23:23:41 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПРЕЗИДЕНТ ҲАҚ АСТ: ПОСУХИ ЭЪТИМОД БОЯД ЭЪТИМОД БОШАД

 

Тайи чанд соли охир раванди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия вобаста ба рӯйдоду қазияҳои мухталифи сатҳи дохилидавлатӣ ё тағирёбии нияту ҳадафҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат, зуд-зуд маҷрои худро иваз мекунад. Мутаассифона, ивазшавии мавқеъ аксари ҳолатҳо аз ҷониби Русия сар мезанад.

/images/stories/2012/04/20_rahmon_200412.jpgНовобаста аз кӯшишҳои Душанбе дар самти нигаҳдорӣ ва таҳкими равобити дӯстонаю ҳасана миёни ду шарики стратегӣ, роҳбарияти Русия дар лаҳзаҳои ҳассоси сиёсӣ, ба диду назари орӣ аз далелу рақамҳои сиёсатмадорону журналистони ҳангомабарангези худ эътимод баставу дар муқобили Тоҷикистон тадобири мутаносибу номутаносибашро пеш мегирад.

Ба ёд оред, қазияи  халабонҳоро. Тақсир комилан бар дӯши Сафорати ФР дар Тоҷикистон буд, ки кормандони он сараввал ҳатто ҳамсари халабон Садовничийро напазируфта буданд.

Чун бо гузашти 8 моҳ халабонҳоро роҳии зиндон намуданд ва сиёсатмадорони нимадевонаю нимаҳушёре аз қабили Жириновский, дар пайи дарёфти имтиёзоти сиёсӣ дар интихоботи парлумонӣ, ба ҳимояи «шаҳрванд»-и худ бархостанд, ҳукумати кишвар низ дар сатҳи баландтарин тадбирҳои «ассиметрӣ»-ашро, ки аз шикору таъқиби муҳоҷирони оддию заҳматкаши тоҷик иборат буд, пеш гирифт. Ҳодиса чунин ранг гирифту, сафорат худро канор кашид.

Пас ҳақ ба ҷониби Президенти Тоҷикистон аст, ки бидуни афкори ниҳонию амалҳои пуштипардагӣ, кушоду равшан дар бораи одилона ва самимона набудани муносибатҳои Русия дар муқобили шарики стратегии худ – Тоҷикистон садо баланд мекунад. 17-уми апрели соли ҷорӣ, дар маросими ифтитоҳи бинои Филиали донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСиС» дар шаҳри Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки мо дар муносибат бо шарики стратегиамон – Русия «бозӣ» намекунем. Мо нисбати ин давлат эътимод дорем ва чунин шеваи муносибатро нисбати худ тақозо мекунем.

Дар ҳақиқат, Тоҷикистон дар минтақа ягона кишваре боқӣ мондааст, ки Русия дари ҳудудаш пойгоҳи бузургтарини низомӣ, маркази назоратии кайҳонӣ дорад. Агар бо назари дурандешона бингарем, ҳар мушкилие, ки дар вазъи сиёсӣ, иқтисодии ин ҷумҳурӣ пеш меояд, ҳатман мушкилотеро барои Русия низ вобаста ба ин иншоотҳои стратегиаш дар пай хоҳад дошт. Аммо Русия ин ҷанбаи масъаларо нодида гирифта, ҳам мехоҳад, ки ҳузури хешро дар Тоҷикистон нигаҳ дорад ва ҳам дар ҳалли масоили баҳсии минтақа, ки боиси ба муҳосираи иқтисодӣ грифтани ин ҷумҳурӣ гаштаанд, ширкат надошта бошад.

Роҳбарияти Русия бояд дуруст дарк кунад, ки дар шароити нави ҷаҳонишавӣ, бетафовутӣ нисбати шарикони стратегӣ маънии гум кардани давлатҳои дӯстро дорад. Мақоли худи мардуми рус аст, ки «Ҷойгоҳи муқаддас холӣ намемонад». Ҳамин, ки пойи худро бардоштию ба ғафлат рафтӣ, дигаре хеле зуд пойи худро мегузорад. Маҳз ҳамин бетафовутӣ буд, ки Русияи пасошӯравӣ нуфузи худро дар тамоми кишварҳои узви паймони собиқ Варшава ва аксари ҷумҳуриҳои аъзои Иттиҳоди шӯравӣ аз даст дод.

Ҷойи таассуф аст, ки Русия аз қазияи хеш бо Гурҷистон сабақе барнадошт. Зеро он ҷо низ таваҷҷӯҳи пешвоёни Русия ба маълумоти ғалате банд буд, ки ҳеҷ наздикӣ бо воқеият надошт. Расонаҳои русӣ муғризона муносибатҳои Русияю Гурҷистонро таҳриф менамуданду Онишенкои санитар майи гурҷиро заҳролуд эълон кардаву воридоташро ба Русия манъ кард, Жириновскийи масхарабоз гурҷиҳоро қаллобу дузду роҳзан эълон кард ва дар пайи ин фазосозиҳо чораҳои «ассиметрӣ», яъне шикору баровардани гурҷиҳо аз Русия оғоз шуд.

Оқибаташ чӣ шуд? Гурҷиҳо мушкилиҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро паси сар намуда, хеле зуд давлати нави худро бунёд намуданд. Албатта бо кӯмаки шарикони нави стратегӣ. Русия бошад, як кишвареро, ки асрҳо аҳду паймони дӯстӣ, ҳамбастагии таърихию муштарак дошт, аз даст дод.

Айнан чунин муносибат нисбати Тоҷикистон пеш гирифта шудааст. Кадом як Холмагоров, ки Тоҷикистонро дар умраш надидааст, аз генотсиди русҳо дар солҳои 90-ум дар ин ҷумҳурӣ ҷор мезанаду намояндагони расмии Русия, ки беҳтар аз ҳама медонанд, ки ин «генотсид» муқобили кӣ буд, хомӯшӣ ихтиёр мекунанд.

Онишенко, намояндаи расмии Ҳукумати Русия эълон медорад, ки «муҳоҷири тоҷик ба Русия касалии СПИД-ро ворид месозад» ва интиқоли меваю сабзавотро аз Тоҷикистон ба Русия мебандад. Охир инсоф ҳам чизи хуб аст. Дар сатҳи баландтарини Ҳукумати Русия медонанд, ки теъдоди тоҷикони пойбанди ин касал баробари сокинони ба ин дард мубталои хурдтарин шаҳрчаи Русия нест. Гузашта аз ин, ҳамин касалро низ аз Русия ба Тоҷикистон оварданд.

Вале чӣ чора, вақте, ки дар Русия дурӯғи раҳгумзанандаи Онишенко аз рости воқеӣ авлотар дониста мешавад. Ба ҳар ҳол, суханронии Президенти Тоҷикистон даври ин масъала саривақтӣ ва мантиқӣ буд. Худи ифтитоҳи филиали «МИСиС» дар баробари Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав, Маркази фарҳангии Русия дар Тоҷикистон ва ғайра баёнгари арҷгузории ҷониби Тоҷикистон дар муносибати дӯстонаву боэътимод бо Русия мебошад. Масъулини Русия бояд бидонанд, ки агар чунин имконияте ба кишварҳои дигаре, масалан Эрону Туркия дода шавад, дар як сол даҳҳо донишгоҳу таълимгоҳҳо дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард.

Валекин Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Президенти худ ҳеҷ гоҳ нисбати дӯстону шарикони стратегии хеш хиёнатро раво надидаву раво нахоҳад дид ва ҳамзамон муносибати ҳамзайлро аз онҳо талаб хоҳад кард. Айбҳои Русияро рӯирост изҳор доштани Эмомалӣ Раҳмон ҳикматеро аз гузаштагони барӯманди миллат тоҷик бо худ дорад, ки бародарони рус ҳатман онро бояд ба инобат гиранд:
 

Дӯст он бошад, ки айби дӯсташро,
Ҳамчун ойина рӯ ба рӯ гӯяд.
На чу шона, ки бо ҳазор забон,
Аз қафо рафта, мӯ ба мӯ гӯяд.

Назари Олимпур, рӯзноманигор



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi