17:57:15 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ГРОЗИН: 'ТОШКАНД МУБТАКИРИ ТИРА ШУДАНИ РАВОБИТ БО ДУШАНБЕ АСТ'

Дар пайи қатъи интиқоли гоз аз Узбакистон ба Тоҷикистон буҳроне тоза дар равобити ин ду кишвари Осиёи Миёна, ки бо ҳам миёнаи чандоне надоранд, буруз кардааст. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ахиран аз тариқи сафорати ин кишвар дар Маскав баёнияе интишор дода ва дар он Ӯзбакистонро ба "муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон" муттаҳам карда буд.

/images/stories/2012/04/06_andrey-grozin-6412.jpgАммо Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Ӯзбакистон, дар посух ба Оқил Оқилов, ҳамтои тоҷики худ, иддаъои мақомоти тоҷикро бепоя хонд. Вай иллати мутаваққиф шудани интиқоли гози Ӯзбакистон ва набуди имконот барои интиқоли гози Туркманистон аз тариқи ин кишвар ба Тоҷикистонро тавзеҳ дод. Нуктаҳое, ки дар номаи ҷавобии оқои Мирзиёев ба ҷониби Тоҷикистон, таъкид шудааст, то чи ҳад асоснок аст?

Барои дарёфти посух ба ин суол Би-би-сӣ ба Андрей Грозин, раиси бахши Осиёи Марказии Пажӯҳишгоҳи Иттиҳоди Кишварҳои Мустақилли Ҳамсуд дар шаҳри Маскав муроҷиъа кард:

-Нахуст мушкилоти гоз миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро матраҳ кунем. Тибқи баёнияи Тоҷикистон, 5 январи соли 2012 миёни ин ду кишвар дар бораи судури 200 милюн метри мукаъъаб гози Ӯзбакистон ба Тоҷикистон дар соли ҷорӣ мувофиқатнома имзо шудааст.

Бо ин вуҷуд, ҷониби Ӯзбакистон дар авоили моҳи ҷорӣ интиқоли гоз ба Тоҷикистонро қатъ кард. Аммо дар номаи нахуствазири Ӯзбакистон ба иҷрои таъаҳҳудоти "Узтрансгаз" ишора шудааст. Ба кадом ҷониб мешавад эътимод кард?

-Ҳоло дар ин замина қазоват кардан душвор аст. Бояд аввал санади имзошударо мутолиъа кард. Шояд ин санад мушаххас нест. Агар нукоти он мушаххас мебуд, ҷониби Узбакистон ё Тоҷикистон ба мувофиқатнома истинод мекарданд. Пешинҳоди нусхаи санад ба мушоҳида нарасидааст. Яъне ҳар ду ҷониб барои манофеъи худ ба ин санад ишора мекунанд. Дар ин замина ба ташхиси мустақилли ҳуқуқӣ ва мунсифона ниёз аст. Дар ғайри ин сурат, ҷонибҳо барои собит кардани "ҳақиқати" худ аз он истифода хоҳанд кард.

-Аз сӯйи дигар, Душанбе Ӯзбакистонро ба мухолифат бо интиқоли гози Туркманистон аз тариқи ин кишвар ба Тоҷикистон муттаҳам кардааст. Аммо нахуствазири Ӯзбакистон гуфтааст, ки лӯлаҳои гози Туркманистону Ӯзбакистон аз ҳам ҷудо буда ва аз ин лиҳоз, имкони тронзити гози Туркманистон ба Тоҷикистон вуҷуд надорад. Дар ин замина ба кӣ эътимод бояд кард?

-Ба андешаи ман, дар ин замина нахуствазири Ӯзбакистон ҳақ аст. Тибқи иттилоъе, ки ман дар даст дорам, дар ду-се соли ахир лӯлаҳои гози Туркманистону Узбакистон ба ҳам пайваст набудааст. Бо ин вуҷуд, иҷрои тавофуқи Ишкободу Душанбе дар бораи интиқоли гозро ғайримумкин гуфтан душвор аст.

Аввал, барои ин иқдом иродаи сиёсӣ лозим аст. Дувум, барои иҷрои ин амр ба имконоти зарурии фаннӣ ва вақт ниёз аст. Ба гуфтаи коршиносони Русия, агар Тошканд дар ин замина тасмим бигирад, масъалаи тронзити гози Туркманистон ба Тоҷикистон дар муддати як ё яку ним моҳ ҳал хоҳад шуд.

-Мушкили дигаре, ки мунҷар ба норизоятии Тоҷикистон шудааст, мингузорӣ шудани манотиқи марзии миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аст. Оқои Мирзиёев ба мингузорӣ шудани ин манотиқ дар солҳои 1992-1996, дар замони ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон таъкид кардааст. Аммо гуфта мешавад, ки ин минҳо дар соли 1999, дар пайи инфиҷори бумб дар шаҳри Тошканд гузошта шудаанд. Пас оқои Мирзиёев дурӯғ мегӯяд?

-Эҳтимолан нахуствазир дар ин бора иттилоъи кофӣ дар ихтиёр надорад. Ин манотиқро дар соли 1999 кӣ мингузорӣ кард? Ин корро Вазорати дифоъи Ӯзбакистон анҷом дод. Агар иштибоҳ накунам, он замон оқои Ғуломов вазири дифоъ буд. Масъалаи мингузориро бо ин фард бояд матраҳ кард. Зердастони ӯ амали мингузории шитобкоронаро анҷом дода ва ҳатто мумкин аст, нақшаи майдонҳои минро омода насохтаанд.

Ҳатто имкон дорад мақомоти Тошканд дар бораи теъдод ва макони минҳо дар ҳудуди худ иттилоъ надоранд. Аз он замон вақти зиёде сипарӣ шуд. Ман дар вуҷуди нақшаи майдонҳои мин тардид дорам. Ё шояд ин нақшаҳо гум шудаанд, аз ин лиҳоз масъалаи минҳо ба мушкиле ҷиддӣ мубаддал шудааст.

-Тарҳи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" аз мушкилоти дигар миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон маҳсуб мешавад. Ҷониби Тоҷикистон дар баёнияи шадидуллаҳни худ ба ин нукта таъкид карда, аммо дар номаи нахуствазир ба ин нерӯгоҳ ишорае нашудааст. Чаро?

-Воқеъан, дар баёнияи Шавкат Мирзиёев дар мавриди нерӯгоҳи "Роғун" ишорае нест. Шояд аз ин тариқ Тошканд хостааст таъкид кунад, ки дар мавзеъгирии Ӯзбакистон тарҳи бунёди нерӯгоҳи "Роғун" асаре надорад. Вале дарвоқеъ, ин масъала мавриди нигаронии ҷиддии Ӯзбакистон аст. Маҳз тарҳи бунёди ин нерӯгоҳ боъиси ғазаби Тошканд шудааст. Ин кишвар талош мекунад ба ҳар роҳу васила аз иҷрои ин тарҳ монеъ шавад.

Ин гуна талошҳо на ҳоло, балки аз замони азсаргирии бунёди ин нерӯгоҳ, талошҳо барои ҷалби сармоягузорони Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ ва ниҳоят, тасмими Тоҷикистон ба бунёди ин нерӯгоҳ бо нерӯи худ шурӯъ шуда ва мунҷар ба тира шудани равобити миёни ин ду кишвар шуда буд. Воқеъият ин аст, ки дар ҳар маврид маҳз Узбакистон мубтакири бештар тира шудани равобит миёни ду кишвар будааст.

-Ҳамон тавре ки таъкид кардед, мухолифатҳо миёни ин ду кишвар солиёни тӯлонӣ идома дорад. Аммо дар пайи баёнияҳои расмӣ мухолифатҳо шадид шудааст. Чаро ҳоло мухолифатҳо шиддат мегирад ва ин вазъ то чи ҳад ҷиддӣ аст?

-Ба андешаи ман, Узбакистон ба ҳалли масъалаи нерӯгоҳи "Роғун" ҷиддан камар бастааст. Яъне Тошканд қасд дорад аз Эмомалӣ Раҳмон замонат бигирад, ки садди нерӯгоҳи "Роғун" дар иртифоъе, ки ҷониби Тоҷикистон қасд дорад бисозад, сохта нахоҳад шуд.

Барои ҷониби Узбакистон, дар маҷмӯъ, ин тарҳ хушоянд нест. Вале Узбакистон ба дурнамои ин ҳодиса назар андохтааст. Тошканд мехоҳад, аввал, раванди бунёди нерӯгоҳи "Роғун" ҷиддан коҳиш ёбад. Ба назарам, далели ин амр омодагӣ ба натоиҷи бозрасии байналмилалии нерӯгоҳи "Роғун" аст, ки дар авохири соли ҷорӣ эълом хоҳад шуд.

Яъне, ин ишораест, ки Узбакистон дар оянда ба ин масъала чи посухе хоҳад дод. Ҳадафи аслии Тошканд Душанбе аст. Ҳамзамон Узбакистон мехоҳад ба бозигарони байналмилалӣ, ки ба ин тарҳ ҳамроҳ шудаанд, нишон диҳад, ки ба чи корҳое қодир аст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi