:37:11 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲАМКОРӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ АМРИ ЗАРУРИСТ

Амният – суботу оромӣ ва осудагии зиндагист. Зери ин мафҳум оянда, идомаи зиндагӣ, орзуву омоли башарият нуҳуфтаа ст. Мусоҳибаи хабарнигори «Азия-плюс» Далер Ғуфронов бо сиёсатшиноси ҷавону умедбахш, муаллифи китоби «Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон» Абдуллои Раҳнамо бори дигар собит сохт, ки истиқлолияти кишвар дар зеҳни аҳли зиё таҷассум ёфтааст.

/images/stories/2011/09/19_abdullo_rahnamo_19.9.2011.jpgГарчанде ӯ дар радифи дигар коршиносони сиёсии минтақа, собиқаи зиёде ҳам надошта бошад, вале  аз таълифот ва каломи ӯ бараъло пайдост, ки ҳамчун як пажуҳишгар набзи имрӯзаи сиёсатро дарк намуда, дурнамои онро дуруст муайян сохтааст. Воқеан, А.Раҳнамо аз аввалинҳост, ки ҳамчун як равшанфикри ҷомеа ба ин мавзӯи ниҳоят муҳим рӯ овардааст.

Қишри интеллектуалии ҷомеа, вақте аз амнияти кишвар сухан мегӯянд, ин маънои онро дорад, ки онҳо нисбат ба вазъи сиёсию иҷтимоӣ бетараф набуда, балки ҳамдарди миллатанд. Афкори баёнсохтаи коршиноси сиёсӣ дар масъалаи ҳамкорӣ дар риштаи амният дар ин замони ҳасос қобили дастгирист.  Сиёсатшинос ҳамкории олимон ва марказҳои илмиро бо мақомоти бехатарӣ аз зуҳуроти маъмули ҷаҳони муосир дониста, истифодаи ин таҷрибаро дар шароити Тоҷикистон аз манфиат холӣ намеҳисобад.   

Аз рӯзе, ки инсоният соҳибқалам гардид ва қишри иҷтимоие чун зиёӣ ба майдон омад, аксарияти онон ба муқобили ҷанг буданду сулҳу оромиро васф менамуданд. Агарчанде барои фазои ором, барои пешгирӣ аз ҳама гуна зуҳуроти ҷангзо, сохторҳои қудратӣ масъул бошанд ҳам, вале ҳар як фарди ҷомеа бояд ба хотири оромии кишвараш ҳушёр бошаду мубориза барад.

Аслан, вақте инсон сафарҳои  пай дар пай карда ва ё таҳсилро берун аз кишвар мегирад, бояд ба қадри ватану ватандорӣ бештар бирасад. Мутаассифона, солҳои ахир шоҳиди он ҳастем, ки на ҳама фориғуттаҳсилини кишварҳои исломӣ ба ояндаи ватанамон бо чашми нек менигаранд. Яке зери таъсири ақоиди ифротии «Ҳизб-ут-таҳрир» қарор гирифтааст, дигаре – салафӣ, саввумӣ – таблиғӣ 

Маълум аст, ки ба амнияти ҳар як кишвар аз замони қадим то ба имрӯз қувваҳои экстремистӣ таъсири носолим мерасонанд. Як шаҳрванд, аз ҷумла як инсони равшанфикр чӣ саҳме дар оромии мамлакат дошта метавонад? Шояд барои баъзеҳо ин савол чандон аҳамияте надорад, вале посухи он давомдор аст.

Фурсати он аст, ки уламои дин, нафароне, ки дар ҳақиқат аз илми дунявию динӣ бохабаранд, қабл аз ҳама пеши роҳи гумроҳии ҷомеъаро бигиранд. Аҳли қалам чашми насли наврасро ба оянда бояд бикушояд, онҳоро ба роҳи созандагӣ ҳидоят намояд. «Касе дар Ватан ноили амният гардад ва дар бадан ноили тандурустӣ, чунин кас тамоми дунёро ноил гардидааст, зеро неъмати амният аз дунё  ва аз тамоми чизу чораи он  беҳтар аст» (китоби муқаддаси Қуръон, сураи Анкабут, ояти 67).

То ба имрӯз дар ҷумҳурӣ олиме, ёфт нашуд, ки дар бораи сӯистифодаи ҷавонони ҳаммиллатамон аз ҷониби ифротгароёни худиву аҷнабӣ сухане ироя намояд. Ё дар бораи фаъолияти ҳамоҳанги мақомоти амният, муҳаққиқону олимон, умуман аҳли зиё ҷиҳати таъмини суботу оромӣ дар ҷумҳурӣ ба таври озод сухан карда бошанд. Ташаббуси А.Раҳнамо дар ин самт лоиқи дастгирист. Лекин дигарон сари ин масъала чӣ андеша доранд, ибтикорашро дастгирию пуштибонӣ менамоянд…? 

Боймурод Султонов - ҷомеашинос



Шарҳҳо   

 
+1 #9 Guest 21.09.2011 21:04
Бародар Зафар Устод Рахнамо аз он Дунявихои мегуфтагии ту нест. Агар гап сари хизматхояшон равад, мо низ дидем чихел он Мулову Козихо ва Чиновникхо дар давраи ба даст омадани Сулхи точикон чихел хизмат карда буданд. (ва кардаистодаанд) .
Агар имкон дошта боши китоби "Ислом ва Амнияти Миллии" А. Рахнаморо як гирифта варак гардон, бад худат мефахми, ки таълим гирифтаи Донишгохои Аврупо ва Амрико бо чикадар нозукихо ин китобро дар сатхи оли ва пурмаъни нашр намудааст. Худи ту агар аз Ислом нагз бохабар боши, чунин олимхо (докторхоро) - ро паст задан худ алакай нохамвории илматро нишон медихад. Саломат боши!
 
 
0 #8 Guest 20.09.2011 22:03
13. Ва чун ба онҳо гуфта шавад, ки шумо низ монанди дигар мардумон имон биёваред, мегӯянд: «Оё мо низ монанди бехирадон имон биёварем?» Огоҳ бошед, ки онон худ бехирадонанду намедонанд.
14. Ва чун ба мӯъминон мерасанд, мегӯянд: «Имон овардаем». Ва чун бо шайтонҳои (инсӣ мисли пешвоёнашон) хеш хилват мекунанд, мегӯянд: «Мо бо шумо ҳастем, мо масхараашон мекунем».
15. Худост, ки онҳоро масхара мекунад ва вомегузорадашон , то ҳамчунон дар туғёни хеш саргардон бимонанд.
16. Инҳо гумроҳиро ба ҳидоят хариданд, пас тиҷораташон суд накард ва дар шумори ҳидоятёфтагон дарнаёмадаанд.
 
 
0 #7 Guest 20.09.2011 22:02
7. Худо бар дилҳояшон ва бар гӯшашон мӯҳр ниҳода ва бар рӯи чашмонашон пардаест ва барояшон азобест бузург.
8. Порае (баъзе) аз мардум мегӯянд: «Ба Худо ва рӯзи қиёмат имон овардаем». Ҳол он ки имон наовардаанд.
9. Инҳо Худову мӯъминонро мефиребанд ва намедонанд, ки танҳо худро фиреб медиҳанд.
10. Дар дилҳояшон маразест (бемории маънавӣ, мисли шакку шубҳа ва нифоқ) ва Худо низ бар маразашон бияфзудааст ва ба ҷазои дурӯғе, ки гуфтаанд, барояшон азобест, дардовар.
11. Чун ба онон гуфта шавад, ки дар замин фасод накунед, мегӯянд:«Мо муслиҳонем (некӯкоронем)».
12. Огоҳ бошед, ки инҳо худ табаҳкоронанду намедонанд.
 
 
0 #6 Guest 20.09.2011 22:01
21. Эй мардум, Парвардигоратон ро, ки шумо ва пешиниёнатонро биёфаридааст, бипарастед. То ки парҳезгор шавед!
22. Он Худованде, ки заминро чун фаршҳое бигустурд ва осмонро чун биное бияфрохт ва аз осмон обе фиристод ва бо он об барои рӯзии шумо аз замин ҳар гуна самаре бирӯёнид ва худ медонед, ки набояд барои Худо ҳамтоёне қарор диҳед!

========================
25. Ба онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, мужда деҳ ки барояшон биҳиштҳоест, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Ва ҳар гоҳ, ки аз меваҳои он бархурдор шаванд, гӯянд: «Пеш аз ин дар дунё аз чунин меваҳое бархурдор шуда будем, ки ин меваҳо шабеҳ ба якдигаранд». Ва низ дар он ҷо ҳамсароне покиза доранд ва дар он ҷо ҷовидона бошанд.
 
 
0 #5 Guest 20.09.2011 18:01
Ин масоил,ба ақидаи! ҲАМКОРӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ АМРИ ЗАРУРИСТ . не танзими муъомилот ва хулоса, ба бахшҳои гуногуни барномаи зиндагии инсон вобастагӣ доранд, Балки ин аст асос зиндаги Дин ! ва ҷавҳари паёмҳои Қуръони ! ва ба таври возеҳ ва эъҷозоваре дар китоби Худо баён гардидаанд. хамаи масоилу пешрави ва рохи росту растагори ! ва начот !
 
 
0 #4 Guest 20.09.2011 17:51
Рост мегуяд Zafar-5 - ки ин Абдуллои Раҳнамо дар мактабхои Гарб мункин ки Амрико ё Англия хонда омадаги бошад пас Умеде нест ки ба манфиати Мусалмонон яъне Точикон гуяд! инхо мактабхои филасофияи дунявие ки ба Мо манфиате надорад омухтаанд, ки Бехтарин Мактаб ин Мактаби Ислом аст ки тамоми чанбахои Ахлоки Инсони чихеле ки инхо мегуянд Гуманитари (Гуманизм-ро) дар бар мегирад! Шоёни зикр аст, ки Қуръон китоби ҳидоят аст ва барои сохтани инсони комил ва бунёди ҷомеъаи намунавӣ фиристода шудааст. Арзишҳои ахлоқӣ, меъёрҳои рафторӣ, аҳкоми ибодӣ, танзими муъомилот, низоми эътиқодӣ ва умуман, барномаи зиндагии инсон дар он ба гунае пешбинӣ ва тарҳрезӣ шудаанд, ки саъодати инсон дар ҳеҷ бахше аз он фурӯгузор нагаштааст.
 
 
0 #3 Guest 20.09.2011 17:39
ей Ориф ту бирав дар Вазорати Маориф Орифи-кун шоири кун ва чанкадаре ки мехохи махфили шер-гуён кун ! на балки эрод гир ! Окей ! Yes бигуй !
 
 
+1 #2 Guest 20.09.2011 11:06
Хофизо май хуру ринди куну хуш бош, вале
Доми тазвир макун чун дигарон Куръонро.
 
 
-1 #1 Guest 19.09.2011 21:32
Бубахшед Коргадони-Рузго р-ин Маълумот-ро гузоред на Оне ки пеш аз ин ба хато равона кардам -хохиш мекунам . ин Абдуллои Р. дар хилла гум аст(Дуняви аст)ва на чунин аст ки гуфта аст аз Куръон гуё. Касе дар Ватан ноили амният гардад ва дар бадан ноили тандурустӣ, чунин кас тамоми дунёро ноил гардидааст, зеро неъмати амният аз дунё ва аз тамоми чизу чораи он беҳтар аст» (аз Қуръон, сураи Анкабут, ояти 67). на интавр- чунин нест! балки чунин аст бихонед! аз Куръон Сураи Анкабуд ояти 67. Оё надонистаанд, ки ҳарамро ҷои амни мардум қарор додем, ҳол он ки мардум дар атрофашон ба асорат рабуда мешаванд (ва дар ҳама ҷойи берун аз ҳарам куштору ғорат мекунанд)?Оё ба (бутҳои) ботил имон меоваранд ва неъмати Худоро куфрон мекунанд?- биёд аз ин сиёсат шиносони Дуняви-хо ро ба Мо таъриф накунед ки дидем чихел ба Дини Ислом ва ба Халки Точик ёри хизмат кардаанд бас аст! бисёр гуш крдаем баромадхои Абдуллои Раҳнамо-ро даркор нест.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi