12:05:37 10-уми Июни 2025 сол

ИНТИХОБОТИ ШОҲМАНСУР. ДОВТАЛАБИИ НОМЗАДҲОИ "ХУДӢ"

Ба гуфтаи масъулони Кумиссиюни марказии интихобот овоздиҳӣ дар ҳавзаи “Шоҳмансур-3” идома дорад. Як манбаъ аз Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба мо гуфт, то соати 14-и рӯзи якшанбе, 18 декабр, беш аз 40 дарсад аз 70 ҳазор овоздиҳанда дар интихоботи миёндаврии порлумонӣ иштирок кардаанд.

/images/stories/2011/12/18_intikhobot_181211.jpgҲоло дар ин интихоботи миёндаврӣ чаҳор номзад бо ҳам рақобат доранд, ки инҳо - Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳурӣ аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Абдулҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистӣ, Сӯҳроб Оймаҳмадов аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва довталаби мустақил Абдуқаҳҳор Турсунов, муовини раиси Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошанд.

Интихоботи миёндаврии порлумонӣ дар ҳавзаи “Шоҳмансур-3” ба далели даргузашти вакили пешини ин ҳавза Сафаралӣ Раҷабов баргузор мешавад. Акнун ҳар касе дар интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи якмандатии “Шоҳмансур-3” пирӯзӣ ба даст меорад, курсии холимонда аз Сафаралӣ Раҷабовро дар Маҷлиси намояндагонро соҳиб хоҳад шуд.

Бар хилофи интихоботҳои қаблии миёндаврӣ ин маърака хеле хомӯш ҷараён дорад. Зоҳиран аз сабти номи номзадҳо шурӯъ карда, то ҳузури намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар қитъаҳои раъйдиҳӣ дар ин интихобот баҳсе вуҷуд надошту надорад.

​​Вале қабл аз шурӯи рақобат дар ҳавзаи “Шоҳмансур-3” бархе аз аҳзоби сиёсӣ гуфтанд, ки ба далели тақаллуби зиёд дар интихобот номзадии намояндагони худро пешбарӣ нахоҳанд кард. Ҳатто ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон аз аҳзоби дигари кишвар хост, ки ин иинтихоботро таҳрим бикунанд.

Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократ дар муроҷиат ба намояндагони ҳизбҳо гуфт, “кумиссюнҳои қитъавии интихоботӣ амалан ҳалкунандаи тақдири интихобот мебошанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба манфиати Ҳизби халқӣ-демократӣ ташкил карда мешаванд, ки ин асоси тақаллубкорӣ дар интихобот, тағйир додани иродаи мардум, забти ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби ҲХДТ мебошад.”

Ин ҳизби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки “то ин ҳолат ислоҳ нашавад ва намояндаҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба узвияти кумиссюнҳои қитъавӣ ворид нашаванд, дар Тоҷикистон интихоботи шаффоф ва одилона баргузор намегардад.”

​​​Дар як соли ахир ин дуввумин интихоботи миёндаврии парлумонӣ аст. Моҳи майи соли ҷорӣ дар ҳавзаи Синои пойтахт низ интихоботи миёндаврӣ баргузор шуд, ки дар он дабири пешини Шӯрои амният, Амирқул Азимов, пирӯзӣ ба даст овард.

Номзадии Амирқул Азимов, дабири пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон, дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Сино аз тарафи Ҳизби халқӣ-демократӣ пешниҳод шуда буд. Азимови 63-сола дар Маҷлиси намояндагон Шермуҳаммади Шоҳиёнро, ки қаблан вакили Маҷлиси намояндагон буду баъдан раиси Кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таъйин шуд, иваз кард.

Рақиби аслии ҷаноби Азимов – муҳаррири ҳафтаномаи мустақили "Миллат" Толибшоҳи Сайидзода буд, ки ин интихоботро олуда бо тақаллуб хонд ва гуфт, ки натоиҷи онро намепазирад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854