00:12:14 03-уми Июни 2025 сол

ОЁ ТАВАҚҚУЪОТИ ҶОНИБҲО АЗ САФАРИ КЛИНТОН БА ТОҶИКИСТОН ЧИСТ?

Интизор меравад, Ҳилорӣ Клинтон, вазири хориҷаи Амрико дар авохири ҳафтаи ҷорӣ барои анҷоми як дидори расмӣ вориди Тоҷикистон шавад. Бино ба иттилоъи манобеъи давлати Тоҷикистон, дар назар аст, хонуми Клинтон бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари ин кишвар масоили марбут ба тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷониба миёни ин ду кишвар, вазъияти амниятӣ дар минтақа ва Афғонистонро баррасӣ кунад.

/images/stories/2011/10/20_hilary_klinton-kabul_2011.jpgЗимнан, дидори Ҳилорӣ Клинтон дуюмин сафари расмии мақомоти баландпояи Амрико ба Тоҷикистон дар моҳи ҷорӣ аст. Ду ҳафта қабл, Марк Гроссман, фиристодаи вижаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон, дар шаҳри Душанбе бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурӣ ва мақомоти дигари давлати ин кишвар дидор ва масоили марбут ба амният ва бозсозии иқтисоди Афғонистонро матраҳ карда буд.

Аҳдофи Амрико дар Тоҷикистон

Ба эътиқоди коршиносон, мақомоти баландпояи Амрико дар ҷараёни дидор аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷалби таваҷҷӯҳи ин мамолик ба мушкилоти Афғонистон ва дастёбӣ ба пуштибонии онҳо дар ҳалли ин қазия талош мекунанд. Ба гуфтаи Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази мутолеъоти истротежик, як ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин авохир мавқеъи жеополитикии Амрико дар минтақа тағйир ёфтааст.

Оқои Шарифов гуфт: “Равобити Амрико бо Эрон ва Покистон тира гардидааст ва ин амр ҳалли қазияи сулҳи Афғонистонро мушкил сохтааст. Аз ин лиҳоз, Амрико маҷбур шудааст, ба Ӯзбакистону Тоҷикистон рӯй орад. Аз сӯйи дигар, ҳудуди ин ду кишвар амн буда ва барои хуруҷи бидуни талафоти нерӯҳои Амрикоӣ аз Афғонистон мусоъидат хоҳад кард.”

Масалан, ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон дорои роҳҳои хуби иртиботӣ буда ва бо Афғонистон 5 пули иртиботӣ дорад. Мумкин аст, тонку техникаи сақили низомӣ аз тариқи пули Панҷи Поён убур кунанд. Фурудгоҳҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб, воқеъ дар наздики марзҳои Афғонистон ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ ҳастанд.

Ба гуфтаи Аҳмадшоҳ Комилзода, коршиноси тоҷик, дар ҷараёни дидори Ҳилорӣ Клинтон, вазири хориҷаи Амрико аз Тоҷикистон аҳдофи истротежии Амрико, назири интиқоли колоҳои ғайринизомӣ аз ҳудуди ин кишвар ба нерӯҳои Амрико ва НОТУ дар Афғонистон ва мусоъидати Тоҷикистон ба ҳангоми хуруҷи ин нерӯҳо аз Афғонистон матраҳ хоҳад шуд.

Оқои Комилзода гуфт, ахиран таваҷҷӯҳи Амрико ба шимол, ба минтақаи Осиёи Марказӣ мутамаркиз шуда ва барои беҳбуди равобит ва рушди бештари ҳамкориҳо бо кишварҳои ин минтақа талош мекунад. Зимнан, Конграи Амрико таҳримҳои таслиҳотӣ алайҳи Ӯзбакистонро лағв карда ва Қазоқистон омодагии худро барои тронзити колоҳои нерӯҳои Амрикоӣ аз ҳудуди худ ба ҳангоми хуруҷ аз Афғонистон иброз доштааст. Мумкин аст дар ин росто аз фурудгоҳи “Манас”-и Қирғизистон ва роҳҳои заминии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон низ истифода шавад.

Манофеъи Тоҷикистон аз ҳамкорӣ бо Амрико

Сӯҳроб Шарифов гуфт: “Тоҷикистон аз интиқоли колою маводди ғайринизомӣ ба нерӯҳои Эътилофи байналмилалии алайҳи террурисм ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон ва хуруҷи нерӯҳои Амрикоӣ аз ин кишвар манфиати молӣ хоҳад дид. Мавқеъи геополтикии Тоҷикистон мустаҳкам хоҳад шуд. Мумкин аст, бахше аз силоҳу муҳимоти ҷангии нерӯҳои Амрико, ки аз Афғонистон ихроҷ мешаванд, ба нерӯҳои марзбон ва артиши миллии Тоҷикистон таслим шавад.”

Ба гуфтаи ӯ, бад ин тартиб, қудрати низомии Тоҷикистон таҳким шуда, пас аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ва НОТУ аз Афғонистон ин кишвар метавонад бо гурӯҳҳои терруристу бунёдгаро муқобала кунад.

Давлати Усмон, коршиноси тоҷик, мӯътақид аст, Амрико ба ивази ҳамкорию мусоъидати Тоҷикистон дар ҳалли қазияи Афғонистон аз ин кишвар аз лиҳози сиёсӣ пуштибонӣ карда ва ба Тоҷикистон кумаки молӣ ва фаннӣ ироъа хоҳад кард.

Оқои Усмон гуфт, имкон дорад, Амрико тавассути Сандуқуи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ кумакҳои молии худро ба Тоҷикистон бештар кунад. Зимнан, тибқи иттилоъи манобеъи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, танҳо кумакҳои билоивази молӣ ва фаннии Амрико ба Тоҷикистон дар даҳ соли охир болиғ ба 100 милюн дулорро ташкил додааст.

Аз ҷумла, дар чаҳор соли ахир кумакҳои Амрико ба марзбонони тоҷик 16 милюн дулор буда ва ин кишвар дар бунёди посгоҳҳои марзӣ, биноҳои маскунӣ барои марзбонон ва ироъаи таҷҳизоти фаннӣ ба ин нерӯҳо саҳми фаъол доштааст.

Ҳамзамонии дидори мақомоти Амрико ва Эрон аз Тоҷикистон

Аҳмадшоҳ Комилзода мегӯяд, ҳамзамон будани сафари Ҳилорӣ Клинтон, вазири хориҷаи Амрико ва Алии Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон ба Тоҷикистон тасодуфӣ набуда ва ин ҷо рақобати ду кишвари абарқудрати Амрико ва Эрон аст, ки дар Тоҷикистон манофеъи худро доранд.

Аммо Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази мутолеъоти истротежии Тоҷикистон, гуфт, давлати Амрико аз қабл эълом карда буд, ки дар соли ҷорӣ хонуми Клинтон ба Тоҷикистон сафар мекунад, аммо таърихи ин дидор мушаххас набуд. Дидори Алии Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон аз Тоҷикистон қаблан тарҳрезӣ шуда ва бо даъвати раиси порлумони Тоҷикистон сурат мегирад, ки таърихаш мушаххас аст.

Ба эътиқоди оқои Шарифов, Тоҷикистон метавонад дар наздик шудани сиёсати Амрико ва Эрон дар ҳалли қазияи Афғонистон мусоъидат кунад. Дар сурати ҳамкории Амрико бо Эрон дар қазияи Афғонистон мумкин аст барои ҳалли ин мушкил роҳи нави муваффақиятомезе пайдо шавад.

Ҳамзамон, Нуралӣ Давлат, коршиноси тоҷик, таъкид кард: “Тоҷикистонро лозим аст дар густариши равобит бо Амрико ҳушёр бошад, зеро дар ин кишвар на танҳо манофеъи Амрико, балки Русия ва Чин низ вуҷуд дорад. Бояд Тоҷикистон таносубро риоят карда, бозичаи дасти абарқуратҳо нашавад.”

Мардони Муҳаммад, Би-би-сӣ, Душанбе

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854