19:07:24 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"НИГОҲ": ЧАҲОР МАҚОМИ АРШАДИ ТОҶИКИСТОН БОЯД МУҶОЗОТ ШАВАНД

Гул Шералӣ, Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, Маҳмадсаид Зувайдов ва Саидаҳмад Шарофиддинов бояд тибқи қонуни кайфарии Тоҷикистон аз 2 то ба 5 сол равонаи зиндон шаванд. Ин пешниҳод дар матлабе дар нашрияи "Нигоҳ" матраҳ шудааст. Муаллифи ин матлаб раҳбарони вазорати энержӣ ва саноеъ, ширкатҳои "Роҳи оҳани Тоҷикистон", "Тоҷиктрансгаз" ва "Тоҷиксемент"-ро ба "беъамалӣ зимни иҷрои вазоифашон" муттаҳам кардааст.

/images/stories/2012/04/12_nigoh-papers-1212.jpgДар ин нашрия омадааст, ки ин афрод дар вокуниш ба барчида шудани роҳи оҳан аз Узбакистон ба вилояти Хатлон ва қатъи интиқоли гози табиъӣ аз Узбакистон ҳеч иқдоме анҷом надодаанд. Ҳарамгули Қодир ва Қиёми Нур, муаллифони ин матлаб менависанд: "Беъамалии онҳо истиқлоли Тоҷикистон ва саботи ҷомеъаро дар хатар гузоштааст."

Дар робита бо фаъъолияти Амонуллоҳи Ҳукуматуло гуфта мешавад, ки агар раиси ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" бамавқеъ сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвонро анҷом дода буд, ҳоло хисороти барчида шудани қитъаи роҳи Амузанг-Хатлон чандон эҳсос намешуд.

Муаллифон афзудаанд: "Барчидани ин қитъаи роҳи оҳан дар Узбакистон роҳ надодани Тоҷикистон ба хидматрасонии (хадамоти) луҷестикии "Шабакаи шимолӣ" - роҳи олтернотиви таъмини нерӯҳои НОТУ дар Афғонистон аст."

Ба эътиқоди онҳо, агар ширкати "Роҳи оҳани Тоҷикистон" хатароти ношӣ аз қатъи фаъъолияти роҳи оҳанро бамавқеъ дарк карда буд, "як кишвар ва як ҳукумат ба чунин ҳол гирифтор намешуд."

Дар мавриди фаъъолияти Маҳмадсаид Зувайдов, раиси корхонаи "Тоҷиксемент", дар мақола омадааст, ки ин ширкат бояд аз муддатҳо қабл тадобиреро рӯйи даст мегирифт, то имкони тавлиди симон аз зуғолсанг фароҳам шавад.

"Чаро ширкати "Талко" аз Зиддӣ зуғолсанг бурда (ва) то ҷое ниёзҳои худ ба гозро бароварда сохту "Тоҷиксемент", ки ба ин кони ангишт наздиктар аст, ин иқдомро анҷом надодааст?.. Қатъи тавлиди симон ба раванди иҷрои тарҳи "Роғун" латмаи ҷиддӣ ворид месозад."

Дар робита бо Саидаҳмад Шарофиддинов, раиси "Тоҷиктрансгаз" ин суол матраҳ шудааст, ки дар Тоҷикистон ду ширкати хориҷии "Газпром" ва "Тетис" машғули ҷустуҷӯйи гоз ҳастанд, вале "Тоҷиктрансгаз" чи кореро анҷом дод, ки мушкили гози Узбакистонро ҳал кунад?

Нашрия овардааст: "Саидаҳмад Шарофиддинов худ натавонист дар авоили соли ҷорӣ барои харидории гоз бо Узбакистон созиш кунад ва давлати Тоҷикистон ночор шуд Муродалӣ Алимардон, муъовини нахуствазирро, ба Тошканд эъзом кунад."

Бахше аз мақолаи нашрияи "Нигоҳ" зери унвони "Вақт омад..." ба фаъъолияти Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон бахшида шудааст. Муаллифон куллияи мушкилоти энержии Тоҷикистонро ба фаъъолияти ин узви кобинеи давлат иртибот додаанд.

Муаллифон бо ишора ба ин сухани шоъири рус, ки гуфта буд "вақте ҳизб мегӯем, мардумро дар назар дорем ва вақте мардум мегӯем, ҳизбро" ба таври танзомез навиштаанд: "Ба қавли Маяковский (шоъири рус), проблемаи (мушкили) барқу энержӣ гуфта, Гул Шералиро дар назар дорем, Гул Шералӣ гуфта, проблемаи энержиро."

Дар ин мақола аз ин чаҳор мақоми давлатии Тоҷикистон ин суол матраҳ шудааст, ки оё "саҳми худро дар рӯзҳои бади мо ҳис мекунед, ё не?!!"

Ба эътиқоди нависандагон, фаъъолияти ин афрод як навъ "беъамалии ҷиноӣ аст", вале дар қонуни кайфарии Тоҷикистон чунин моддае вуҷуд надорад. Аммо дар моддаи 315 барои беъамалии ходимони давлатӣ ҷазои аз ду то ба панҷ сол зиндон муқаррар шудааст.

Саймуддин Дӯстов, раиси Бунёди "Индэм" ва муассиси нашрияи "Нигоҳ" дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки пешниҳоди муҷозоти мақомоти тоҷик дар таърихи истиқлоли кишвар бесобиқа аст.

Вай гуфт: "Мисле, ки мушкили мо ҳам бо Узбакистон ба ин ҳад нарасида буду чунин зарари ҳангуфт ҳам набуд. Мо аз вуҷуди ҷиноят аз беъамалӣ, ки моддаи 31-и Қонуни кайфарии (кодекси ҷиноии) Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, иттилоъ додем."

"Мо далел овардем, ки кирдори ҷиноят вуҷуд дорад, тасмим бошад ба мақомот вобаста аст. Рисолати мо иҷро шуд, масъулиятшиносии онҳо акнун имтиҳони мардумӣ мешавад."

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi