20:55:58 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДОДСИТОНИИ КУЛ: "ТАФТИШИ ҲИЗБҲО ЯК БАХШИ КОРИ МОСТ"

Додситонии кулли Тоҷикистон тафтиши фаъолияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро ба анҷом расонидааст.

/images/stories/2012/04/06_taftish_6412.jpgШодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва вакили ин ҳизб дар порлумон гуфт, тайи ду ҳафта бозрасони додситонӣ дар дафтари марказӣ ва бахшҳои минтақаии ин ҳизб фаъолияти коммунистҳо, махсусан, манбаъҳои молӣ ва маблағҳои мавҷуд дар суратҳисоби ин ҳизбро мавриди тафтиш қарор додаанд.

Ӯ афзуд, "дар вақти таҳқиқ асосан ду мавзӯъ, яке маблағҳои ғайриқонунӣ, ки аз дигар давлатҳо гирифта мо дар фаъолиятҳои сиёсии худ истифода набарем ва дуюм масъалаи андоз. Дар ин бора низ кадом як қонуншикании дағалона дар фаъолияти мо нест."

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон афзуд, қаблан чунин иттифоқоте, ки мақомоти тафтишотӣ ба фаъолиятҳои ин ҳизб таваҷҷӯҳ карда бошад, рух надода буд. Албатта, ба истиснои як маврид дар чанд соли пеш, ки бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти шуморе аз созмонҳои ифротӣ ба шумули "Ҳизби Таҳрир" ва Ҳаракати Исломии Узбакистон мамнӯъ эълон шуда ва гумони он мерафт, ки баъзе аз ҷонибдорони ин созмонҳо ба аҳзоби расмӣ бипайванданд.

Шодӣ Шабдолов гуфт, ба бозрасии фаъолияти ҳизб аз тарафи масъулони додситонӣ мухолифате надорад, вале аз он ки ҳукуматҳои маҳаллӣ дар манотиқ нишонии манзил ва феҳристи аъзои ҳизби онҳоро талаб кардаанд, комилан шигифтзада шудааст. Зеро ба таъбири раиси коммунистҳои Тоҷикистон онҳо ҳамасола ин маълумотро дар ихтиёри вазорати адлия мегузоранд. Шабдолов ишора кард, ки ин ҳама бозрасиҳо эҳтимолан ба интихоботи навбатии раёсати ҷумҳурӣ алқоманд бошад.

Аммо масъулони Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯянд, тафтиши фаъолияти аҳзоби сиёсӣ кадом ангезае дигар надорад ва ин корҳо бар асоси нақшаи корӣ сурат мегирад.

Мадиброҳим Олимов, сардори раёсати назорати умумӣ дар Додситонии кулли  Тоҷикистон, тафтиши фаъолияти ҳизби коммунистро таъйид кард, вале афзуд, ӯ то ҷамъбасти тафтишот ва натиҷагирӣ аз ироаи маълумот худдорӣ хоҳад кард: "Тафтиш ва санҷиш мекунем, ки ин масъалаи хидматии мост. Ҳоло мо ҷамъбаст карда истодаем. Масъаларо ҷамъбаст намоем ва ба ягон хулоса оем, баъд роҳбарият ба чӣ қароре ояд, мегӯем."

Тафтиши фаъолияти Ҳизби коммунист дар ҳоле сурат мегирад, ки пештар додситонӣ ҳамин гуна тафтишотро дар дафтари марказӣ ва бахшҳои маҳаллии Ҳизби наҳзати исломӣ ба роҳ андохта буд. Масъулони ҲНИТ мӯътақиданд, ки тафтишоти фаъолияти онҳо дар пайи дарҷи "Протоколи 32-20" аз ҷаласаи Шӯрои амният дар моҳи ноябри соли гузашта ва чопи матлабе бо номи "Тоҷикистон дар остонаи инқилоб" дар сайти "Звезда.ру" сурат мегирад. Бар пояи ин санад роҳбарияти Тоҷикистон ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дастур додааст, ки фаъолияти ин ҳизб ва бахусус роҳбарони онро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз коршиносон тафтиши фаъолияти аҳзоб ва бахусус тафтиши манобеи молиявии онҳо ба он хотир аст, ки  гумон меравад баъзе аз аҳзоби сиёсӣ аз хориҷа маблағ дарёфт мекунанд. Бар пояи ин овозаҳо ҲНИТ аз кишварҳои арабӣ ва Эрон ва ҲУСДТ  тавассути грантҳо аз кишварҳои аврупоӣ  маблағ дарёфт мекунанд.

Аммо Саймиддин Дӯстов, коршиноси масоили сиёсӣ, ошкор кардани чунин ҳолатҳоро, агарки ҷо дошта бошанд ҳам, ғайриимкон меҳисобад. Зеро мегӯяд ҷаноби Дӯстов, чунин муомилаҳо тавассути суратҳисобҳо сурат намегирад. Вале гуфт ӯ, гумон надорад, ки барои мисол ҲУСДТ ва ё ҲК-ву ҲНИТ аз хориҷа пул дарёфт намоянд, чун аз фаъолияти онҳо пайдост, ки фақирона пеш мераванд.

"Фаъолиятҳои молии онҳо барои як ҳизби сатҳи миллӣ хандаовар ҳам менамояд. Ман ёд надорам, ки ҳеҷ кадоме аз ин ҳизбҳо бештар аз 150 ҳазор доллар дар як сол ҳисобот дода бошад. Агар чорабиниҳои инҳо ва маъракаҳои таблиғотие, ки онҳо пиёда мекунанд, маблағҳои онҳоро ҳам изофа созед, масалан аз ҲНИТ он ҳам ба 300 ё 400 ҳазор доллар дар як сол баробар намешавад. Аз ин рӯ, фикр мекунам, ки шояд ягон хайрияҳое барои 20, 50 ё 100 ҳазор доллар аз ин ё он кишвар ва ё соҳибкорони мусалмон чӣ аз дохил ва чӣ аз хориҷ, албатта, ҲНИТ бигирад. Вале фикр намекунам, ки нерӯҳое ва ё манобее бошад, ки барои ҲУСДТ садҳо ҳазор доллар ва барои ҲК садҳо ҳазор доллар инъом кунанд."

Бо ин ҳол Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ гуфт, камбудҳое, ки дар фаъолияти молии онҳо ошкор шуд, хеле ҷузъӣ аст. Чун дар соли 1999 ҳама дороиҳои ин ҳизб бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон миллӣ карда шуд ва ҳоло онҳо ба ҷуз аз эҳсони гаҳ-гоҳии ҷонибдорон ва ҳаққи узвияти аъзояшон кадом сарчашмаи молӣ надоранд. ҲКТ кӯҳантарин созмони сиёсии ин кишвар аст, ки гуфта мешавад дар ҳоли ҳозир 45 ҳазор узв ва ду намоянда дар Маҷлиси Намояндагон дорад.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi