13:22:37 08-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

«НУРӢ ПАДИДАИ ТАЪРИХӢ, ДАСТОВАРДИ ХАЛҚИ ТОҶИК АСТ!»

Устоди шодравон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ агар дар қайди ҳаёт мебуданд рӯзи 15-уми март  ба синни мубораки шасту шаш қадам мегузоштанд. Вале дареғо, ки миқрози марг риштаи умри ӯро  каме беш аз панҷу ними сол  қабл бурид. Бо вуҷуди умри на чандон тӯлонии худ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар таърихи муосири миллати тоҷик нақши умдаи худро гузошт.

nuri-va-rahmonАз ин хусус гуфтаҳои журналистону сиёсатмадорон, ходимони давлатӣ, роҳбарони давлатҳои мухталиф дар борааш, ки  бархе аз онҳоро дар ин ҷо ҷамъ овардаем, далолат мекунанд. Бархе аз ин гуфтаҳо агар дар замони дар қайди ҳаёт будани устод Нурӣ баён шуда бошанд, як қисми дигари онҳо баъди реҳлати ӯ иброз гардидаанд.

"Ман дар шахси ҷаноби Абдуллоҳи Нурӣ як фарзанди дурандеш ва бохиради миллатро мебинам ва умедворам, ки ӯ чун пештара сабру таҳаммулро пеша намуда, ба раванди сулҳу оштӣ мусоидат менамояд".

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ, соли 1997

«Устод Нурӣ воқеан як профессор ва донишманди исломист. Дар сиёсат ва шариатмадорӣ кам шахсияте амсоли ӯ дидаам».

Профессор Абдурабб Расули Сайёф, роҳбари  Ҳизби Иттиҳоди  Исломии Афғонистон

Мо хишти аввали сулҳро бо ҷаноби Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар Кобул гузошта будем ва охиринашро ҳам дар Маскав худамон гузоштем.

Евгений Примаков, собиқ вазири корҳои хориҷаи Федератсияи Россия

«Ман дар бораи шодравон - Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз як боздиди худ дар моҳи феврали соли 1997 дар шаҳри Истамбули Туркиё ёд мекунам. Мақсади ниҳоии ин мулоқот дарёфти ризояти ҷониби мухолифин барои баргузории даври ба имзорасии созишномаи сулҳ дар Маскав буд, на дар шаҳри Теҳрон, чунонки ҷониби оппозитсиюн мехост.

Раҳбарияти нирӯҳои оппозитсиюн бо назардоштион ки Ирон ба раҳбарияти мухолифин, бахусус гурезаҳои тоҷик кӯмакҳои зиёди моддӣ расонида, барои ба сулҳ расидани ҷонибҳо низ хидматҳои зиёд карда буданд, мехост, ки созишномаи истиқрори сулҳ маҳз дар Теҳрон ба имзо расад. Дар вохӯрӣ аз ҷониби нирӯҳои мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода иштирок доштанд.

Мо се рӯз суҳбат доштем ва дар ниҳоят бо дастгирии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ он ҷониб барои баргузор шудани он маъракаи тақдирсоз барои тоҷикон дар шаҳри Маскав ризоят дод. Бо нақли ин ҳодиса гуфтаниам, ки дар роҳи даст ёфтан ба сулҳи саросарии тоҷикон заҳматҳои Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки ба гоҳе ба гузаштҳо ризо мешуданд, хеле шоиста ва таърихӣ аст».

Бобоҷони Икром, журналисти тоҷик

«Оқои Нурӣ як марди ботамкин ва дурандеш буд, касе буд, ки аз таассубу тангназариҳо хеле дур буд. Марде ки болотар аз ин чизҳо буд. Ва хуб дарк мекард, ки манофеъи миллии Тоҷикистон чӣ ҳаст ва барои расидан ба ин ҳадафҳои бояд чӣ гуна рафтор кард. Дар моҷарое, ки дар солҳои навади асри гузашта дар Тоҷикистон гузашт, аз оғоз ҳадафи оқои Нурӣ ва ҳамфикрони ӯ ин буд аслан ин моҷаро набошад, аммо чун бидуни ихтиёри онҳо оғоз шуд, кӯшиш мекарданд ба он хотима дода шавад.

Дар чанд сӯҳбате, ки бо он кас доштам, афсӯс мехӯрданд аз ҳодисаҳое, ки ба сари халқи тоҷик омад ва дар садади он буданд ҳар чи зудтар он хотима дода шавад, дар Тоҷикистон оромиву осоиш ҳукфармо шавад, мардуми муҳоҷир баргашта биёянд ва ба зиндагии осоиштаву кору бори худ машғул шаванд. Ман яқин дорам, ки ин ҳадафи олии Абдуллоҳи Нурӣ буд».

Тоҳири Абдуҷаббор, собиқ раҳбари Созмони Мардумии «Растохез»

«Таҳаммулпарастии устод Нурӣ буд, ки сулҳи тоҷикон ба даст омад ва имрӯз мо аз меваҳои он мечашем. Он хизмате, ки устод Нурӣ барои халқи тоҷик кардаанд, набояд фаромӯш шавад. Ман шоҳиди як суханронии устод Нурӣ дар назди муҳоҷирони тоҷик дар вилояти Қундузи Афғонистон будам. Он кас гуфтанд, ки зарурати боло мондани идеали миллиро аз идеали динӣ мебинанд, бояд хоки ватанро нигоҳ дорем ва якпорчагии онро таъмин кунем. Ин буд бузургии шахси рӯҳоние, ки зарурати якпорчагии миллату давлатро болотар аз ғояҳои динии худаш медонист».

Ҷумъабой Ниёзов, собиқ раҳбари Ҳизби Демократи Тоҷикистон

jumaboy-niyozov«Дар Тоҷикистон одамеро пайдо кардан душвор аст, ки таърихи Сайид Абдуллоҳи Нуриро надонад. Ӯ барои мусулмон буданаш дар давраи коммунистӣ айбдор карда шуда буд ва дар тӯли шаш - ҳафт моҳ, рӯзномаҳои Марказй аз «ҷинояти» кардаи ӯ ба ҳамон тарзи мақбули замона шарҳу эзоҳ медоданд.

Дар ҳамон давра, яке аз рӯзномаҳо эълон дошт, ки мақсади ӯ давлати Исломӣ сохтан аст. Дигаре ӯро "ваҳҳобӣ" меномид. Умуман «гуноҳ» - ҳои ӯ бисёр буданд. Вале гуноҳи асосӣ он буд, ки эътирофи дин, мустаҳкам кардани мавқеи диндорон, шахси мусулмон, идеологияи коммунистиро беқудрат карда, мардумро аз разолати бехудоӣ, ҷамъияти коммунистон дур сохта, худшиносии миллиро зинда мекард. Аз ин рӯ дар ҳамон давра Сайид Абдуллоҳи Нурӣ барои коммунистон хатарнок буд. Имрӯз бошад дар ҳолати касодии идеологияи коммунистӣ ин хатар бештар шуда метавонад. Бинобар ин ӯро ҳатман ба ягон "гуноҳи" навбатӣ бояд айбдор кунанд».

Аслиддин Соҳибназаров, сиёсатмадор, сухан дар бораи ҳаводиси соли 1992 меравад

Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ борҳо изҳор кардаанд, ки агар ҳеҷ чизро соҳиб нагашта бошем ҳам, лекин сулҳу оштиро, ки ҳосил шудааст, бояд бузургтарин дастовард барои мардуми Тоҷикистон, азҷумла ҲНИТ бидонем. Қайд кардан аз рӯи инсоф аст, ки шахсан устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар роҳи ба даст овардани сулҳ заҳмати бисёре кашиданд.

Афроде, ки аз ҷаноби ИНОТ ҷоҳу мансаб гирифтанд болои ишон фишор меоварданд, даъво менамуданд, нозу нуз мекарданд ва устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба хотири сулҳу оштӣ ин ҳамаро таҳаммул намуданд. Аммо ӯ барои худ ҳеҷ вазифа талаб накард, мақомеро нахост, ҳарчи кард барои дигарон кард. Ва табиист, ки ин мақому вазифаҳо, ки ба намояндагони собиқ мухолифин расид, ҳамаро розӣ ба қаноатманд кунонда натавонист ва баъзеҳо хафаву малол низ гаштанд. Аз ин нигоҳ албатта баъзеҳо сулҳу салоҳ ва оштии миллиро, ки дар ҳақиқат дастовард бузург аст, нодида мегиранд. Ва ба он як тарафа баҳо медиҳанд.

Бояд қайд кард, ки таҳаввулоти сиёсии ҷаҳон дар солҳои охир исбот кард, ки дар ҳақиқат ҳақ ба ҷониби устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аст ва ҳамчунин собит гашт, ки ӯ сиёсатмадорест оқилу дурандеш. Ин иқдоми устод Нурӣ на танҳо ба манфиати миллат ва кишвари тоҷикон, балки ба нафъи Ислому муслимин анҷомид.

Муҳаммадшариф Ҳимматзода, собик вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ

«Ман устод Нуриро калбан дӯст дорам ва дар шахсияти устод Нурӣ тамоми мардуми мусалмони Тоҷикистонро».

Роҳбари инқилоби исломии Ҷумҳурии Исломии Ирон Оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ 

nuri-va-khomanaiНақши ин ду фарзанди асили кишвар дар овардани сулҳу салоҳ ба диёри тоҷикон ва имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ хеле ҳам бузург аст ва онро барҳақ ҳам таърихӣ номидаанд. Ниҳоли сулҳи тоҷикон аз баракати ҷасорату ватандӯстӣ Президент ҷаноби олӣ Э.Ш.Раҳмонов ва раҳбари собиқ мухолифин ҷаноби Сайид Абдуллоҳи Нурӣ борвар гашт.

Зариф Алиев, собиқ раиси Суди Конститутсионии ҶТ

«Сайид Абдуллоҳи Нурӣ-диссидент, барои ақидааш соли 1984 суд шудагӣ буд. Нисбати режими коммунистӣ нафрат дошта, барои аз байн бурдани он сохт мубориза бурдааст. Ҳамчун ходими дини барҷастаи ислом дар ақидааш устувор буд. Ӯ бо донишу маҳораташ тавонист як қатор ҳаракатҳои мардумиро аз қабили «Растохез», «Лаъли Бадахшон» дар атрофи Ҳизби Наҳзати ислом» муттаҳид созад. Дар барқарор намудани сулҳи байни тоҷикон саҳмгузор аст. То охири ҳаёташ барои таъсис додани давлати исломӣ ҳасад мехӯрд».

Нуралишо Назаров, собиқ муовини вазири корҳои дохилаи ҶТ.

Дар байни лидерони мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ беҳтарин таассуротро дар ман боқӣ гузоштааст. Ман, хусусан, оҳанги нарми гуфтори ӯро меписандам ва боварӣ дорам, ки ҳақиқатан ҳам дар сарзамини худ сулҳро хоҳон аст.

Гулафзо Савриддинова, собиқ муовини раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон, соли 1997

«Дастёбӣ ба сулҳ осон набуд. Ҷустуҷӯи созиш, ҳусни ният, қотеъият, маҳорати гузаштан аз монеъаҳои мухталифи нобоварӣ ба ҳам ва амсоли инҳоро тақозо менамуд. Ҳарду роҳбар Эмомалӣ Раҳмонов ва роҳбари Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ хирадмандии сиёсӣ нишон дода, тавонистанд роҳи раҳоӣ аз ҷанги шаҳрвандиро, ки ба истиқлолияти миллӣ таҳдиди ҷиддие буд, пайдо кунанд.

Ду раҳбари тоҷик дар мулоқотҳои худ пайваста барои он талош карданд, ки манфиати миллатро аз манфиатҳои гурӯҳии хеш боло гузоранд».

Б.Н.Ельцин, Президенти Федератсияи Россия, июни соли 1997

nuri-va-elsin«Таърихи башарӣ борҳо исбот намуда, ки як инсон метавонад равишу низоми иҷтимоъро тағйир бидиҳад. Ва изофа аз худ мекунем, ки ҳамчунин як инсон метавонад боиси ваҳдату якдилии миллат шавад... Бидуни тардид имрӯз барои миллати тоҷик чунин инсоне, ки ақшори ҷомиъа ва маҳаллоти Тоҷикистонро дар давраш муттаҳид месозад Нурист.

Як идда курботинони тангназар мехоҳанд ӯро кӯҳистонӣ созанд, музофотӣ гӯянд, қаротегинӣ хонанд. Ин гуна сифатчинӣ гуноҳ аст. Кӯҳистонӣ ё қаротегинӣ хондани Нурӣ паст задани Нурист. Нурӣ хуҷандист, на қаротегинӣ, Нурӣ ҳисорист, на вахёчӣ, Нурӣ кӯлобист, на кӯҳистонӣ, Нурӣ масчоҳист на музофотӣ. Нурӣ падидаи торихист, Нурӣ дастоварди халқи тоҷик, Нурӣ комёбии Тоҷикистон аст».

Абдулқаюми Қаюмзод, журналисти  тоҷик

Ман аз он андеша дурам, ки танҳо Эмомалӣ Раҳмонов ин сулҳро ба вуҷуд оварданд. Онҳо дар канори худ аз ҷониби ҳукумат одамоне ҳам доштанд, ки дар ин кор ба он кас ёрӣ мерасонданд. Як тараф соҳиби сулҳ шуда наметавонад, тарафи дигар даркор ҳаст.

Тарафи дигар дар шахси нерӯҳои оппозитсиони собиқи Тоҷикистон бо роҳбарии ҷаноби Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳаст, ки ҳамин сулҳро мустаҳкам карданд. Ба дасти дароз кардаи раҳбари Тоҷикистон дасти дигар дароз шуд. Ин дастро гирифт. Гуфт, ки ҳамин дасти сулҳ барои мо даркор ҳаст. Ин дасти ҷаноби Нурӣ буд. Бо ҳамин ду даст сулҳ ба вуҷуд омад.

Иброҳим Усмонов, собиқ муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ

«Тӯли як сол дар ҲНИТ ҳам пешравиҳо буд ва ҳам камбудиҳо. Аввалан алоқаманд набудани Муҳиддин Кабирӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ дар пешрафти кори ҳизб таъсир гузор аст. Лекин як анъанае, ки дар давраи зинда будани Абдуллоҳи Нурӣ миёни мухолифин ва ҳукумат вуҷуд дошт, аз байн рафт. Яъне чӣ? Қаблан, назар ё пешниҳоди мухолифин ҳам дар ҳалли ин ё он масъала ба назари эътибор гирифта мешуд. Аммо тӯли як соли гузашта ҳукумат даъвои раҳбариятиҲНИТро дар мавриди тахриб накардани масҷидҳо сарфи назар намуд. Ба ин маънӣ, ки ҳанӯз салобати Муҳиддин Кабирӣ ба салобати раҳбарии устод Нурӣ нарасидааст».

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшинос, ҳафтаномаи «Миллат»,  27-и сентябри соли 2007.

«Устод Нурӣ замоне ба саҳна омад, ки ҷомеъаи тоҷикон тақрибан замони ҷоҳилияти замони Расулуллоҳро  мемонд. Дар фаъолияти худ айни рафтори Расулуллоҳро дар ҷомеъаи мо кард. Ӯ мисли ҳазрати Иброҳим бутшиканӣ кард. Ӯ мисли ҳазрати Мӯсо, ки қавми худро аз дарёи Нил барои наҷот аз Фиръавн гузаронд, қавми худро аз дарёи Омӯ барои наҷот гузаронд.

Ӯ мисли ҳазрати Юсуф зиндонро дид ва мисли ҳазрати Аюб ба тамоми машаққату балоҳое, ки Худованд ба сараш овард, таҳаммул нишон дод. Шояд ҳеҷ кадоме аз мо бо вуҷуди ин ҳамаи дардҳои тоқатфарсо ашки чашми эшонро надида бошем. Ин мактабро бо номи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба мо шогирдону пайравон ба мерос гузошт ва дуъо мекунем, ки Худованд моро вафодор ба ин мактаб ва пайрав аз ин суннат бигардонад».

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, аз суханронӣ дар шаби таҷлил аз солрӯзи вафоти устод Нурӣ аз 24 сентябри соли 2007.

Таҳияи Султони Ҳамад, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi