12:55:54 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

БАРОДАРИ БУЗУРГ: ФАСЛИ САРДИ РАВОБИТИ РУСИЯ ВА ТОҶИКИСТОН

Дар ҳоле ки 20 сол аз равобити диплумотики Русия ва Тоҷикистон ба унвони ду кишвари мустақил сипарӣ мешавад, бисёриҳо муътақиданд, ки Маскав ва Душанбе дар солҳои ахир сардтарин марҳила дар равобити худро таҷруба мекунанд.

/images/stories/2012/04/07_medvedev-i-rahmonov-7412.jpgБархе аз таҳлилгарон дар Душанбе бар ин боваранд, ки Русия дар Тоҷикистон ҳамчунон сиёсати ба истилоҳ "истеъморгарона" дорад ва барномаҳоеро дар ин кишвар ба нафъи худ пиёда мекунад. Вале иддаи дигар Русияро яке аз шуракои аслии Тоҷикистон медонанд, ки дар тавсеъаи иқтисодию иҷтимоъии ин кишвар нақши барозандае дорад.

Рӯзи 6 апрел мусодиф бо солгарди оғози равобити диплумотики Тоҷикистон ва Русия аст. Дар ин рӯз руасои ҷумҳури ду кишвар ба ҳамдигар паёмҳои шодбошӣ ирсол карданд. Дар ин паёмҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев, раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Русия, ба равобити танготанги ду кишвар ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кардаанд.

Дар паёми худ оқои Раҳмон навиштааст, ки равобити Тоҷикистон бо Русия бар асли "баробарӣ, эҳтироми якдигар, ба назар гирифтани манфиъатҳои якдигар, ёрии ҳамдигарӣ ва дастгирии якдигар" бино ёфта, ҳарчанд мунтақидон мегӯянд Душанбе вобастаи Русия аст ва ба ин кишвар ҳамчунон ба унвони "бародари бузург" бархӯрд мекунад.

"Сиёсати истеъморгарона"

Саймиддин Дӯстов, таҳлилгари масоили сиёсӣ дар Душанбе, мегӯяд, ки сатҳи муносиботи Русия ва Тоҷикистон дар ду соли ахир бениҳоят сард ва беранг шудааст. Вай гуфт, ки ин амр аз таърихи муносиботи садсолаи ин кишварҳо маншаъ мегирад.

Оқои Дӯстов бо ёдоварӣ аз ширкати Русия дар тақсимоти марзии "нодуруст ва сиёсати истеъморгаронаи" он кишвар дар Осиёи Миёна мегӯяд, ки мардум ва бавижа нухбагони Тоҷикистон ҳануз ин марҳила аз таърихро аз ёд набурдаанд. Вале оқои Дӯстов мегӯяд, ки имрӯз низ Русия дар Тоҷикистон манфиъатҳои худро меҷӯяд.

Вай афзуд: "Русия имрӯз хостори се чиз аз ҳукумати Тоҷикистон аст. Аввал ин ки Маскав мехоҳад ба таври ройгон пойгоҳи низомии худро барои ҳудуди 50 сол дар Тоҷикистон мустақар кунад. Дувум ин ки он кишвар мехоҳад аз фурӯдгоҳи низомии Айнӣ бидуни пардохти сармоя истифода кунад. Ва севум ин ки мехоҳад аз равобиташ бо ин кишвар суди иқтисодӣ ба даст орад."

Ба эътиқоди оқои Дӯстов, Русия ҳамасола аз ширкату корхонаҳои муштарак ва тарҳҳое, ки бо сармояи хеш дар Тоҷикистон иҷро кардааст, беш аз ним милёрд дулор суд мегирад. Аммо дар сурати гузаштҳои бештар ба Русия дар оянда истиқлоли Тоҷикистон бо хатар мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Вай афзуд: "Ҳануз мо шонс дорем, вале агар Президент Раҳмон гузаштҳое ба давлати Русия кунад ва баъд аз иҷрои тарҳое, монанди Иттиҳодияи гумрукӣ ва дигар барномаҳо, мо истиқлоли кишварро зери хатар хоҳем гузошт ва мо яке аз кишварҳои вобастаи Русия хоҳем шуд."

"Аммо агар президент ҷуръат кунад ва дар баробари русҳо истодагӣ кунад ва агар мардум муттаҳид шавад, пас мо як марҳалаи ҷадиди таҳкими истиқлоли Тоҷикистонро паси сар хоҳем кард."

Вале оқои Дӯстов афзуд, ки давлати Русия ҳамвора барои ҳалли масоили ба вуҷуд омада миёни он кишвар ва Тоҷикистон аз беш аз 500 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар кишвараш ба унвони фишанги фишор бар Душанбе истифода мекунад. Оқои Дӯстов ҳамчунин гуфт, ки дар сар задани ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон дар аввали солҳои 1990 низ Русия даст доштааст.

"Коҳиши табодули коло"

Дар ҳамин ҳол, Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон мегӯяд, ки мизони табодули коло миёни ин ду кишвар дар ҳоли афзоиш аст.

Зайниддин Муъминов, раиси бахши равобити хориҷии ин вазоратхона, ахиран ба Би-би-сӣ гуфт, ки мизони табодули коло байни Русия ва Тоҷикистон танҳо дар ду моҳи аввали соли равон беш аз 160 милюн дулорро ташкил дода ва дар муқоиса бо даврони мушобеҳ дар соли 2011 20 милюн дулор афзоиш ёфтааст.

Вай афзуд: "Ин омор дар соли 2011 беш аз як милёрду 35 милюнро ташкил дода ва дар муқоиса бо даврони мушобеҳ дар соли 2010 108 дарсад афзоишро нишон медиҳад."

Аммо оқои Муъминов мегӯяд, ки дар табодули коло миёни ин кишварҳо воридот аз Русия нақши бештаре дорад. Аз сӯйи дигар, бунёди нерӯгоҳи Сангтуда-1 яке аз тарҳҳои аслиест, ки дар як даҳаи ахир Русия дар Тоҷикистон пиёда сохтааст. Ҳамчунин, ин масъули вазорат Русияро яке аз шуракои муҳимми Тоҷикистон хонд ва афзуд, ки бештари маводди мавриди ниёзи аввалия барои Тоҷикистон аз он кишвар интиқол меёбад.

Дар соли 2011 Утоқи бозаргонии Русия дар Тоҷикистон намояндагии хешро фаъъол карда ва бо ин амр ба марҳалаи ҷадиди рушди тиҷорат миёни ду кишвар оғоз бахшидааст. Вале бо ин вуҷуд, гузоришҳои ғайрирасмӣ ҳокӣ аз коҳиши мизони гардиши коло миёни ин ду кишвар дар ду соли ахир будааст. Тибқи иттилоъи Вазорати иқтисоди Русия, дар муқоиса бо соли 2010 дар соли 2011 табодули коло миёни ин кишварҳо ҳашт дар сад коҳиш ёфтааст.

Колои аслие, ки Тоҷикистон ба Русия содир мекунад, маҳсулоти нассоҷӣ ва бархе аз анвоъи маводди ғизоӣ будааст. Гуфта мешавад, сабаби аслии коҳиши гардиши коло миёни ин кишварҳо "бозоргир набудани миқдоре аз маводди содиротӣ аз Тоҷикистон ба Русия аст."

Аз сӯйи дигар, масуълони давлати Тоҷикистон мизони табодули коло миёни Тоҷикистону Русияро дар ҳоли афзоиш тавсиф мекунанд.

Муҳоҷирон - фишанги фишор?

Аммо ба ақидаи бархе аз коршиносон, сар задани ихтилофи назарҳо миёни мақомоти Русия ва Тоҷикистон бар сари қазияи халабонҳо дар пойизи соли 2011 ва то андозае сард шудани равобити ин ду кишвар, яке аз авомиле буда, ки ба тавсеъаи равобити тиҷории ин кишварҳо латма задааст.

Дар моҳи ноябри соли 2011, додгоҳи шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, халабонҳои русу эстуниёиро дар убури ғайриқонунӣ аз марз, қочоқ ва риъоят накардани меъёрҳои байналмилалии ҳавонавардӣ муҷрим шинохта ва ба 8,5 сол зиндон маҳкум кард.

Дар пайи афзоиши фишорҳои Русия бар давлати Тоҷикистон, додгоҳи вилояти Хатлон зимни бознигарӣ дар қазияи халабонҳо, онҳоро маҳкум ба ҳабс ва сипас, тибқи қонуни афв маъоф кард. Ҳамчунин коршиносон ба қазияи дигаре, ки гуфта мешавад муносиботи миёни ду ҷонибро то андозае хадшадор карда, ишора мекунанд, ки он муноқиша бар сари корхонаи олуминиюм будааст.

Аз сӯйи дигар, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадорисаршинос, мегӯяд, ки яке аз сабабҳои "нороҳат шудани" Русия аз Тоҷикистон он аст, ки ахиран мақомоти тоҷик сиёсати дарҳои боз барои куллияи кишварҳои ҷаҳонро пеша кардаанд ва "шояд русҳо аз тоҷикҳо ранҷидаанд."

Вай мегӯяд, ки мебояд дар муносибот бо Русия Тоҷикистон аз марҳалаи ироаи кумакҳо ба ҳамкориҳои судманди дуҷониба гузарад.

Ӯ афзуд: "Аз тавофуқоти сулҳи тоҷикон 15 сол сипарӣ мешавад ва мо ҳоло набояд бинолем, ки ба мо кумакҳо ироа шавад. Ва мо на газ дорему на нафт, ки барои Русия истихроҷ ва истифодаи он судманд бошад. Ба ин хотир, мо бояд бо Русия бештар дар масоили сиёсӣ ҳамкориҳо бикунем."

Оқои Тӯраҷонзода, ки ҳафт сол симати муъовини нахуствазири Тоҷикистонро бар уҳда дошт ва раҳбари бахши равобит бо кишварҳои мустақили ҳамсуд буд, мегӯяд: "Замоне ки ман сари кор будам, дар яке аз мулоқотҳо ба Примаков пешниҳод карда будам, ки барои интиқоли пул ба Тоҷикистон барои тоҷикон имтиёз диҳанд. Ва он замон Русия розӣ шуд, ки барои интиқоли то даҳ ҳазор дулор ба Тоҷикистон мадорики вижае пешниҳод нашавад."

Ба гуфтаи оқои Тураҷонзода, то имрӯз муҳоҷирони тоҷик ҳангоми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон мушкиле надоранд. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон тавассути муҳоҷирони тоҷик беш аз ду милёрд дулор интиқол меёбад.

Коршиносон мегӯянд, ки вазъи иқтисод ва зиндагии иҷтимоъии сокинони Тоҷикистон ба маблағҳое, ки муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон мефирситанд, сахт бастагӣ дорад. Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, дар соли соли 2011 муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон беш 2 милёрду 500 милюн дулор интиқол додаанд.

Заринаи Хушвақт, Би-би-сӣ, Душанбе



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi