14:01:20 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 30 31

ВАКИЛИ ДИФОЪИ КУМИТАИ ДИН: «ТӮРАҶОНЗОДАҲО ДАР ДОДГОҲ ТАНҲО БА ҲАЙСИ ШУНАВАНДА БОШАНД»

Рӯзи 16-уми апрел дар додгоҳи ноҳияи Ваҳдат аввалин ҷаласа аз рӯи аризаи шикоятии Кумитаи оид ба дини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи дар оянда ҳамчун масҷиди ҷомеъ фаъолият кардан ва ё накардани масҷиди Муҳаммадия, мавсум ба «масҷиди бародарон Тӯраҷонзодаҳо» баргузор гардид. Ба гуфтаи як тан аз узви ин хонадон, сиёсатмадори маъруфи кишвар Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ба ин ҷаласаи додгоҳӣ яке аз бародарон Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода расман даъват шуда буду халос.

/images/stories/2012/04/17_turajonzodaho-1712.jpgДар оғози ҷаласа вакили дифоъи ҷониби Кумитаи дин аз раиси додгоҳ дархост кардааст, ки ба ҷаласаҳои додгоҳӣ аз ин ба баъд бародарон Тӯраҷонзодаҳо даъват карда нашаванд. Зеро дар ҳоли ҳозир имом хатиби масҷиди мазкур шаҳрванд Вайсиддин Қурбонов мебошад ва танҳо ӯ бояд ба саволҳои матраҳшуда посух бидиҳад.

Агар бародарон Тӯраҷонзодаҳо мехоҳанд дар ин ҷаласаҳо ширкат бикунанд, метавонанд ба ҳайси шунаванда бошанд. Чуноне, ки Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода меафзояд, раиси додгоҳ ин пешниҳоди вакили дифои Кумитаи динро ба инобат гирифтааст. Дар ҳамин ҳол Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мӯътақид аст, ки посухгӯ дар ин мурофиъа бояд яке аз бародарони ӯ Эшони Маҳмудҷони Тӯраҷонзода бошанд.

Зеро то расман мутаваққиф шудани фаъолияти масҷиди ҷомеъ маҳз ӯ яке аз имом хатибони масҷиди «Муҳаммадия» будааст. Вайсиддин Қурбонов бошад баъди манъ кардани фаъолияти масҷиди ҷомеъ имоми масҷиди панҷвақта таъйин гардидааст. Дар додгоҳ бошад масъалаи ба ҳайси масҷиди ҷомеъ фаъолият кардан ва ё накардани масҷиди «Муҳаммадия» баррасӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 13-уми декабри соли гузашта Эшони Нуриддин Тӯраҷонзода ва бародараш эшони Маҳмуд, аз вазифаҳои худ ҳамчун имом -хатиб ва муовини имом –хатиби масҷиди «Муҳаммадия» барканор шуда буданд. Фаъолияти ин масҷиди ҷомеъро низ ба муддати се моҳ манъ карда буданд, яъне дар ин масҷид хондани намози ҷумъа манъ карда шуда буд.

Масҷиди мазкур ҳамчун масҷиди панҷвақта фаъолият мекард ва масъулияти дар намозҳо пеш гузаштан ва намозҳоро ҳамчун имом хондан ба дӯши шаҳрванд Вайсиддин Қурбонов вогузор карда шуда буд. Бо гузашти се моҳ чанд вақт пеш вакилони маҷлиси ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Ваҳдат қарор қабул карданд, ки «азбаски дар ноҳияи масоҷиди зиёде ба қайд гирифта шудааст, зарурат ба дубора фаъол шудани масҷиди «Муҳаммадия» нест.

Аз ин рӯ дари масҷиди «Муҳаммадия» ҳамчун масҷиди ҷомеъ баста шавад. Инак Кумитаи дини ҶТ аз суди ин ноҳия дархост кардааст, ки фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия» мавриди баррасӣ қарор бигирад ва қарори худро дар бораи фаъолият кардан ва ё накардани он содир намояд. Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат баррасии ин масъаларо имрӯз идома хоҳад дод.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi