00:15:45 03-уми Июни 2025 сол

ОҒОЗИ ДИДОРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ БЕЛОРУС АЗ ТОҶИКИСТОН

Барномаи сафари расмии Александр Лукашенко аз Тоҷикистон бо дидор ва гуфтугӯ бо Президент Раҳмон оғоз мешавад. Қарор аст дар нимаи дувуми рӯзи ҷумъаи 28 октябр дар “Кохи Миллат” пазироии расмии раиси ҷумҳурии Белорус баргузор шуда ва сипас, музокироти “як ба як” ва бо ҷамъи ҳайъатҳо доир шавад.

/images/stories/2011/10/28_president_lukashenko_2011.jpgВале гузориш шуда, ки музокироти мақомоти тоҷику белорус аз дирӯз оғоз шудааст. Зеро ҳарчанд Президент Лукашенко шоми рӯзи гузашта вориди Душанбе шуд, аммо аъзои ҳайъати раиси ҷумҳурии Белорус аз чанд рӯз пеш ба ин сӯ дар Душанбе ба сар мебаранд. Аз ҷумла, субҳи рӯзи ҷумъа Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон бо Дмитрий Катеринич, ҳамтои белорусаш қарордоде дар бораи рушди ҳамкориҳо дар бахши саноъатро имзо кардаанд.

Дар маҷмуъ, интизор меравад Тоҷикистон ва Белорус дар ҷараёни дидори расмии оқои Лукашенко даҳ санади ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома дар бораи рушди ҳамкориҳои миёни ду кишвар барои то соли 2020 имзо кунанд. Александр Лукашенко ба ҷуз аз дидор бо оқои Раҳмон, ҳамчунин бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон, дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард. Сӯҳбати раиси ҷумҳури Белорус бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи текникии ба номи Осимӣ низ дар назар аст.

Ба ҷуз ин, оқои Лукашенко аз корхонаи тавлиди сим ё кобел дар Душанбе, ки ахиран аз сӯйи ширкати олуминиюми Тоҷикистон сохта шудааст, дидан мекунад. Гуфта мешавад, ки ин корхонаи ҷадид аз лиҳози зарфият дар миёни кишварҳои ҳамсуд дар ҷойгоҳи чаҳорум қарор дорад. Тибқи иттилоъи Ожонси омори Тоҷикистон, аз авоили соли ҷорӣ мизони табодули коло миёни ин кишвар ва Белорус 84 дарсад афзоиш ёфтааст. Соли гузашта ин ду кишвар ба маблағи 47, 6 милюн дулор табодули коло кардаанд.

Ин рақам дар муқоиса бо омори равобити иқтисодӣ бо шарикони аслии тиҷории Тоҷикистон, назири Чин, Русия, Эрон ва Туркия, андак аст. Ба ин далел, баъид аст ҳатто дар сурати тақвияти чашмраси тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Белорус мизони табодули коло байни онҳо дар солҳои наздик ба сатҳи кишварҳои шарикони аслии иқтисодии Тоҷикистон бирасад. Тоҷикистон, ки дар миёни кишварҳои ҳамсуд аз ҷумлаи кишварҳои воридкунанда маҳсуб мешавад, аз Белорус умдатан таҷҳизоти фаннӣ, мошинолот, дору, мебел ва ғизо ворид кардааст.

Дар ду соли ахир ширкати “Талко” барои бароварда сохтани ниёзҳои нерӯгоҳи “Роғун” ба таҷҳизот аз Белорус миқдори зиёде аз мошинҳои борбари “Белаз” харидорӣ карда ва ҳоло ҳар ду ҷониб дар бораи ифтитоҳи маркази бозсозии ин мошинолот дар Тоҷикистон музокира мекунанд. Зимнан, Ӯзбакистон, ки бо иҷрои ин тарҳи бузурги энержии Тоҷикистон мухолифат дорад, аз тронзити ин миқдор таҷҳизот ба Тоҷикистон барои нерӯгоҳи “Роғун” ҷилавгирӣ накардааст.

Дар ҳамин ҳол, як рӯз қабл аз сафар ба Тоҷикистон, Александр Лукашенко дар Минск, пойтахти Белорус, дар дидор бо руасои порлумони кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Ӯзбакистонро ба “бозиҳои сегоник” муттаҳам карда ва хостори ихроҷи ин кишвар аз ин созмон шуда буд. Ҳарчанд, чунин изҳори назари раҳбари Белорус ҳанӯз ба маънии тасмими ниҳот дар мавриди ихроҷи Ӯзбакистон аз СПАД нест, вале дар Тоҷикистон ин суханони оқои Лукашенко вокунишҳоеро ба дунбол дошт.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон “сардии” равобити миёни Душанбе ва Маскавро заминаи хубе барои тақвияти ҳамкориҳо бо Минск, ки низ равобиташ бо мақомоти рус ба тирагӣ гаройидааст, медонанд ва ин амрро яке аз далоили дидори оқои Лукашенко аз Тоҷикистон унвон мекунанд. Ин дар ҳолест, ки руасои ҷумҳури ҳам Белорус ва ҳам Тоҷикистон пайваста аз сӯйи кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар барои мавориди нақзи ҳуқуқи инсон, тамаркузи қудрат ва саркӯби мухолифон мавриди интиқод қарор мегиранд.

Зимнан, Александ Лукашенко барои бори нахуст аз Тоҷикистон дар соли 2000 дидоре расмӣ дошт. Ҳарчанд тӯли ин солҳо вай борҳо ба Душанбе сафар кардааст. Аз ҷумла, дар авоили моҳи сентябр оқои Лукашенко дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои ҳамсуд дар пойтахти Тоҷикистон ширкат дошт.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854