13:54:50 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 30 31

МУРОҶИАТНОМАИ ӮЗБЕКОНИ ТОҶИКИСТОН БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУ И.КАРИМОВ

Мӯҳтарам Ислом Абдуғаниевич, мо ӯзбекони Тоҷикистон бо навиштани мактуби мазкур эҳтиромона аз Шумо хоҳиш менамоем, ки ҳамчун пешвои ӯзбекони ҷаҳон ва асосгузори нахустин давлати ӯзбекон ба ояндаи мардуми узбеки Ҷумҳурии Тоҷикистон назар андозед.

/images/stories/2012/04/05_islom-karimov_5412.jpgҶумҳурии Тоҷикистон кишвари гуногунмиллат буда, ӯзбекон дар ҷомеаи ин сарзамин қисми назарраси онро ташкил медиҳанд. Мо ин сарзамин ва диёрро Ватани хеш шуморида, дарк мекунем, ки аз пешравии Ҷумҳурии Тоҷикистон ояндаи миллати узбек низ вобастагии калон дорад.

Мӯҳтарам Ислом Абдуғаниевич, аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки баҳри сулҳ, дӯстӣ, эҳтиром ва ояндаи мардуми минтақа, хусусан ӯзбекон сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистонро нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мусбӣ тағйир диҳед. Вазъият ва муносибати сарди имрӯзаро танҳо чунин сиёсати одилонаи Шумо мустаҳкам хоҳад кард.

Мегӯянд узбеку тоҷик ин як миллатест, бо ду забон. Дар гузашта аз шаҳрҳои Ӯзбекистон ба Душанбе ва баръакс мунтазам тайёраҳо парвоз мекарданд, вале имрӯз гирифтани танҳо раводид миёни ду кишвар масъалаи мушкил гардидааст. Ҳатто ба аҳолии минтақаҳои наздисарҳадии ҳар ду кишвар, ки садсолаҳо бо ҳам рафтуомаду муносибатҳои хешутаборӣ доранд ва дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ иҷозати рафтуомади озод доштанд, мушкилиҳои зиёд ва монеаҳои сунъӣ аз ҷониби намояндаҳои мақомотҳои ҳифзи ҳукук ва сохторҳои қудратии Ӯзбекистон эҷод шуда истодаанд. Аз ҷумла, пешниҳоди даъватнома (телеграмма), ки бар хилофи тамоми қонунҳои мавҷуда мебошад.

Садҳо занҳои тоҷику узбеки тоҷикистонӣ, ки бо амри тақдир ба минтақаҳои наздисарҳадии Ӯзбекистон ба шавҳар баромадаанд, ҳаёти тенҷу осоишта надоранд. Ба онҳо иҷозати иқомати доимӣ ё шаҳрвандии Ӯзбекистон дода намешавад. Зану духтарони тоҷику узбек, ки тули чандин солҳо дар қаламрави Ӯзбекистон истиқомат мекарданд 2-3 соли охир бо баҳонаи вайрон намудани қоидаҳои буду боши шаҳрвандони хориҷӣ бо фарзандонашон аз каламрави Ӯзбекистон бароварда шуда истодаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар қаламрави Тоҷикистон низ садҳо занону духтарони узбеку тоҷики ӯзбекистонӣ ба шавҳар баромада, зиндаги доранд. Шумораи чунин келинҳо танҳо дар шаҳри Турсунзода наздики 500 нафарро ташкил медиҳад, ки аксарияташон бо вайрон намудани қоидаҳои буду бош умр ба сар бурда истодаанд. Онҳо ҳаёти орому осоишта дошта, бо мақсади халалдор насохтан ва саргардони наовардан ба хонадонашон, мақомотҳои назоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташон некбинона муносибат мекунанд.

Бояд дарк кард, ки муносибати сард ва сиёсати кунунии Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон нисбат ба Тоҷикистон ба авҷи аълояш расидааст. Хусусан сиёсати Узбекистон муқобили амалӣ намудани нақшаҳои гидро-энергетикӣ, фаъолияти Ширкати Алюминийи Тоҷик, инчунин баста шудани роҳи оҳан ва интиқоли гази табии ба Тоҷикистон, ки муҳосираи иқтисодӣ нисбати Тоҷикистон аз ҷониби Ӯзбекистон мебошад.

Бузургон гуфтаанд, вақте, ки ду бародар ҷанг мекунад, гунаҳкор онест, ки бузургтару донотар аст. Ҳангоме, ки байни ду миллат нофаҳмиҳо ҷой доранд, ҳамаи камбудиҳо бар души аҳли зиёи он миллатҳост. Зеро ин тоифа қудрату имконияти барпо намудани сулҳу дӯстиро дошта, ба қадри дӯстӣ ва бародарии ҳазорсолаи миллатҳо нарасида, ба ҳар гуна ақидаҳои миллатгароӣ дар ҷомеаи худ роҳ доданд.

Ин гуфтаҳо ба тамоми аҳли зиё ва фарҳанги Ӯзбекистон низ тааллуқ дорад, ки бо як кӯшиши андаки худ метавонанд барои беҳбуд сохтани муносибатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон мусоидат кунанд. Бузургони ин ду миллати бародар, ба монанди Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Имом ал-Бухорӣ, Хоҷа Аҳрори Вали ва дигарон нафақат ба чунин носозгориҳо роҳ намедоданд, балки ба мардум ақидаҳои бародарӣ ва дӯстиро талқин мекарданд.

Фаромӯш набояд кард, ки хеч як заҳмат, кӯшиш ва манфиати миллию давлатӣ дар назди як қатра хуни инсонӣ арзише надоранд. Оқибатҳои эҳтимол ногувори сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ӯзбекистонро, ки нисбати Тоҷикистон равона гардидааст, наслҳои оянда нахоҳанд бахшид.

Дар ҳақиқат имрӯз масъалаҳои зиёди ҳалталаб ба монанди сохтмони НОБ-и Роғун, аз миён бурдани реҷаи раводид, тоза кардани минтақаҳои назисарҳадӣ аз минаҳо, муайян намудани хатҳои Сарҳади давлатӣ ва албатта ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ миёни ду кишвар мавҷуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар баррасии онҳо бояд воқеона ва адолатона муносибат кунад. Қабл аз ҳама баҳри манфиати муносибатҳои дуҷониба ва ояндаи миллатҳои дӯсту бародар бояд ба ҷанги иттилоотӣ, ки аз сиёҳкунии беасос ва дасисаи ҳамдигар иборат аст, хотима бахшида шавад.

Роҷеъ ба масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ бояд қайд намуд, ки аз 01-уми апрели соли ҷорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон интиқоли гази табииро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ кард, ки дар натиҷа корхонаҳои азим ба монанди «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар шаҳри Турсунзода ва корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе аз фаъолият монданд.

Шаҳри Турсунзода яке аз азимтарин ва бойтарин шаҳрҳои Тоҷикистон буда, қисми зиёди аҳолии онро узбекҳо ташкил медиҳад. Дар ободиву пешравии шаҳри Турсунзода ва «Ширкати Алюминийи Тоҷик» миллати ӯзбек саҳми бузурги худро дорад. Дар шаҳр ва корхонаи мазкур тули солҳои дароз шаҳрвандони Ӯзбекистон низ фаъолият мекарданд ва мекунанд. Аксарияти шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар корхонаи мазкур фаъолият мекарданд имрӯз нафақахури «Ширкати Алюминийи Тоҷик» мебошанд.

Чунин иқдоми Ӯзбекистонро қисми зиёди аҳолии шаҳри Турсунзода, ҳамчун боз як фишори навбатии сиёсӣ-иқтисодӣ нисбат ба Тоҷикистон арзёби мекунанд.

Мӯҳтарам Ислом Абдуғаниевич, мо ӯзбекони Тоҷикистон ҷонибдори сулҳу дустии самимонаи халқҳои тоҷику узбек мебошем ва аз Шумо ҳамчун пешвои миллати ӯзбек, сар ба таъзим оварда хоҳиш мекунем, ки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистонро нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан ба таври мусбӣ тағйир диҳед.

Инсон дар дунё муваққатист, вале халқҳо ва дӯстии онҳо абадӣ мебошад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi