00:06:47 03-уми Июни 2025 сол

ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ МИНСК БО ДУШАНБЕ

Президенти Белорус ба унвони яке аз аъзои ҷомеаи иқтисодии “АвруОсиё”, панҷшанбеи оянда ба Тоҷикистон сафар мекунад.

/images/stories/2011/10/24_lukashenko_2011.jpgТибқи хабаргузории “Форс”, Александр Лукашенко президенти Белорусия дар сафари се рӯзаи худ ба Тоҷикистон, ки ба даъвати Эмомалӣ Раҳмон анҷом хоҳад шуд, дар дидор бо ҳамтои тоҷики худ дар бораи густариши ҳамкориҳои дуҷониба, ба вижа дар заминаҳои иқтисодӣ, баҳс ва табодули назар хоҳад кард.

Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар иттилоияе зимни тайиди ин хабар афзӯд: “Имзои ҳудуди 10 санади ҳамкорӣ, аз ҷумла имзои тавофуқномаи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ дар бахшҳои мухталифи байни Душанбе ва Минск барои солҳои 2011 ва  2020, аз ҷумлаи барномаҳои сафари Лукашенко ба Тоҷикистон аст”.

Дар ин хабар омадааст, ки тибқи гузориши маркази расмии омори Тоҷикистон, мизони мубодилоти тиҷоратии ду кишвар дар нӯҳ моҳи гузашта, ҳудуди 53 млн доллар буда, ки ҳудуди даҳ млн доллари он содироти Тоҷикистон ба Белорус шомили меваи хушк ва панба ва дигари он воридоти Душанбе, умдатан шомили мошинҳои таҷҳизотӣ ва лавозимоти зарурӣ барои кишоварзӣ аз Минск будааст.

Тибқи омори расмӣ Белорус баъд аз Русия ва Қазоқистон, саввумин ширкати тиҷоратии Тоҷикистон дар байни аъзои созмони ҳамкориҳои иқтисодии “АвруОсиё” мебошад.

Бархе аз коршиносон табодули назари руасои ду кишвар дар бораи ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони амнияти ҳамкории Аврупо ва ҳамоҳангсозии мавзӯи расмии мақомоти Минск ва Душанбе қабл аз нишасти сарони кишварҳои узви ин созмон, ки қарор аст моҳи оянда дар Маскав баргузор шавад, аз мавзӯъоти мавриди баҳси сафари Лукашенко ба пойтахти Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.

Ба эътиқоди коршиносон, Тоҷикистон дар қиболи масоили муҳими минтақавӣ аз ҷумлаи Созмони амнияти дастаҷамъӣ, барои президенти Белорус ба унвони яке аз кишварҳои муҳими созмони ҳамкориҳои иҷтисодӣ, иттиҳодияи гумрукӣ ва созмони амнияти ҷамъии ҷомеаи кишварҳои мустақили ҳамсуд, мавриди аҳамият аст.

Ҳамчунин таҳлилгарон мӯътақиданд бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Белорус ба далели баробарӣ бо Русия ва адами посухи мусбат ба дархостҳои Ғарб дар хусуси демократия мавриди назари Ғарб, ба навъе мавриди ғазаби Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико воқеъ шудааст, ин кишвар беш аз пеш ба думболи густариши ҳамкориҳо бо Шарқ, ба вижа ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ аст ва сафари Лукашенко ба Душанберо низ аз ҳамин ҷиҳат арзёбӣ мекунанд.

“Рӯзгор”

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854