00:13:01 03-уми Июни 2025 сол

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҲИЛЛАРИ КЛИНТОН

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди зуҳри рӯзи 22-юми октябр дар бӯстонсарои ҳукуматӣ Ҳилари Клинтон, вазири умури хориҷаи ИМА-ро, ки бо як сафари дурӯза дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин дидорбинӣ ҳамсӯҳбатон масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Амрикоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

/images/stories/2011/10/22_emomali_klinton_2011.jpgАз ҷумла мубодилаи афкор дар атрофи мавзӯъҳои муҳими минтақавӣ ва глобалӣ сурат гирифт, ки ягонагӣ ва наздикии мавқеъи ҷонибҳоро нисбати масъалаҳои умдаи байналмилалӣ мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн нишон дод. Ҷонибҳо ҷараёни рушди ҳамкории ду давлатро дар маҷмӯъ қаноатбахш арзёбӣ намуда, ин равандро ҷавобгӯи манфиатҳои тарафҳо донистанд ва таъкид карданд, ки ҳамкориҳои ду кишвар ҳанӯз ҳам метавонад рушду камол ёбад.

Дар нишасти матбуотие, ки баъди ин мулоқот бо хабарнигорони хориҷиву дохилӣ баргузор гардид, Ҳиллари Клинтон иброз дошт, ки дар ин сӯҳбат ӯ аз Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои ёриашон дар раванди сулҳу суботи Афғонистон изҳори сипос кард. Сипас ӯ афзуд, ки ӯ бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар бораи вазъи озодии баён ва мавридҳои маҳдуд кардани озодии мазҳабӣ, ки ҷой доранд, сӯҳбатҳое доштааст.

Ба ақидаи ӯ маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ метавонад ба афзоиши тундгароӣ мунҷар шавад. Дар масъалаи  матбуот низ эълом дошт, ки дар ҷомеъа шарти пешрафти он ҳамин матбуоти озод аст.

/images/stories/2011/10/22_klinton_zarifi_2011.jpgҲамрохон Зарифӣ вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар ин нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳиллари Клинтон ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро ба идомаи муколимаи сиёсӣ бо ҷониби Амрико дар сатҳои мухталиф, алалхусус ҷиҳати дастгирӣ дар масъалаҳои такмили идораи сарҳадот ва таъмини моддиву техникии нерӯҳои марзбонӣ, сохторҳои гумрукӣ ва қудратии кишвар бо мақсади тақвияти мубориза алайҳи терроризм, интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ иброз дошт.

Дар соҳаҳои тиҷорати иқтисодиёт таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон омодааст, ҷиҳати ҷалби сармоя ва технологияи амрикоӣ барои коркарди сарватҳои табиӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ҳамчун зербинои асосии рушди асосии кишвар кор бурда, машварату музокироти созандаро бо ҷониби Амрико дар мавзӯъи воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо идома диҳад.

Ҳиллари Клинтон қабл аз зӯҳр бо намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар Маркази исмоилиёни Душанбе як мулоқот баргузор кард.

Вазири умури хориҷаи ИМА, ки бегоҳии рӯзи 21-уми октябр аз Покистон ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, баъди  анҷоми мулоқотҳояш дар Тоҷикистон нияти сафар ба Ӯзбекистонро дорад.

Ҷаҳонгири Султон, «Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854