23:19:19 15-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

ҲНИТ МАВРИДИ БОЗРАСИИ ДОДСИТОНИИ КУЛ ҚАРОР ГИРИФТААСТ

Додситонии кулли Тоҷикистон бозрасии фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, умдатарин ҳизби мухолифи давлатро, оғоз кардааст. Ҳамчунин, маъмурони молиётии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизби сиёсии мухолифро, ки нуфузи густардае дар миёни мардуми ин кишвар, бавижа мазҳабиён, дорад, анҷом додаанд.

/images/stories/2012/03/30_sayfullozoda30312.jpgҲикматулло Сайфуллозода, узви Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ), рӯзи ҷумъаи 30 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки маъмурони додситонӣ баъд аз таъвиқи тақрибан якмоҳа дубора ба баррасии фаъолияти дафтари марказии ин ҳизб оғоз кардаанд.

Ба гуфтаи вай, додситонӣ фаъолияти ҲНИТ-ро дар моҳи гузашта оғоз карда буд, вале баъд аз чопи матлабе дар сойти интернетии "Звезда.ру", ин бозрасӣ ба таъвиқ дароварда шуд. Рӯзи гузашта маъмурони додситонӣ дубора ба кори худ шурӯъ кардаанд.

Оқои Сайфуллозода мегӯяд, ки тибқи қавонини Тоҷикистон, фаъолияти аҳзоби сиёсӣ бояд аз сӯйи маъмурони вазорати адлия ё додгустарӣ мавриди бозрасӣ қарор бигирад.

Вале як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки бозрасии фаъолияти ҲНИТ тибқи барномаи кории додситонӣ дар робита бо бозрасии фаъолияти куллияи аҳзоби сиёсии кишвар сурат мегирад.

То ҳол дар бораи чунин бозрасиҳо дар фаъолияти аҳзоби дигар гузориш нашудааст. Баръакс, масъулони ҲНИТ мегӯянд, ки дафотири куллияи бахшҳои ин ҳизб дар навоҳӣ ва вилоёти Тоҷикистон мавриди бозрасии додситонӣ қарор гирифтаанд.

Ҳикматулло Сайфуллозода афзуд, ки дар марҳилаи нахусти бозрасӣ, додситонӣ аз ниҳодҳои молиёт дархост кардааст, ки фаъолияти молии ҲНИТ-ро низ бозрасӣ кунанд.

Вай гуфт: "Тӯли чанд муддат нозирони андоз (молиёт) куллияи асноди молии моро бозрасӣ карданд ва натоиҷи кори худро ба маъмурони додситонӣ ироа карданд. Муҳтавои ин гузориш барои мо рӯшан нест."

Аз сӯйи дигар, ахиран Кумитаи дини Тоҷикистон бо ирсоли номае ба раёсати ҲНИТ ҳушдор додааст, ки аз баргузори намоз дар масҷиди воқеъ дар сохтмони дафтари марказии ин ҳизб худдорӣ кунанд.

Оқои Сайфуллозода гуфт: "Дар матни ин огоҳнома омадааст, ки Кумитаи дин иттилоъ дорад, ки дар ин масҷид гоҳ-гоҳе намозгузорон гирдиҳам меоянд ва мо бояд аз ин амр ҷилавгирӣ кунем."

Оқои Сайфуллозода мегӯяд, ки дар гузашта аз сӯйи Вазорати адлияи Тоҷикистон низ чунин огоҳномае дарёфт шуда буд ва ба ин далел раёсати ҲНИТ расман ба ҳамаи ҷонибдоронаш ва намозгузорон эълом кард, ки дигар дар сохтмони дафтари марказии ҳизб намоз нахонанд.

Вай гуфт: "Ҳоло ҳар як корманди дафтари марказиии ҲНИТ барои адои намоз ба ҳар масҷиде, ки хост меравад. Вале бардошти мо аз чунин ҳушдорҳо ин аст, ки хондани намоз дар дафтари ҲНИТ ҷиноят дониста мешавад."

Ҳикматулло Сайфуллозода гуфт, ки бештари аъзои раёсати ҲНИТ бар ин боваранд, ки иқдомоти ахири ниҳодҳои давлатӣ алайҳи ин ҳизб ба чопи матлабе дар сойти "Звезда.ру" рабт дорад. Зимнан, дар авоили моҳи ҷорӣ сойти "Звезда.ру" зери унвони "Тоҷикистон дар остонаи инқилоб" матлабе мунташир карда буд, ки ҳамроҳ бо он асноде бо муҳри "махфӣ" мунташир шуданд.

Тибқи ин аснод, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гӯё дар авохири моҳи ноябри гузашта ҷаласае бо мақомҳои амниятиву пулис барпо карда ва аз онҳо хостааст, ки фаъолияти ҲНИТ, "хусусан масъулону раҳбарони сохторҳои ибтидоии онро таҳти назорати қатъӣ ва доимӣ" қарор диҳанд.

Яке аз ин аснод мегӯяд, ки мақомоти зидахл бояд "рӯйхати пурраи аъзои ҳизб ва маҳаллу суроғаи зисти онҳоро" муъайян ва "тарзу услуби кори таблиғотии ҳизбро" ошкор кунанд ва барои берун кашидани онҳо аз суфуфи ҳизб, "аз ҷумла бо роҳи ҳавасмандсозӣ", тадобире бияндешанд.

Ҳамчунин, аз ниҳодҳои зидахл тақозо шудааст, ки феҳрист ва асомии афродеро, ки "дар майдоннишиниҳои соли 1992" ширкат доштанд, мушаххас кунанд. Бархе аз мақомоти тоҷик ин аснодро тақаллубӣ арзёбӣ карданд.

Раёсати ҲНИТ бо пахши баёнияе аз ниҳодҳои зидахли Тоҷикистон хост, ки ба таҳқиқи асолати ин аснод иқдом кунанд. Ду намояндаи ин ҳизб дар порлумон расман аз Додситонии кулли Тоҷикистон хостанд, ки асолати асноди дарзшударо таҳқиқ кунад.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини раиси ҲНИТ ва узви порлумон, гуфт, ки фишорҳои ахири ниҳодҳои давлатӣ алайҳи аъзои ҲНИТ дар маҳалҳо онҳоро водор сохтааст, ки чунин иқдом кунанд.

Оқои Ҳусайнӣ афзуд: "Бо дарназардошти амалкарди мақомот дар чанд моҳи ахир ба воқеъӣ будани ин аснод шубҳа надорем, вале мехоҳем, ки Додситонии кул ба ин қазия сареъан расидагӣ кунад."

Ҳикматулло Сайфуллозода низ мегӯяд, ки воқеъияти вазъи сиёсӣ дар кишвар дар миёни ҷонибдорони ҲНИТ чунин тасаввуреро ба миён овардааст, ки асноди дарзшуда тақаллубӣ нестанд ва бозрасии фаъолияти дафтари марказии ҳизб аз сӯйи додситонии кулл зоҳиран "идомаи ҳамон барнома" аст.
Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi