23:14:11 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28    

ДУШАНБЕВУ ТОШКАНД БА СОЗИШ НАРАСИДАНД

Музокироти дурӯзаи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Узбакистон бар сари ҳалли баҳси марзӣ бидуни натиҷа ба анҷом расид.

mulokotИн музокирот баъд аз танаффуси сесола бегоҳии рӯзи 20-уми феврал ба муҷарради ворид шудани комиссиюни давлатии Узбакистон ба Душанбе зери раҳбарии муовини сарвазири ин кишвар Рустам Азимов оғоз шуд. Музокироти мазкур, ки то зӯҳри рӯзи 22-уми феврал идома кард, пушти дарҳои баста сурат гирифт ва аз натоиҷи кори он низ кадом иттиллое мунташир нашуд.

Ва аммо «Ховар» хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон аз қавли хадамоти матбуотии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст, ки президент Раҳмон Рустам Азимов, роҳбари ҳайати музокиротии Узбакистонро ба ҳузур пазируфта ва дар ҷараёни мулоқот «масоили вобаста ба муайян ва мушаххас намудани хатти сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Узбакистон дар қитъаҳои баҳсноки он» баррасӣ шудааст.

Ва аммо як манбаи наздик ба музокироти ҷонибҳо, ки нахост номаш ифшо шавад гуфт, бо он ки дар хатми музокирот як протоколи ёддошти тафоҳум ба имзо расид, аммо амалан мулоқоти ҷонибҳо кадом натиҷаи мушаххас надоштааст. Ин манбаъ афзуд, ки масоили баҳсӣ бар сари ​​истифода ва ихтиёрдории обанбори Фарҳод ва хутути мушаххаснашудаи марзӣ дар бархе аз навоҳӣ, аз ҷумла Спитамен, Ашт ва Конибодому Шаҳристон дар қисмати шимолии Тоҷикистон ҳамчунон ҳалношуда боқӣ ва барои давраҳои баъдии музокирот вогузор шудааст. Ҳеҷ яке аз тарафҳо бар сари масъалаҳои баҳсталаб ба гузашт розӣ нашуда ва бар сари мавқеъии қаблии худ пофишорӣ кардаанд.

Аммо бо ин вуҷуд ин манбаъ афзуд, ҳарду ҷониб муваззаф шудаанд, ки мавқеъ ва пешниҳодоти худро барои баҳсҳои баъдӣ ба таври катбӣ омода кунанд. Қарор аст даври навбатии ҷаласаи комиссиюни байнидавлатии ду кишвар дар Узбакистон доир шавад. Вале замони баргузории даври навбатии музокирот низ номаълум боқӣ мондааст.

Дар арафаи баргузории нишасти ҳайатҳои ин ду кишвар сокинони бархе аз «анклав»- ё ҷазираҳои навоҳии Ашту Конибодом изҳори умедворӣ мекарданд, ки мушкилоти равуои онҳо ҳал мешавад. Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви ҳайати музокиротӣ дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфта буд, ки дар ҷаласаи Душанбе аз ҷониби Узбакистон дархост хоҳад кард, ки барои равуои озоди сокинони "анклав" ё ҷазирақаламравҳо дар шимоли Тоҷикистон мусоидат кунанд.

​​Вай афзуд, ин гуна ҷазирақаламравҳо дар се ноҳияи шимоли Тоҷикистон - Ашту Конибодом ва Шаҳристон вуҷуд доранд. Ба гуфтаи ҷаноби Сангинов, мушкили аслии сокинони ин "анклав"-ҳо надоштани роҳ ба хориҷ аз маҳалли зисташон мебошад. Муовини аввали раиси вилояти Суғд ин масъаларо дар намунаи деҳаи Cарваки Болои ноҳияи Ашт чунин баён кард: "Роҳи аслии иртиботии миёни Сарваки Боло ва маркази маъмурии ноҳияро, ки тақрибан 10 километр тӯл дорад, ҷониби Узбакистон соли 2010 баста, посгоҳ гузошт. Сокинон маҷбуранд барои ба қаламрави Тоҷикистон даромадан ҳудуди 50 километр аз гузаргоҳи расмии Навобод роҳро тай намоянд."

Бо ин ҳол музокироти қаблии комисиюни байниҳукуматии  Узбакистон ва Тоҷикистон дар се соли пеш дар Душанбе сурат гирифта буд. То ҳоли ҳозир мушкилоти таъйини хутути марз миёни ин ду кишвар 80 дарсад ҳал шудааст. Марзи миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон чизе бештар аз 110 километр тӯл дошта ва манотиқи марзии баҳсӣ умдатан дар қисмати шимоли Тоҷикистон  воқеъ аст.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi