03:33:40 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲНИТ АЗ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН ТАВЗЕҲ МЕХОҲАД

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, бо ирсоли як номаи расмӣ аз дастгоҳи раёсати ҷумҳурии ин кишвар рӯшан кардани он чи муҳтавои прутукули махфии давлати Тоҷикистон медонадро дархост кунад. Дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ, ки рӯзи сешанбеи 17 апрел баргузор шуд, таъкид шудааст, “то ҳол муҳтавои бандҳои ин прутукул рӯшан нестанд.”

/images/stories/2012/04/17_sayfullozoda_1712.jpgҲикматулло Сайфуллозода, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки номаи расмӣ ба давлати Тоҷикистон аз тариқи намояндагони ин ҳизб дар порлумони кишвар ироъа хоҳад шуд. Оқои Сайфуллозода гуфт: “Ҳадаф аз фиристодани номаи расмӣ аз тариқи намояндагони ҲНИТ дар порлумон ин аст, ки дар сурати сиррӣ будани санад онҳо имкони дастрасӣ ба онро хоҳанд дошт. Онҳо метавонанд бо муҳтавои ин санад ошно шуда, аммо сирро нигоҳ доранд.”

Ҳамзамон, ӯ гуфт, ин дархост ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ пас аз паёми солонаи Президент Раҳмон ба порлумони Тоҷикистон ва ошноӣ ба масоили матруҳа дар ин паём ирсол хоҳад шуд. Зимнан, дар ҳафтаи гузашта Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, дар посух ба дархости намояндагони порлумон аз Ҳизби наҳзати исломӣ муҳтавои мусаваббаи давлати Тоҷикистон мавсум ба “протукули 32-20”-ро бепоя хонда буд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯйи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, ки оқои Салимзода баргузории чунин ҷаласа дар ҳузури раиси ҷумҳуриро таъйид карда, аммо гуфтааст, ки мӯҳтавои матлаби мунташиршуда дар сойти интернетии "звезда.ру", сойти наздик ба ниҳодҳои низомии Русия тақаллубӣ аст.

Ба гуфтаи оқои Сайфуллозода дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар мавриди мавзӯъи муҳтавои тақаллубӣ баҳсу баррасӣ сурат гирифтааст. Ӯ гуфт: “Чи чиз тақаллуб шудааст? Чизе ки дар матбуъоти хориҷӣ чоп шуд, мегӯянд, ки ҳақиқат надорад. Кадом нукоти он ҳақиқат надорад? Бояд ин маълум шавад.”

Дар моҳи гузашта сойти интернетии “zvezda.ru” дар матлабе бо номи “Тоҷикистон дар пешорӯи инқилоб” аз тарҳи вижаи давлати Тоҷикистон алайҳи ҲНИТ ва тарафдорони он хабар дода буд. Дар ин матлаб таъкид шуда буд, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласае бо мақомоти ниҳодҳои амниятию интизомии кишвар дар моҳи ноябри соли гузашта хостааст, то фаъъолияти ҲНИТ, "хусусан масъулону раҳбарони сохторҳои ибтидоии онро таҳти назорати қатъӣ ва доимӣ" қарор диҳанд.

Ҳамчунин, ба ниҳодҳои зидахл дастур шуда буд, "феҳристи комили аъзои ҳизб ва маҳаллу суроғаи зисти онҳоро" муъайян ва "тарзу услуби кори таблиғотии ҳизбро" ошкор кунанд ва барои берун кашидани онҳо аз суфуфи ҳизб, "аз ҷумла бо роҳи ташвиқ", тадобире бияндешанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон ин иттилоъро бепоя ва бӯҳтон хонда ва гуфта буданд, ки Додситонии кулл ба таҳқиқи матлаби сойти интернетии “zvezda.ru” пардохтааст.

Аз сӯйи дигар, Додситонии кулл ва ниҳодҳои молиётии Тоҷикистон бозрасии фаъъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро оғоз кардааст. Масъулони ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, ки ин гуна бозрасиҳо дар миёни ҷонибдорони ҲНИТ чунин тасаввуреро ба миён овардааст, ки асноди дарзшуда тақаллубӣ нестанд ва бозрасии фаъъолияти дафтари марказии ҳизб зоҳиран "идомаи ҳамон барнома" аст.

Яке аз далоили чунин бардоштҳо ин аст, ки бозрасони додситонӣ дар минтақаҳо ба масъулони маҳаллии ҲНИТ "саволномаеро" пешниҳод кардаанд ва ба гуфтаи масъулини ин ҳизб ин суолот ба муҳтавои "протукули 32-20" мутобиқ аст. Гуфта мешавад, ки раҳбарияти ҲНИТ ин "саволномаро" қабл аз интишори матлаби "Тоҷикистон дар пешоруи инқилоб" дарёфт кардаанд. Вуҷуди ин "саволномаро" Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон дар посухи худ ба раҳбарияти ҲНИТ низ таъйид кардааст.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муъовини раиси ҲНИТ дар ин робита гуфт: «Чунин супорише аз тарафи Додситонӣ анҷом ёфтааст. Ин ниҳод дар посухи худ бо таассуф гуфтааст, ки ин супориш тибқи муқаррарот бояд, ки ба касе дода намешуд, вале кормандонашон камбудӣ карда, онро ба намояндагони ҲНИТ додаанд.»

Додситонӣ дастрасии аҳзоб ба нусхаи ин супориши «раҳнамоикунанда»-ро «таассуфовар» хонда, кормандони додситоние, ки онро ба намояндагони аҳзоб додаанд, ба ҷавобгарии интизомӣ кашидааст.
Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi