23:59:13 02-уми Июни 2025 сол

ЛОРИҶОНӢ: "ҒАРБ ДАР АФҒОНИСТОН НОКОМ ШУДААСТ"

Алии Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон, гуфтааст, ки кишварҳои Ғарб натавонистаанд аз афзоиши маводди мухаддир ва терурисм дар Афғонистон ҷилавгирӣ кунанд. Вай, ки дар сафаре дурӯза дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, қарор дорад, низомиёни омрикоӣ ва НОТУ дар Афғонистонро ба ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои қочоқбари маводди мухаддир муттаҳам кардааст.

/images/stories/2011/10/21_larijani_tajikistan_2011.jpgОқои Лориҷонӣ рӯзи ҷумъаи 21 октябр зимни мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Душанбе, гуфт: "Ғарбиҳо бо баҳонаи мубориза бо терурисм ва маводди мухаддир ба Афғонистон омаданд. Дар зарфи даҳ соли ишғоли онҳо маводди мухаддир дар Афғонистон афзоиш пайдо кард. Имрӯз НОТУ бояд посух гӯяд, ки чаро натавонист ҷилави маводди мухаддирро бигирад."

Вай афзуд: “Ин гурӯҳҳои низомӣ бо бондҳо даст ба дасти ҳам додаанд ва ба хотири манофеъи моддиашон миқдори зиёди мавродди мухаддирро ба кишварҳои мухталиф мебаранд.”

Раиси маҷлиси Эрон гуфт, ки ин амр дар мавриди мубориза бо террурисм низ сидқ мекунад ва азбаски ғарбиҳо мехостанд султаи низомӣ ба вуҷуд оранд, ин амр боъиси густариши терурисм шуд. Оқои Лориҷонӣ ҳарчанд дар бораи кушта шудани Муъаммар Қаззофӣ, раҳбари собиқи Либӣ, ибрози назаре накард, вале аз инқилобҳо дар кишварҳои Араб ва Ховари Миёна истиқбол кард.

Вай гуфт: “Мардуми ин манотиқ дунболи ҳувияти худашон ҳастанд. Намехоҳанд навкари Ғарб бошанд. Намехоҳанд Исроил барояшон мусаллат бишавад. Ин падидаи муборакест.Қиёми онҳо падидаи боарзишест барои ҷаҳони ислом.”

Алии Лориҷонӣ зимни суханронӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон раванди густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар бахшҳои мухталифро муваффақиятомез хонда ва гуфт, ки дар оянда низ Эрон барои Тоҷикистон тарҳҳои бузургеро дар назар хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол, иддае аз устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки умдатан Эрон донишҷӯёни тоҷикро танҳо дар бахшҳои улуми башарӣ (гуманитарӣ) ва иҷтимоъӣ пазируфта, аммо дар улуми дақиқа, бахусус, физик, шимӣ, тенулужии ҳастаӣ ва нанотекнулужӣ ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои Эрон таҳсил намекунанд.

Оқои Лориҷонӣ гуфт, ки дар ин замина ҳеч мушкил ё мавонеъе вуҷуд надорад ва Вазорати маъорифи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сафорати Эрон дар ин кишвар метавонанд ин масъаларо ҳал кунанд. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, донишгоҳҳои Эрон, аз ҷумла, донишгоҳҳои фаннии “Озод” ва “Паёми нур” омодаанд бахшҳои худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ кунанд, вале барои иҷрои ин амр ризояти Вазорати маъорифи Тоҷикистон лозим аст.

Як тан аз устодони Донишгоҳи миллӣ мавзӯъи қонуни масъулияти падару модар дар тарбияти фарзандро матраҳ кард, ки дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон тасвиб шуда, аммо дар бархе аз кишварҳои исломӣ, аз ҷумла дар Эрон, донишмандон аз нукоти он интиқод кардаанд. Раиси порлумони Эрон гуфт, ки Тоҷикистон бояд нукоти ин қонунро ба мардум дар кишварҳои ҷаҳон ташреҳ диҳад, зеро тасаввурот дар бораи ин санад мутафовит аст.

Алии Лориҷонӣ гуфт: “Мо ҳамеша аз ҳуқуқи инсонҳо ва аз ҳуқуқи исломии онҳо ҳимоят мекунем. Чи дар Тоҷикистон ё ҷойи дигар.”

Зимнан, раиси порлумони Эрон субҳи имрӯз бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, низ дидор дошт ва ба гуфтаи манобеъи расмӣ, масоили марбут ба рушди бештари ҳамкориҳо миёни ин ду кишвар дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию фарҳангиро баррасӣ кардааст.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент Раҳмон бо ибрози қаноъатмандӣ аз фаъол шудани чархаи аввали нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ибрози умедворӣ кардааст, ки Эрон дар бунёди нерӯгоҳҳои дигар дар Тоҷикистон ширкати фаъол хоҳад дошт.

Шоми гузаштаоқои Лориҷонӣ бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси порлумони Тоҷикистон, низ мулоқот карда ва дар поёни ин дидор як Ёддошти тафоҳуми порлумонӣ миёни Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ва Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон имзо шудааст.

Сафари Алии Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон ба Душанбе дар ҳолест, ки интизор меравад Ҳилорӣ Клинтун, вазири хориҷаи Омрико, низ имшаб барои анҷоми дидоре вориди Тоҷикистон шавад.

Ахиран бар сари мавзӯъи "тавтеаи терури сафири Арабистони Саъудӣ дар Омрико" ихтилофоти байни Эрон ва Омрико шадидтар шудааст. Омрико Эронро ба тарҳрезии амале теруристӣ алайҳи сафири Саъудӣ дар Вошингтун муттаҳам карда, вале мақомоти эронӣ ин иддаъоро рад кардаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854