14:09:34 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: “ҲАМСОЯҲО БОЯД МОРО ДАРК КУНАНД”

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Тоҷикистон бо бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ҳуқуқи ҳамсояҳояшро нақз намекунад. Вай ин ҳарфҳоро дар сӯҳбат бо муовини сардабири нашрияи "Ал-Масоийя"-и Миср, Муҳаммад Салома, баён доштааст. Ҷаноби Раҳмон афзуда, ки “борҳо таъкид кардаем, ҳуқуқи ҳамсояҳоямонро ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ риоя мекунем.”

/images/stories/2012/04/07_janobi-oli-7412.jpgБа қавли Эмомалӣ Раҳмон, бояд ҳамсояҳо низ дарк кунанд, ки роҳи наҷоти ин кишвар дар бунёди нерӯгоҳҳои барқи обист: “Вазъи Тоҷикистонро, ки аз захираҳои калони нафту газ маҳрум аст, хуб фаҳманд. Зеро мо дар мавсими сармо аз камбуди барқ ва гармӣ азоби сахт мекашем ва илоҷи ягона ин сохтмони нерӯгоҳҳои тавлиди нерӯи барқ дар дарёҳои дохилиямон мебошад.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон мушкили обу энержиро аз "хатарноктарин қазияҳои қарн" дониста ва гуфтааст, тақсими захоири об дар минтақаи Осиёи Марказӣ низ дар солҳои охир ба як баҳси доғ табдил ёфтааст. Ӯ дар сӯҳбат ба нашрияи "Ал-Масоийя"-и Миср афзуда, ки ҳарчанд 60 дарсади оби минтақа дар қаламрави Тоҷикистон ташаккул меёбад, аммо ин кишвар даъвои ба танҳоӣ истифода кардани ин ҳама захираҳоро надорад: “...Балки ҳамеша аз ташаббускорони ҳамкории мутақобилан судманд дар ин соҳа аст ва изҳори умед мекунад, ки шариконаш дар минтақа мақсаду маром ва ормонҳои вайро бифаҳманд."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш ҳамеша омодаи ҳаллу фасли қазияи об ва дигар қазияҳо аз тариқи муколама, гуфтушунид ва ҳамдигарфаҳмист. Вай ин ҳарфҳоро дар ҳоле баён дошта, ки Тоҷикистону Узбакистон солҳо инҷониб бар сари бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун баҳс доранд. Мақомоти Узбакистон мегӯянд, Тоҷикистон бо сохтмони Роғун контроли истифода аз захоири оби минтақаро ба даст гирифта ва ҳазорҳо гектар замини кишти ин кишварро ташналаб менамояд. Иддаое, ки ҷониби Тоҷикистон борҳо онро рад карда ва гуфтааст, нерӯгоҳи Роғун обро "намехӯрад" ва Тоҷикистон ҳам қасди ба шӯразор табдил додани заминҳои Узбакистонро надорад.

Бо ин ҳол, ахиран Узбакистон интиқоли газаш ба Тоҷикистонро қатъ карда ва релсҳои қитъаи роҳи оҳани "Ғалаба-Амузанг"-ро ҳам барсчидааст. Тоҷикистон ин ҳама амалкардҳои Узбакистонро фишор болои Тоҷикистон номида ва гуфтааст, Тошканд мехоҳад авзоъ дар кишварро муташанниҷ намояд.

Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбати худ бо нашрияи мисрӣ ҳамчунин дар мавзӯи вазъ дар Афғонистон ва Мисри баъд аз Ҳуснӣ Муборак сухан гуфтааст. Ин дувумин мусоҳибаи президент Раҳмон бо расонаҳои хориҷӣ дар як моҳи охир аст. Қабл аз ин, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо шабакаи "Евронюз" сӯҳбате анҷом дода, дар он бештар ба мавзӯи демократияу муносибати Тоҷикистону Русия ва вазъи муҳоҷирони тоҷик пардохта буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi