ДИДОРИ АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО БО ШУКУРҶОН ЗУҲУРОВ
Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, ки машғули дидори серӯза аз Тоҷикистон аст, пас аз зӯҳри рӯзи 29-уми октябр бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони ин кишвар дидору гуфтугӯ кард. Тибқи иттилоъи дафтари матбуъотии порлумони Тоҷикистон дар ҷараёни ин мулоқот бар аҳамияти тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишвар ва бар зарурати ҳамкории порлумонҳои Тоҷикистон ва Белорус дар ин замина таъид гардид.
Дидори оқои Лукашенко бо Шукурҷон Зуҳуров дар ҳоле баргузор мешавад, ки дирӯз дар Душанбе раиси ҷумҳури Белорус ва Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳафт санади ҳамкориро ба имзо расониданд ва Тоҷикистон эълом дошт, ки ба Белорус барои дарёфти мақоми нозир дар Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ кумак хоҳад кард. Дидори Шукурҷон Зуҳуров бо раиси ҷумҳури Белорус ду рӯз пас аз сафари вай ба ин кишвар ва дидораш бо ҳамтоёни беролусиаш сурат мегирад.
Дафтари матбуъотии порлумони Тоҷикистон хабар дод, ки раҳбари Белорус ба вижа ба ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ таъкид кард ва гуфт, ки кишвараш ба Тоҷикистон, ки як кишвари кишоварзист, мошинолоти кишоварзӣ ворид хоҳад кард. Оқои Зуҳуров дар навбаи худ гуфтааст, ки порлумони Тоҷикистон ҳамкории худро бо порлумони Белорус тавсеъа хоҳад дод ва афзуд, ки ба хусус андӯхтани таҷрибаи порлумони Белорус дар таҳияи қонун ва санадҳои байналмилалӣ зарурӣ хоҳад буд.
Оқои Зуҳуров афзудааст, ки дар маҷмӯъ порлумонҳои ду кишвар санадҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳамаи самтҳоро тасвиб карда ва дар заминаи тавсеъаи муносиботи ду кишвар "рисолати худро анҷом додааст."
Марҳилаи нав дар муносиботи Тоҷикистону Белорус
Дирӯз, 28-уми октябр Александр Лукашенко ва Эмомалӣ Раҳмон, руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Белорус дар Душанбе мувофиқатномаи миёни Тоҷикистон ва Белорус "оид ба ҳамкории дарозмуддат барои солҳои 2011-2020"-ро имзо карданд. Ҷонибҳо дар маҷмӯъ ҳафт санади ҳамкорӣ, аз ҷумла "созишномаҳо дар бораи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандон дар қаламрави ҳарду кишвар, дар бораи ҳамкорӣ байни вазоратҳои иқтисод, ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсати оид ба ҷавонон, фарҳанг, огоҳнамоӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда"-ро ба имзо расонданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти матбуъотии худ, ки пас аз маросими ба имзо расидани ин мувофиқатномаҳо баргузор шуд, гуфтааст: "Метавон бидуни истиҳола иброз дошт, ки дар муносиботи ду кишвар марҳилаи навин боз шудааст, ки ба самти даҳсолаи оянда нигаронида шудааст."
Тоҷикистон ба Белорус барои дарёфти мақоми нозир дар Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ кумак хоҳад кард. Дар ин бора дар баёнияи муштараки руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Белорус эълом шудааст. Дар баёния омадааст, ки Тоҷикистон ва Белорус дар заминаи ин, ки Душанбе барои "танзими равобити" миёни Белорус ва Созмони Ҳамкории Исломӣ, "аз ҷумла дар татбиқи муроҷеъати Беларус барои гирифтани мақоми нозир" дар ин созмон кумак хоҳад кард, тавофуқ кардаанд.
Белорусба Осиёи Ҷанубӣ роҳ боз мекунад
Вафо Ниятбеков, коршиноси маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон гуфт, ки дархости Белорус барои касби мақоми нозир дар Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ба далели манофеъи иқтисодӣ сурат мегирад. Ба ин васила роҳи Белорус барои ҳамкорӣ бо кишварҳои узви ин созмон, ки бозоре бузурги иқтисодӣ маҳсуб мешавад, ҳамвор мешавад. Оқои Ниятбеков шарҳ дод, ки дар ҳоли ҳозир Белорус бо кишварҳои урупоӣ равобити начандон хуб дорад ва Белорус барои маҳсулоти худ дар Осиёи Ҷанубӣ бозор меҷӯяд.
Вай гуфт: "Афзун бар ин ҳамон тавр, ки Лукашенко ишора кард, Тоҷикистон дар воқеъ дар сурати иҷрои тарҳҳои пешбинишуда метавонад, ба маркази муҳимми тронзитии колоҳо ба кишварҳое мисли Чин, Эрон ва Покистон табдил ёбад. Ба ин хотир Белорус ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аҳамият қоил аст."
Дар баёнияҳое, ки аз сӯйи раҳбарони Тоҷикистон ва Белорус содир шуданд таъкид шуда, ки ду кишвар дар масоили минтақавӣ ва баёналмилалӣ мақеъи ҳамгун ва ё ба ҳам наздик доранд. Имзои санадҳои "мутақобилан судманд"-и Тоҷикистон ва Белорус дар ҳоле ба имзо мерасанд, ки ҳар дуи ин кишвари шӯравии собиқ аз сӯйи созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар пайваста барои нақзи ҳуқуқи инсон интиқод мешаванд.
Дар ҳамина ҳол ин кишварҳо дар Душанбе дар бораи ин ки "номзадҳои якдигарро дар созмонҳои байналмилалӣ пуштибонӣ ва оид ба мавзӯъҳои ҳуқуқ дар СММ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ ҷонибдорӣ мекунанд" тавофуқ карданд. Дар ин бора низ дар баёнияи муштараки Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко навишта шудааст.
Зимнан тибқи иттилоъи расмӣ мизони табодули коло миёни Тоҷикистон ва Белорус аз соли 2000-ум то соли 2010, ҳафт маротиба афзудааст. Тоҷикистон умдатан аз Белорус мошинолоти сангин барои бахши кишоварзӣ ворид мекунад.
Би-Би-Си