23:24:43 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ИМИҶСОЗИИ ТОҶИКИСТОН. АЗ "ОГОНЁК" ТО "ЕВРОНЮС"

Сафири Тоҷикистон дар ИА Рустамҷон Солиев бо сардабири шабакаи телевизионӣ Евронюс Питер Барабас, мавзӯъи идомаи ҳамкориҳои Евронюс бо Душанберо баррасӣ кардааст.

/images/stories/2012/04/13_kasri-millat-1312.jpgЕвронюс, ки барномаҳояш ба 16 забон пахш мешавад, дар рӯзҳои Наврӯз аз Тоҷикистон 6 гузориш ва мусоҳибаи ихтисосӣ бо раиси ин ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро нашр кард, ки бахше аз талошҳои Душанбе барои беҳбуди имиҷи Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Питер Барабас ҳам гуфта, ки гузоришҳои Евронюс дар шакл додани як симои мусбати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши умдаеро иҷро кард.

Р.Солиев: Евронюс фикрҳоро тағйир дод

Рустамҷон Солиев дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо мо гуфт,  ҳадаф нишон додани воқеъиятҳои имрӯзи Тоҷикистон ва мардумаш буд, ки тоҷикон фақат гастарбайтер ё қочоқбари маводи мухаддир нестанд ва авзоъ ҳам дар кишвар орому мӯътадил аст, ки сармоягузорон беибо ба он таваҷҷӯҳ кунанд ва сайёҳон низ

​​ба тамошои Тоҷикистон бираванд. Оқои Солиев мегӯяд, гузоришҳои Евронюс алакай таъсири мусбат гузошта, дар рӯзҳои охир муроҷиати афрод ва ширкатҳои алоқаманд барои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва сафар ба ин кишвар меафзояд. Ӯ афзуд, онҳо мехоҳанд таҷрубаи ҳосилшудаи ҳамкорӣ бо Евронюсро бо расонаҳои дигари мӯътабари байналмилалӣ низ истифода кунанд.

Бо умеди ТАЛКО

Мақомоти Тоҷикистон дар гузашта ҳам талошҳое доштанд барои беҳтар кардани имиҷи байналмилалии кишвар, ки намунаҳояш ташкили сафари хабарнигорони мунтақиди рус ва ҳам харидории як шумораи комили маҷаллаи русии “Огонёк” дар поёни солҳои 90 буд. Аммо он ҳама маъмулан бо талоши сохтани симои мусбати кишвар дар Русия ва паҳнои шӯравии собиқ маҳдуд мешуд. Тарҳҳои ахир ҳокист, ки Душанбе акнун дар чунин талошҳояш ба маҳдудаи хеле бузургтар аз шӯравии собиқ фикр мекунад.

Дар Тоҷикистон ҳатто як маркази вижаи имиҷсозӣ ҳам сохтаанд, ки тағйири афкори ҷомиа дар кишварҳои муҳоҷирпазир нисбат ба мардикорони тоҷикро дунбол мекунад. Аммо наворҳои таблиғӣ барои Евронюс бо ҳимояти молии ТАЛКО таҳия шуда буд, ки акнун дар пайи қатъ шудани воридоти газ аз Узбакистон ба вазъи мушкиле рӯбарӯ шуда, аз идомаи таъмини молии тарҳҳои пурҳазинаи марбут ба беҳбуди имиҷи Тоҷикистон дар ояндаи кӯтоҳ шояд худдорӣ кунад.

​​Игор Сатторов, сухангӯи ин бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон гуфт, наворҳои таблиғии соли 2011 тӯҳфаи ин корхона ба 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон буд, вале беҳтар ин аст, ки аз ин ба баъд ба сохтани имиҷи мусбати кишвар ниҳодҳои манфиатдор ба ҷалби сармоя ва сайёҳ, барои мисол, ширкатҳои ҷаҳонгардӣ, машғул шаванд:

“Вазифаи асосии мо тавлиди алюминий аст. Ва ман ҳоло наметавонам замонат бидиҳам, ки мо ҳамоно ба ҳайси спонсор амал мекунем. Дар инҷо ширкатҳои дигари зиёде ҳаст, ки қодиранд ба ин ибтикори мо ҳамроҳ шуда, онро идома диҳанд. Мо дар оянда ҳам, албатта, аз чунин ибтикорҳо ҳимоят хоҳем кард, чунки ТАЛКО нисбат ба обрӯи кишвар ва ин ки Тоҷикистон дар хориҷ, аз ҷумла дар Аврупо чигуна муаррифӣ мешавад, бефарқ нест.”

Ифтихор аз таблиғи кишвари худ

Ташкили сафари Тесак – як раҳбари сартарошидаҳои рус ба Тоҷикистон, ки ба бадгӯиҳои ӯ нисбат ба муҳоҷирони тоҷик ва Тоҷикистон таъсире накард, маҳофилро хеле нороҳат кард. Вале дар ҷомиаи Тоҷикистон аз таҷрубаи мусбати ҳамкорӣ бо Евронюс истиқбол ва то ҷое ифтихор ҳам мекунанд, ки кишвар дар пайи сели ахбори аксаран манфиву интиқодӣ акнун дар чашми ҷомиаи хориҷӣ ба гунае мусбаттар ҷилва мекунад.

​​Зафар Абдуллоев, хабарнигори тоҷик, ки чанд сол боз ба зарурати роҳандозии чунин барномаҳо пойфишорӣ мекард, мегӯяд: “Ин корро дуруст ва лозим медонам. Албатта, вуруд ба бозори матбуоти аврупоӣ, чун Евронюс, кори пурхарҷ аст, вале ба ҷои сарфи маблағҳои ҳангуфт ба сохтани қасру кӯшкҳо ва таҳвили пул ба минтақаҳои оффшорӣ бигзор барои чунин коре масраф кунанд, ки ҳам ба давлат ва ҳам ба ҷомиаи мо нигоҳи мусбат меорад. Вале ин корро метавонистанд бо шеваҳои хеле муассиртар ҳам анҷом диҳанд.”

Саймуддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлилии Индем, ки як бахши фаъолияташ имиҷсозист, мегӯяд, танҳо чизе ки дар ин раванди обрӯсозиҳои Тоҷикистон манфист, ношаффофият аст, ки бармегардад ба табиати низоми ҳоким дар ин кишвар: “Дар муҳити иттилоотии ҷаҳон мо аслан як имиҷи манфӣ дорем ва дар муҳити расонаии Русия мо як предмети хандахариши ноширону журналистон, сиёсатмадорон ва ҳатто аҳли зиё шудаем. Албатта, барои як ҳуввияти тоҷикӣ тоқат кардани ин ҳама сахт аст ва дар назди ҳукумат ва ҷомиа вазифаи боло бурдани имиҷи кишвар дар чашми ҷаҳониён вуҷуд дорад.”

Рӯи сабза - ҷои хоби сайёҳи хориҷӣ

Бо ин ҳол, ба назари аксар, барои ҷалби сармоядори хориҷӣ беҳтар аст, ки барояш шароити пуримтиёз бисозанд, то сарфи маблағ ба чанд навори таблиғотӣ. Ва ҳамин тавр, сайёҳонро бояд бо сохтани роҳҳову меҳмонхонаҳои замонавӣ ва хидматрасонии хубу мураттаб ҷалб кард, ки берун аз Душанбе қариб дида намешавад.

Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори нашрияи “Озодагон” мегӯяд, наворҳои Евронюс, албатта, таъсири мусбат гузошт, вале кори амалии давлат барои ислоҳи шароит метавонист дар шакл додани симои мусбати Тоҷикистон дар чашми хориҷиён хидмати бештар кунад: “Сайёҳи хориҷӣ танҳо баъди дидани як навор азми сафар ​​намекунад. Онҳо метавонанд вазъи Тоҷикистонро дар Интернет аз Google ё Yandex ҷустуҷӯ кунанд ва мебинанд, ки аксари хабарҳо аз камбудиҳои Тоҷикистон сӯҳбат мекунанд. Аз ин рӯ, мақомот бояд вазъро дар амал дигар кунанд, натанҳо дар чанд навору афсонасозӣ.”

Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон моломоли сӯҳбатҳои меҳмони хориҷист, ки аз меҳмоннавозии мардуми тоҷику табиати зебои ин кишвар тавсиф мекунанд. Аммо бисёри хориҷиҳо аз шароити зиндагӣ ва кор дар ин кишвар чандон розӣ нестанд. Бахусус вақте ин шароитро бо кишвари худ ё кишварҳои дигари минтақа муқоиса мекунанд.

Ораш, як соҳибкори эронӣ, мегӯяд, шароити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҳам назар ба Туркия ё Қазоқистон хеле бадтар аст: “Фазо ба он наҳве, ки як сармоягузори хориҷӣ эҳсоси амният бикунад, фикр намекунам, ки алъон муҳайё бошад. Ман 7 моҳ боз инҷо кор мекунам, вале аз тарафи давлат ҳимояте надидам. Ҳатто сангандозӣ ҳам карданд ба ман аз ин ҷиҳат, ки шумо ба унвони як хориҷӣ наметавонед дар соҳаи нуқраву тило фаъолият кунед. Вақте сармоягузор мутмаин набошад, ки сармояаш амн аст ва сӯде хоҳад дод, ҳеҷ гоҳ риск намекунад.”

Қалъаи то ҳол бе меҳмонхонаи Ҳисор

Бештари сайёҳон ба Тоҷикистон барои кӯҳнавардӣ меоянд, чунки кишвар маконҳои зиёди таърихӣ надорад. Дар пойтахт дар чанд соли охир барои ҷалби сайёҳон меҳмонхонаҳои хуб зиёд сохтанд, вале берун аз Душанбе сайёҳи хориҷӣ гирифтори ҳазору як мушкилот, чун роҳҳои харобу набуди меҳмонхонаҳои муҷаҳҳаз ва ҳам ба мушкили забонӣ рӯбарӯ мешавад. Барои мисол, дар атрофи Қалъаи Ҳисор - яке аз маконҳои ангуштшумори таърихии Тоҷикистон то ҳол ягон меҳмонхона насохтаанд, ки сайёҳи хориҷӣ шабашро рӯз кунад.

​​Исмат Дӯстёров, як сокини рустои Қалъаи Ҳисор мегӯяд, чандин бор сайёҳонеро дидааст, ки дар дохили мошин ё дар рӯи сабза хоб мераванд: “Як дафъа шаб омадам, ки ду хориҷӣ дар дохили мошин хобанд. Ман лафзи онҳоро нафаҳмидам, бо имову ишора ба хона даъваташон кардам, ки не гуфтанд. Онҳо тамошои қалъа меоянд ва баъд ба тарафи Конинамак тамошо мераванд. Вале вақте баргаштанд, ки шаб шуда буд ва ҷои хобе намеёбанд. Дар Қалъа ва дар тамоми ноҳияи Ҳисор мо ягон меҳмонхона надорем.”

Навбати Узбакистон шуд

Ба дунболи Тоҷикистон, Евронюс ахиран ба пахши гузоришҳо аз Узбакистон ҳам оғоз кард. Ҳамин тавр, раиси он ҷумҳурӣ Ислом Каримов дар пайи чанд ҷанҷоли марбут ба ғасби молу мулки ширкатҳои хориҷӣ ахиран бо як фармони вижа ба ширкатҳои хориҷӣ барои 10 сол аз андоз имтиёз дод ва ба мақомоташ ҳам амр кардааст, то ба фаъолияти сармоягузорони хориҷӣ зиёд дахолат накунанд.

Узбакистон бо имконоти фаровонтари молиаш метавонад ба фарқ аз Тоҷикистони фақир барои беҳбуди имиҷи худ маблағҳои ҳангуфте ҷудо кунад. Вале табдили имиҷи ин кишвар, ки худкоматарин низоми Осиёи Марказӣ ва раисиҷумҳураш, ба таъбири нашрияи бритониёии “Independent”, “бадтарин диктатори дунё” таъриф мешавад,  низ талоши ба маротиб бештарро талаб мекунад.

Албатта, обрӯсозӣ дар ҷаҳон як амри маъмулист ва дар Ғарб давлатҳо ба ин хотир ниҳодҳои вижае таъсис дода, маблағҳои ҳангуфт ҳам ихтисос медиҳанд. Амрико, барои мисол, чанд сол пеш барои беҳтар кардани имиҷаш дар ҷаҳони Ислом зери 1 миллиард доллар ҷудо карда буд. Ҳамин тавр, як ҳадафи ғайримустақим аз ёриҳои башардӯстона ва билоивази кишварҳои пешрафта ба кишварҳои фақиртари дунё низ ҳамин обрӯсозист.

Блейер дар давлати Назарбоев чӣ мекунад?

Аммо ба назари маҳофил, ҳадафи низомҳои Осиёи Марказӣ аз ин имиҷсозиҳо дар дарозмуддат маҳз табдили фикри шаклгирифта дар бораи табиати худкомаи ин низомҳост, ки собиқаи раёсати се ҳокимаш ба 20 сол мерасад. Дар ин сабқати “обрӯсозӣ” Қазоқистони саршор аз нафту газу маодин пешгом аст, ки барои таблиғи худ дар расонаҳои хориҷӣ ҳамасола миллионҳо доллар ҷудо мекунад. Аз ҷумла барои чопи чунин матолиб дар матбуоти тоҷик.

Ба мақоми мушовири президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев истихдом шудани сарвазири собиқи Бритониё Тонӣ Блейер низ бахше аз чунин талошҳо барои сохтани симои мусбати Назарбоев ва давлати ӯ унвон мешавад. Албатта, Блейер дигар он “паҳлавон”-и сиёсати дунё нест, ки 10 сол пеш буд, вале ҳузури ӯ, ба ақидаи мақомоти қазоқ, таассуроти манфӣ аз низоми ҳоким дар ин кишварро, ба ҳар сурат, коҳиш медиҳад.

“Моли содиротӣ” барои Душанбе

Тоҷикистони фақир ва маҳрум аз нафту газ, албатта, дар ин сабқати имиҷсозӣ наметавонад бо ин ду ҳамсояи сарватмандаш дар як вазн рақобат кунад. Вале Саймуддин Дӯстов, раҳбари маркази таҳлилии Индем мегӯяд, Душанбе метавонад азмаш барои ислоҳотро ба як “моли содиротӣ” табдил диҳад ва обрӯи худро аз ин роҳ боло барад:

​​“Беҳтарин тарғиб амал аст. Гурҷистонро бубинед, ки новобаста ба вазъи сахт ва мушкилоте, ки бо ҳамсояи аз ҳамсояи мо дида пурқувваттараш дорад, тавонист сиёсатҳояшро тавре ба роҳ монад, ки дар арсаи ҷаҳонӣ шарикон пайдо кунад. Ва даст зад ба ислоҳоти амиқе, ки имрӯз аз бисёр лиҳоз ҳатто аз рақиби сарсахташ – Русия – пешгомтар аст. Ҳукумати моро ҳам лозим аст, худро тағйир дода, эълон кунад, ки на як ҳукумати худкома, балки рӯ ба демократия аст. Ақаллан рӯ ба демократия.”

Ҳумайрои Бахтиёр мӯътақид аст, ки обрӯи ҳар кишвар вақте боло хоҳад рафт, ки ба сурати кулл пешрафт кунад: “Вақте кишвар рушд кард, вақте тамоми шароит фароҳам шуд (ва нафақат барои сайёҳон, балки барои худи мардуми бумӣ ҳам), вақте тамоми роҳҳо обод шуд, чӣ сайёҳ ва чӣ сармоягузор худ азми Тоҷикистон мекунад. Набояд дар пайи барномаҳои махсус барои ҷалби танҳо сайёҳон шуд. Бояд дар фикри рушди тамоми кишвар шуд, натанҳо як туризм.”

Театр аз гардероб ва ҳар кишвар аз фурудгоҳаш оғоз мешавад. Ба гуфтаи як ҳамсӯҳбати мо, агар Тоҷикистон ҷиддан дар фикри беҳтар кардани имиҷи худ бошад, бояд дар қадами аввал ба ҷои он лашкари мардони ҳузарбу дуруштмуомила дар гузаргоҳҳои марзии фурудгоҳҳояш гулдухтарони тоҷик, барои мисол, барандагони озмуни “Чакомаи гесӯ”-ро бинишонад, ки меҳмонони хориҷиро бо лаби пурханда пешвоз бигиранду низ бо чеҳраи хандон гусел кунанд. Зеро дар зеҳни аксар асосан ҳамин ду таассуроти аввал ва охир мемонад.

Мирзои Салимпур, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi