АЛАН ДУНКАН: АЗ МАҲКУМИЯТИ ХАБАРНИГРОН ДАР ТОҶИКИСТОН НИГАРОНЕМ
Алан Дункан, нахустин вазири бритониёӣ, ки вориди Тоҷикистон шуд дар мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи муҷрим шинохта шудани хабарнигори Би-би-сӣ дар Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард. Тибқи баёнияи Вазорати рушди байналмилалии Бритониё, оқои Дункан, раҳбари ин вазорат дар мулоқоти худ бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи 17-уми октябр ин мавзӯъро матраҳ кардааст.
Ҳарчанд вай дар ин бора ба хабарнигорон пас аз дидораш бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ибрози назар накард. Дар баёнияи ин вазорат омадааст, ки зимни ибрози хушҳолӣ аз афви Урунбой Усмонов оқои Дункан гуфтааст: “Ман хушҳолам, ки вай афв шуд ва ҳоло озод аст. Ҳарчанд, Би-би-сӣ ва оқои Усмонов алайҳи муҷрим шинохта шудани вай эътироз доранд ва ман дар бораи наҳваи муҳокимаи додгоҳӣ нигарониҳои худро баён кардам.”
Вазири рушди байналмилалии Бритониё афзуд: “Озодии баён ҷузви бунёдини ҳар давлати муосир ва демукротик аст. Вале дар Тоҷикистон шумори зиёди хабарнигорон муҳокимаи додгоҳӣ мешаванд.”
Рӯзи 14-уми октябр додгоҳи вилояти Суғд Урунбой Усмонов, хабарнигори бахши Осиёи Миёнаи Би-би-сӣ дар Хуҷандро дар ҳамдастӣ бо тарафдорони Ҳизби таҳрир муҷрим шинохта ва ӯро барои се сол маҳкум ба зиндон кард. Додгоҳ ҳамзамон бо эъломи ин ҳукм эълом кард, ки оқои Усмонов тибқи қонуни афв аз иҷрои ин ҷазо муъоф аст.
Соъате қабл аз эъломи ин ҳукм, додгоҳе дигар дар шаҳри Хуҷанд алайҳи Маҳмадюсуф Исмоъилов, хабарнигори дигар дар шимоли Тоҷикистон ҳукм содир кард. Тибқи ҳукми додгоҳ оқои Исмоъилов бояд барои “латма ворида кардан ба шаъну шараф” 35 ҳазор сомонӣ ҷарима бипардозад ва се сол аз фаъолияти хабарнигорӣ маҳрум аст.
Дар пайи эъломи натиҷаи ин ду парванда Хабарнигорони Бидуни Марз ва Кумитаи Дифоъ аз Ҳуқуқи Рӯзноманигорон, ду созмони мудофеъи ҳуқуқи рӯзноманигорон бо мазмуни норозигӣ аз маҳкумияти ин хабарнигорон “барои фаъолияти ҳирфаӣ” дар шимоли Тоҷикистон баёнияҳо мунташир карданд.
Хабарнигорони Бидуни Марз аз ҷумла дар баёнияи худ навишта буд, ки “фишорҳои байналмилалӣ дар заминаи рафтор бо ин ду хабарнигор муассир будаанд, вале маҳкумияти онҳо аз сӯйи додгоҳҳо қасди таҳдид ба рӯзноманигорони дигар дар Тоҷикистонро дорад.”
Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо низ рӯзи 17-уми октябр дар ин бора баёнияе содир карда ва дар он хостааст, ин ду хабарнигор комилан табраъа (рӯсафед) шаванд. Дуня Миятович, намояндаи бахши Озодии Баёни ин созмон гуфтааст: “Ман аз ин ки Маҳмадюсуф Исмоъилов ва Урунбой Усмонов озод шудаанд шодам, аммо ман ҳамчунон нигаронам, ки онҳоро муҷрим шинохтаанд. Ҳарду хабарнигор ба хотири рӯзноманигории мустақилашон таъқиб шуданд.”
Хонуми Миятович афзуд, ки раванди таҳқиқи шикояти онҳо ба додгоҳи истинофиро дунбол хоҳад кард ва умедвор аст, ки онҳо табраъа хоҳанд шуд. Вай ҳамчунин гуфтааст, ки мунтазири сафари қарибулвуқуъаш ба Тоҷикистон ва дидору гуфтугӯ бо мақомоти давлатӣ ва намояндагони ҷомеъаи мадании ин кишвар аст.
Бо ин вуҷуд сафари Алан Дункан, вазири рушди байналмилалии Бритониё дар Тоҷикистон идома дорад. Вай рӯзи 18-уми октябр бо раванди иҷрои барномаҳое, ки Вазорати рушди байналмилалии Бритониё дар Душанбе, навоҳии мухталифи Тоҷикистон ва минтақаи марзии ин икшвар бо Афғонистон сармоягузорӣ мекунад, ошно шуд.
Оқои Дункан ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ин кишвар барои рушди муваффақ имконоти зиёд дорад. Вай гуфтааст: “Тоҷикистон метавонад ояндаи дурахшон дошта бошад. Дар инҷо афроди тасмимгирандае ҳастанд, ки мо метавонем бо онҳо ҳамкорӣ кунем. Агар онҳо ба бахши кишварзӣ сармоягузорони бештар ҷалб карда ва барои рушди бахши хусусӣ роҳро ҳамвор кунанд, Тоҷикистон метавонад ба кишвари муваффақи Осиёи Миёна табдил шавад.”
Би-Би-Си