21:43:52 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РАҲМОН: ПУТИН БИСЁР МЕПУРСИД, КИ БА АМРИКО ПОЙГОҲ ДОДАЕМ?

 

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, кишвараш дар муносибат бо Русия "бозӣ" намекунад. Ин матлабро раисиҷумҳури Тоҷикистон дар расми ифтитоҳи бинои Филиали донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ “МИСиС” дар шаҳри Душанбе рӯзи сешанбеи 17-уми апрел баён дошт.

/images/stories/2012/04/17_janobi-rahmon_1712.jpgӮ афзуд, Тоҷикистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки Русия дар қаламраваш беш аз ҳама иншооти муҳими стратегӣ дорад, аз қабили пойгоҳи низомии 201-ум, маркази назорати кайҳонии "Окно" дар Норак ва ғайраву ҳоказо. Президент Раҳмон мӯътақид аст, ки дар бораи Тоҷикистон ба раҳбарияти Русия иттилои нодуруст мерасонанд. Вай сарусадоҳои ахир дар робита ба генотсиди русҳо дар Тоҷикистонро ҳам зикр карда, аз таърих мисоли дигаре овард:

"Пас аз шурӯи амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон раҳбари вақти Русия аз ман дар як рӯз се бор пурсид: "Ба ман гуфтанд, ки дар Кӯлоб пойгоҳи низомии Амрико вуҷуд дорад. Ин дуруст аст?" Ман посух додам, ки "ҷаноби раисиҷумҳур дар Кӯлоб як полки тиарндозии 201 иборат аз 2 ҳазор афсару сарбози Русия ҳузур доранд. Ба мо бовар накунед, аз онҳо пурсед".

Эмомалӣ Раҳмон Русияро ягона шарики стратегии Тоҷикистон унвон кард ва афзуд, аммо дар ҳоле шарики стратегияшро эҳтиром мекунад, ки шарики стратегӣ низ Тоҷикистонро эҳтиром кунад. Вай аз Константин Косачев намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури ИДМ, ки дар ин маросим ширкат дошт, хоҳиш кард, ин мавқеи ӯро метавонад ба раҳбарияти кишвараш расонанд.

Дар ниҳоят раисиҷмуҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки ин суханонро на ба хотири худро сафед кардан ва дастгирӣ дидан дар интихоботи президентии соли 2013 мегӯяд. Вай афзуд, Тоҷикистон ҳамеша дар канори шарики стратегии худ аст ва ахирӣ ҳам бояд дар рӯзҳои вазнин дар канори Тоҷикистон бошад.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi