АФҒОНИСТОН: БА ҲУЗУРИ НЕРӮҲОИ РУСӢ ДАР МАРЗ НИЁЗ НЕСТ
Як мақоми баландпояи Афғонистон гуфт, ки ниёзе барои ҳузури марзбонони Русия дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Женерол Бозмуҳаммад Аҳмадӣ, муъовини вазири кишвари Афғонистон ин суханонро пас аз мулоқоти худ бо женерол Рустам Назаров, раиси ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон гуфт.
Женерол Аҳмадӣ рӯзи 19-уми октябр пас аз имзои прутукули ҳамкорӣ барои мубориза бо қочоқи маводди мухаддир ва прекурсорҳо миёни Вазорати кишвари Афғонистон ва Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон бо хабарнигорон ҳамсӯҳбат шуд. Женерол Аҳмадӣ ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро дар заминаи мубориза бо ин раванд судманд ва муассир арзёбӣ кард.
Дар посух ба ин саволи хабарнигорон, ки оё ба иддаъоҳои бархе аз мақомоти Русия мабнӣ бар зарурати бозгашти марзбонони ин кишвар барои муроқибат аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон гуфт: “Ин гуна зарурат вуҷуд надорад.”
Вай афзуд: “Шояд русҳо чунин иддаъо доранд, ки мубориза бо қочоқи маводди мухаддире, ки пас аз рафтани онҳо сурат гирифт, муваффақ набуда, аммо ман инро қабул надорам. Аммо мушкил ва чолиш ҳанӯз вуҷуд дорад.”
Вай таъкид кард: “Ниёз ба ҳамкориҳо бо кишварҳои дигар ҳаст, вале на ба ҳадде ки ҳузури низомӣ дошта бошанд.”
Женерол Аҳмадӣ гуфт, ки ҳарду кишвар, Тоҷикистон ва Афғонистон ба кумакҳои фаннӣ, молӣ ва оӯмӯзишӣ дар самти боло бурдани зарфиятҳои муроқибат аз марз ниёз доранд.
Аммо мақомоти мухталифи давлати Русия тайи моҳҳои ахир дар мавориди мухталиф марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистонро “марзҳои ҷанубии кишварҳои муштаракулманофеъ” хонда, иддаъо кардаанд, ки Тоҷикистон “аз ӯҳдаи муроқибат аз ин марз батанҳоӣ намебарояд” ва мавзӯъи бозгашти марзбонони русро ба Тоҷикистон матраҳ кардаанд.
Расонаҳои ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия дар ин замина мақолот ва гузоришҳои зиёде навишта буданд, чизе ки пайваста тавассути мақомоти Тоҷикистон инкор шудааст.
Борис Гризлов, раиси Думои Русия ахиран аз вазъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ибрози нигаронӣ карда ва гуфта буд, ки агар Тоҷикистон ин вазъиятро ҳамчун истидлол намепазирад, мумкин аст мавзӯъи сафари атбоъи ин кишвар ба Русия барои муҳоҷирати корӣ ва дарёфти пул таҷдиди назар шавад."Ин шонтож нест, ин усули бозии мунсифона аст: аз ҳисоби хисороти нафари дигар зиндагӣ кардан мумкин нест.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар конфаронси раҳбарони нерӯҳои марзбонии кишварҳои минтақа мақомоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтанд, ки бархе аз қисматҳои марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон аз сӯи марзбонони он кишвар ҳифозат намешаванд ва ин амр ба афзоиши мавориди қочоқи маводди мухаддир ва убури ғайриқонунӣ аз марз мунҷар шудааст.
Бо ин вуҷуд Муҳаммаднаим Муҳаммадризоев, як масъули Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон ҳамкориҳои солҳои ахир миёни ниҳодҳои зирабти ин кишвар бо Афғонистонро барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводди мухаддир муассир хонд.
Дар соли ҷорӣ ҳудуди 500 килу маводди мухаддир дар қаламрави Афғонистон дар ҷараёни амалиётҳои муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон ошкор ва мусодира шудааст. Дар ин амалиётҳо 53 қочоқчии шаҳрванди Афғонистон боздошт шудаанд.
Аз сӯйи дигар бархе аз расонаҳои хориҷӣ гузориш додаанд, ки яке аз мавзӯъоти муҳимми матруҳа дар мулоқоти ахири намояндагони порлумони Иттиҳодияи Урупо бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон шоеъот дар бораи даст доштани афроди наздик ба давлат, дар қочоқи маводди мухаддир буд.
Аммо оқои Муҳаммадризоев дар ин бора гуфт: “Мо бояд сухан санҷида гӯем. Вақте касе чунин иддаъо мекунад, бояд бидуни далел сухан накунад. Чунки бе ҳукми додгоҳ мо касеро айбдор карда наметавонем.”
Би-Би-Си