03:13:27 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУҲИДДИН КАБИРӢ: МО ҲАМАГОН МАДЮНИ МИЛЛАТ ҲАСТЕМ!

«Мавқеи сиёсӣ ва расмии ҳизби наҳзат он аст, ки дар тамоми масъалаҳое, ки марбут ба манфиатҳои давлатӣ ва миллӣ ҳастанд, ҳизб аз ин манфиатҳо ва аз сиёсатҳои раҳбарияти кишвар пуштибонӣ мекунад. Агар сиёсатҳои раҳбарияти кишвар мутобиқ ба манфиатҳо ва хостаҳои мардум бошад.

/images/stories/2011/09/26_anjuman_1_24.9.2011.jpgВале агар сиёсатҳои давлат, масъулини давлатӣ новобаста аз он ки аз кадом сатҳ ҳаст, мухолиф ба манфиатҳои миллату давлат ҳастанд, мухолиф ба арзишҳои миллӣ ва динии мо ҳастанд, ошкор ва бо сароҳат эълон мекунем, ки мо дар муқобала бо чунин сиёсатҳо қарор хоҳем гирифт». Ин суханонро Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 24-уми сентябр, дар дуввумин рӯзи баргузории Анҷумани 9-уми ҳисоботиву интихоботии ҲНИТ баъди он иброз дошт, ки беш аз 250 вакили ҳизб чанд лаҳза пеш ӯро маротибаи дуввум ба ҳайси раиси ҲНИТ интихоб карданд.

Ӯ барои тақвияти гуфтаҳои хеш аз фаъолияти ҲНИТ ду мисоли мушаххас овард. Чунончи ӯ гуфт, ки ҲНИТ дар масъалаи Роғун шадидан аз м авқеи ҳукумат ҷонибдорӣ намуд, зеро гап сари манофеи миллӣ ва давлатӣ мерафт. «Агар ҳар ҳизби сиёсии дигар биёрад нишон диҳад, ки бештар аз ҳизби мо саҳмия харидааст, ман дасти эшонро мефишорам. Ҳатто ҳизби ҳоким ҳам. Мо фақат аз буҷаи ҳизб бештар аз сад ҳазор сомонӣ саҳмия харидем ва боз ҳар як аъзои ҳизб вазифадор карда шуд, ки шахсан саҳмия бихарад.

Мо аз саҳмияи нархи аз ҳам поин то ба саҳмияи панҷоҳ ҳазор сомона ба таври фардӣ харидем. Чун масъала сари нангу номуси миллӣ буд ҲНИТ аз аввалинҳо шуда дар ин маърака ширкат кард ва хиҷолатзада нестем, баръакс бо сари баланд мегӯем, ки мо ин корро анҷом додем»,- таъкид намуд Муҳиддин Кабирӣ. Мисоли дуввуми Муҳиддин Кабирӣ оиди вокуниши ҲНИТ ва раҳбарияти он дар қиболи баъзе аз иқдомоти мақомоти ахири ҳокимияти давлатӣ дар масоили диннӣ ва арзишҳои миллӣ буд.

 

«Ахирин якчанд иқдоме аз тарафи мақомоти давлатӣ, масъулин сар зад дар муносибат бо масоили динӣ, арзишҳои миллат, ки воқеан моро нигарон кард. Мо талош кардем, ки аз шурӯъ ин раванд ислоҳ шавад то билохира ба ин ҳолати ногувор наафтем. Тамоми заҳматҳои худро кардем. Агарчи бисёриҳо фикр мекунанд, ки ҲНИТ талоши лозимиро накард, вале он чи ки дар тавони мо буд, бо фиристодани мактуб, додани изҳорот, бо мавқеъгирии бисёр шаффоф ва шадид дар Парлумон мо назари хешро гуфтем ва огоҳ ҳам кардем, ки эҳтимол дорад моро дар хориҷи кишвар мусалмонон нодуруст бифаҳманд.

Оне, ки худамон ошкоро алайҳи арзишҳо рафтор карда истодаем, қазияи дигар аст. Вале боз ҳам миллат ва кишвари исломдӯсти моро шояд, ки нодуруст бифаҳманд. Воқеан баъдан дидем, ки сару садоҳо аз дохилу хориҷ баланд шуд ва тоза баъзе масъулини мо дарк карданд, ки дар ин масъала як каме саросемагӣ ва иштибоҳ рух дод»-, гуфт Муҳиддин Кабирӣ ва идома дод: «Ман ин ду мисолро ба хотири чи задам? Ба хотири он аст, ки вакилон, дӯстон, меҳмонони арҷманд, масъулин бидонанд, ки ҲНИТ некро нек хоҳад гуфт ва иштибоҳро иштибоҳ эълон хоҳад кард».

Раиси тозаинтихоби ҲНИТ дар суханронии худ вақте шиори ҳизб «Имон ба Худо, садоқат ба Ватан ва хидмат ба мардум»-ро тафсир мекард, иброз дошт, ки «имрӯз ВАО, телевизиону радио, маҳфилҳо пур аз шиори садоқат ба Ватан аст. Вале садоқат ба Ватан маънои онро дорад, ки як нафар омода бошад барои ин Ватан ҷони худро нисор кунад. Барои ин миллат ҷони худро нисор кунад. Бидуни эълон, бидуни шиор ва бидуни риёкорӣ.

/images/stories/2011/09/26_anjuman-kabirii_24.9.2011.jpgНаҳзати исломии Тоҷикистон исбот кард ва чанд маротиба. Вақте, ки нидои сулҳ баланд карда шуд, раҳбарияти ҳизб, ба вижа устодон Саид Абдуллоҳи Нурӣ, устод Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва устод Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки дар он замон ин се нафар паҳлӯи ҳам масъулияти муқовимати Тоҷикистонро доштанд, бо баланд шудани садои сулҳ онҳо ин садоро ҳамовозӣ карданд, дастҳоро фишурданд ва ба хотири миллат ва кишвари хеш паси мизи музокира нишастанд. Вақте, ки бегонагон соли 1998 ба кишвари мо ҳуҷум карданд, ва бидуни он ки касе даъват кунад, размандагони наҳзати исломии Тоҷикистон дар паҳлӯи бародаронашон аз нирӯҳои низомии кишвар истоданд ва барои якпорчангии давлату миллат ва озодии миллат мубориза карданд».

Дар шарҳи ибораи «хидмат ба мардум» раиси ҲНИТ афзуд: «ин миллат воқеан сазовори хидмат кардан аст. Ин миллат сазовори сиёсатмадорони беҳтар аз мо ҳаст. Ин миллат сазовори як зиндагии беҳтару хубтар аст. Вале мутаассифона, чӣ кунем, ки мо насли тозаи сиёсатмадорон, аз он ҷумла ҲНИТ, дар баробари дигар аҳзоб ва дигар нухбагони сиёсӣ натавонистем хизмати сазовор ба ин миллат карда бошем. Ин камбудии насли имрӯзаи сиёсатмадорон аст. Мо ҳамагон мадюни ин миллат ҳастем. Вале, мутаассифона, сӯҳбатҳо гоҳҳо тарзе мешаванд, ки гӯё ин миллат мадюни мост. Ин мо ҳастем, ки ин миллат ҳаст. Гоҳҳо аз сӯҳбатҳо чунин бармеояд, ки миллат бояд миннатдор бошад, ки мо ҳастем. Ҳол он ки баръакс мо бояд миннатдор бошем ҳам Худовандро ва ҳам ин мардумро, ки ин миллат ҳаст, ки на танҳо мо ҳастем, балки ин миллат ҳаст, ки моро аз кишвар нарондаст…».

Яке аз нуктаи муҳиме, ки дар суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар Анҷумани ҳизб ба мушоҳида расид, ин муносибати ҲНИТ ба идомаи сохтмони НБО-и Роғун аст. Ӯ ҳангоме, ки аз саҳмияҳо ҳарф мезад, илова намуд: «Ҳатман дар оянда суол хоҳад шуд чи аз тарафи ҳизб ва чи аз тарафи саҳмдорон,ки ин саҳмияҳо куҷо шуданд, натиҷаи Роғун чӣ ҳаст ва куҷо рафта истодаем. Назари мо ин аст, ки раҳбарияти кишвар модоме, ки масъаларо дуруст ё нодуруст ба як масъалаи миллӣ табдил дод, дигар ҷои ақибнишинӣ нест.

Бо ҳар қиммате, ки ҳаст, бояд сохта шавад. Вақте, ки масъала масъалаи миллӣ шуд, набояд дигар ҳарфи кадом созмони байналмилалӣ ё кишвари ҳамсоя ё ҳар каси дигар барои мо меъёр қарор бигирад. Дигар ин масъала масъалаи як ҳукумат нест. Ин масъала масъалаи миллат шуд. Агар мемонданд, ки масъала масъалаи иқтисодӣ, бидуни ҳангома, масъалаи як командаи ҳукуматӣ мебуд, шояд ки дар ин ҳолат имконият барои манёвр вуҷуд дошт. Вале ҳоло дигар кор аз кор гузаштааст, тамоми шаҳрвандони тоҷик мунтазиранд, ки ин қазияи Роғун чи мешавад».

/images/stories/2011/09/26_anjuman_4_24.9.2011.jpgАнҷумани 9-уми ҲНИТ аз дигар анҷуманҳои ин нирӯи сиёсии кишвар бо он фарқ мекард, ки дар он намояндагон аз кишварҳои хориҷӣ ба ҳайси меҳмон бештар буданд. Дар байни меҳмонон Абдулҳодӣ Аван, раиси яке аз калонтарин ва пурнуфузтарин ҳизби исломии минтақа, Ҳизби исломии Малайзия, инчунин меҳмонон аз Эрону Афғонистону Русияву Миср ҳузур доштанд. Кабирӣ бо ишора бо фаъолиятҳои байналмилалии ҲНИТ аз ҷумла гуфт:

«Мо дар муносибати худ бо ҷаҳон як меъёр дорем. Он ҳам ислом, Тоҷикистон ва манфиатҳои ин ду. Ҳар кӣ бо ислом дӯст аст, дӯсти мост. Ҳар кӣ бо Тоҷикистон дӯст аст, дӯсти мост. Ҳар кӣ бо ин ду душман аст, душмани наҳзат аст. Ин ҷо дигар ягон муодилаи душвор вуҷуд надорад. Ҳар кӣ бо Фаластин душман аст, бидонад, ки дар ин толор садҳо фаластинӣ нишастаанд. Ҳар кӣ бо Кашмир душман аст, бидонад, ки дар ин ҷо кашмириҳо нишастаанд, афғонҳо нишастаанд, ироқиҳо нишастаанд. Дар ин ҷо тамоми мусалмонҳои дунё намояндаи худро доранд. Ҳамон тавре, ки мо мутмаинем, ки дар саросари ҷаҳон онҳо дар як рӯзи лозим табдил мешаванд ба тоҷикон».

/images/stories/2011/09/26_anjuman_3_24.9.2011.jpgСипас дар Анҷуман меҳмонони аз дохилу хориҷи кишвар омада суханронӣ карданд. Дар байни онҳо шахсиятҳои маъруф аз қабили Ҳайдар Ҷамол, олим ва муҳаққиқи маъруфи сатҳи байналмилалӣ, Максим Шевченко, журналисти маъруф аз Русия, Ҳасан Раҳимпури Асқадӣ, олими маъруф аз ҶИЭ, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, яке аз рӯҳониёни маъруф ва машҳури кишвар, Мансур Сайфиддинов, мушовири Президенти Тоҷикистон, Асрор Латифӣ, муовини раиси Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷиистон, Ҳуриниссо Ғаффорова, сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Оштии миллӣ» ва ғайра буданд, ки раҳбарият ва аъзои ҲНИТ-ро бо баргузории чунин маъракаи боҳашамат табрику таҳният гуфта нуқтаи назар худро дар бораи бурду бохти фаъолияти ин ҳизб дар ҳаёти сиёсии кишвар ва арсаи ҷаҳон иброз доштанд.

Дар қисмати дуввуми рӯз дар дафтари марказии ҲНИТ таҳти унвони «Ҳаводиси ахири ҷаҳони ислом- бедории миллатҳо ё истеъмори ҷадид?» бо ширкати олимон, исломшиносон, таҳлилгарон, рӯзноманигорон, меҳмонони хориҷӣ ва вакилон мизи гирде баргузор гардид, ки хеле ҷолиб ва муфид буд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi