00:16:44 03-уми Июни 2025 сол

ИМЗОИ ҚАРОРДОДИ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ТИҶОРАТӢ ДАР ҚАЛАМРАВИ ИДМ

Қарордод дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ миёни 8 кишвари узви ИДМ дар Санкт-Петербург ба имзо расид. Зери ин санад сарвазирони ҳашт кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Муштарак-ул-Манофеъ имзо гузоштаанд ва кишварҳои Узбакистон, Туркманистон ва Озарбойҷон гуфтаанд то охири сол ба ин қарордод ҳамроҳ хоҳанд шуд.

/images/stories/2011/10/19_saroni-kishvarho_2011.jpgВладимир Путин, нахуствазири Русия пас аз имзои ин қарордод гуфт: «Имзои ин қарордод имкон медиҳад бисёр монеаҳоро дар равобиту  тиҷорат, аз ҷумла боҷи воридотӣ ва содиротӣ дар чанд гурӯҳи колоҳо  аз байн бардошта шавад, ки ба коҳиши қимати колоҳо дар бозорҳо мунҷар хоҳад шуд."

Нахуствазири Русия ҳамчунин гуфт: “қабули шартнома ба бартараф сохтани бисёр монеаҳо мусоидат намуда, ба рушди сифатан нави робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо имкон муҳайё мекунад ва ҷиҳати такмили минбаъдаи иттиҳод таҳкурсии боэътимод мегузорад».

Ба эътиқоди бисёре аз коршиносон, имзои ин қарордод барои Тоҷикистон муфид хоҳад буд, зеро ин кишвар бахши аъзами колоҳои мавриди ниёзи мардум, мошину дастгоҳ ва ғайраро аз кишварҳое мисли Русия, Белорус, Украина ва Қазоқистону Қирғизистон ворид мекунад. Барои мисол  Тоҷикистон сар фисад орду ғаллаи мавриди ниёзи худро аз Қазоқистон, маводи сӯхту дастгоҳу мошинолот ва масолеҳи сохтмониро аз Русия меорад. Ҳамчунин Тоҷикистон маводи ғизоиро аз Русия,Украина, Белорус ва либосу дигар колоҳоро аз Қирғизистон ворид мекунад.

Қарор аст дар нишасти нахуствазирони кишварҳои узви ИДМ пешниҳоди нахуствазири Русия дар бораи дар густураи шӯравии собиқ ташкил кардани Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё баррасӣ шавад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854