19:40:57 04-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

АҲМАДИНАЖОД, КАРЗАЙ ВА ЗАРДОРӢ ДАР ДУШАНБЕ

Маҳмуди Аҳмадинажод, Осиф Алӣ Зардорӣ ва Ҳомид Карзай, раисони ҷумҳури Эрон, Покистон ва Афғонистон дар Душанбе ба сар мебаранд. Раисони ҷумҳури Эрон, Покистон ва Афғонистон пас зуҳри рӯзи шанбеи 24-уми март яке пайи ҳам вориди фурудгоҳи Душанбе шуда ва аз сӯи нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов мавриди истиқбол қарор гирифтанд.

/images/stories/2012/03/24_presidents-24312.jpg

Аҳмадинажод, Зардорӣ ва Карзай бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд, ки қарор аст дар барномаҳои таҷлили «Ҷашни Наврӯзи Байналмилалӣ - 2012 ва «Ҳамоиши ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ барои Афғонистон» дар шаҳри Душанбе ширкат намоянд.

Ин нишастҳо аз фардо якшанбеи 25-уми март оғоз ёфта ва то рӯзи сешанбеи 27-уми март идома хоҳанд кард. Аммо пас аз вуруд ба Душанбе, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Осиф Алӣ Зардорӣ мулоқоти рӯ ба рӯе бо Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар Кохи "Миллат" доштанд. Дар меҳвари ин музокирот густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф байни кишварҳо қарор доштааст.

Интизор меравад, фардо якшанбе, пас аз баргузории маҳфилҳои марбут ба таҷлили «Ҷашни байналмилалии Наврӯз 2012» музокироти сеҷонибаи сарони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ва ҳамчунин нишасти чаҳорҷонибаи раисони ҷумҳури Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон баргузор шавад, ки барраси ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳо ва иҷрои тарҳҳои муштарки минтақаӣ дар назар аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi