16:05:44 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

ҲНИТ РОҲИ ҲАЛЛИ ҚАЗИЯИ «ПРОТОКОЛИ 32-20»-РО ПЕШНИҲОД КАРД

17-уми апрел ҷаласаи Шӯрои Сиёсии ҲНИТ баргузор шуд, ки дар он санади мавсум ба «Протоколи 32-20» мавриди муҳокимаи аъзои он қарор гирифт.

/images/stories/2012/04/18_nahzat_1811.jpgЁдовар мешавем, ки тақрибан ду моҳ қабл дар расонаҳои хабарии Русия нусхаҳои чанд ҳуҷҷате бо имзои роҳбарони ҳукумати Тоҷикистон ба нашр расид. Дар ин аснод сухан дар бораи қарори ҷаласае мерафт, ки он рӯзи 24-уми ноябри соли гузашта таҳти раҳбарии Президенти кишвар баргузор шуда буд.

Тибқи асноди ба нашррасида дар ин санадҳо аз масъулини ниҳодҳои поёнии ҳукумат даъват ба амал оварда шудааст, ки феҳристи аъзои ҲНИТ ва афродеро, ки дар майдоннишиниҳои солҳои навадум ширкат кардаанд, дошта бошанд ва назоратро аз болои онҳо шиддат бахшанд. Бархеро ҳам бо роҳи ҳавасмандгардонӣ аз ҳизб берун бикашанд.

Ба хотире, ки санад дар ҳукумат таҳти рақами 32-20 ба қайд гирифта шудааст, онро дар матбуот «Протоколи 32-20» номгузорӣ карданд. Раҳбарияти ҲНИТ ва бархе аз роҳбарони дигар азҳоби сиёсӣ аз мӯҳтавои ин аснод ибрози нигаронӣ карданд.

Онҳо бо ишора ба бархе аз фишорҳое, ки дар маҳалҳо болои аъзои ҳизб оварда мешуд, вуҷуд доштани чунуи як санадро дар ҳукумат аз эҳтимол дур намедонистанд. Бинобар ин чунин тасмимгириро мухолифи талаботи Конститутсияи ҷорӣ арзёбӣ карданд. Пешниҳод мекарданд, ки ҳукумат ба ин масъала равшанӣ андозад.

Дар вокунишҳои нахустин масъулини баланд пояи ҳукумат ин ҳуҷҷати ба нашррасидаро тақаллубӣ номиданд. Ду намояндаи мардумии ҲНИТ дар Парлумони кишвар ба унвони Додситони куллӣ ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дархост фиристода аз ӯ хоҳиш карданд, ки дар масъалаи «Протоколи 32-20» расман ибрози нуқтаи назар кунад.

Додситони кулли ҷумҳурӣ дар посухи худ ба ин дархост эълон дошт, ки дар ҳақиқат, дар санаи мазкур дар ҳукумат чунин як ҷаласае таҳти раҳбарии Президент баргузор гардидааст. Вале санаде, ки дар ин ҷаласа қабул шудааст, аз он «Протоколи 32-20» ба куллӣ фарқ мекунад. Шерхон Салимзода «Протоколи 32-20»-ро, ки дар матбуот ба нашр расид, тақаллубӣ ва бепоя хонд.

Муҳиддин Кабирӣ, Раиси ҲНИТ баъди анҷоми ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ дирӯз ба хабарнигорон азҷумла гуфт, ки «Аз ин масъала набояд ҳангома битарошем. Мо бояд тибқи қонунҳои Тоҷикистон рафтор кунем. Ҳукумат агар дар асоси мактуб ва муроҷиатҳои расмӣ нусхаи аслиро ба иттилои ҷомеа бирасонад, нигарониҳо рафъ хоҳанд шуд».

Ӯ илова намуд, ки «тибқи маълумотҳое, ки аз маҳалҳо ба ӯ мерасанд, фишорҳо болои аъзои ҳизб аз сӯи мақомоти маҳаллӣ нисбат ба чанд моҳи пеш хеле камтар шудааст».

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi