11:52:30 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

ИЗҲОРОТИ ҲИЗБИ СОТСИАЛИСТИИ ТОҶИКИСТОН

Oид ба “қазияи муҳоҷирони меҳнатӣ

Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз вазъияти ҳузнангези рӯзгори муҳоҷирони меҳнатии мамлакат ва хоса он ҳолате, ки ҳафтаи равон дар ҷавоби “лутф”- и ҳукумати Тоҷикистон нисбати  сарнишинони ҳавопаймои Федератсияи Россия пеш омада, боиси сардии муносибати Душанбею Маскав сабаб гардида истодааст, изҳори ташвиш менамояд.

/images/stories/2011/11/25_m.nazriev_25112011.jpgЗеро маҳз ҳамин ҳайати миллионнафараи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бинобар а) идомаи бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маънавӣ, фарҳангӣ, б)фалаҷгардии иктисодиёти мамлакат, в) раҳандозии нодурусти барномаи хусусигардонии амволи давлатӣ ва г) аз набудани ҷойхои корӣ мураттаб гардидааст, ҳамасола маблағҳои ба ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат баробарро ба иқтисодиёти мамлакат ворид намуда, бадин минвол дар ғани гардонидани буҷаи мамлакат, таъмин намудани қурби асъори миллӣ, бехдошти вазъи иҷтимоии (рӯзгори мардум) Тоҷикистон  саҳм ва мавкеи калидиро бозида истодаанд.

Ин “сюприз”- и ҳукумати Э. Раҳмон дар ҳолест, ки сарони кишварҳои Россия, Блоруссия ва Қазоқистон иттиҳоди иқтисодии Еврассезро бунёд гузошта, барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва фаъолияти муҳочирони мехнатии кишварҳои худ имкониятҳои фарохтареро муҳайё намуданд.

ҲСТ чунин муносибати нодидагиронаи ҳукумати Тоҷикистонро, ки боиси истинтоқи навбатии муҳоҷирони меҳнатии мамлакат сабаб гардидааст, шитобкорӣ, сатҳӣ, хунукназарона ва бемасъулиятона маънидод намуда, барои раҳои аз вазъияти ба амаломада ва гирифтани пеши роҳи чунин ҳолат дар оянда, мураттабсозии барномаи дӯрнамо ва танзими вазъи муҳоҷирати меҳнатии мамлакатро пешниҳод намуда, изҳор менамояд:

1. Ҳукумати Тоҷикистон барои ислоҳи вазъи кунунию ҳузнангези муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Россия аз тамоми омилҳои имконпазирро истифода намояд. Дар акси ҳол қазияи муҳоҷирони меҳнатӣ масъалаи истеъфои сартосарии системмаи сиёсии Тоҷикистонро метезонад, ки таи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ӯҳдаи раҳоии кишвар аз вазъияти бӯҳронӣ баромада натавонист.

2. Ҳукумати Точикистонро зарур аст, ки дар вақтҳои наздиктарин Барномаи давлатӣ нисбати танзими фаъолияти муҳоҷирати меҳнатӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ин соҳаи муҳимтаринро тарҳрезӣ, мавриди муҳокимаи умумихалқӣ ва қабул қарор диҳад.

3. ҲСТ зарур мешуморад, ки Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи тайёр намудани мутахасисони маълумоти олидорро вобаста ба талаботи бозори дохилӣ мамлакат раҳандозӣ намуда, ба хотири баланд бардоштани самаранокии фаъолияти меҳнатии муҳоҷирони меҳнатӣ дар мамлакат, теъдод ва намудҳои гуногуни омӯзишгоҳҳои касбӣ техникӣ, ҳунаристонҳоро зиёдтар намуда, масъалаи таъмини базаи моддӣ техникии онҳоро бо маводхои аёнӣ, дида барояд.

Раиси Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон М. Нарзиев



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi