00:28:09 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДУ САНАДИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ ИМЗО ШУД

Ҳайатҳои вазоратҳои хориҷа ва вазорати иқтисоду хориҷаи Тоҷикистону Русия дар Душанбе ду санад имзо карданд. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, субҳи рӯзи сешанбеи 24-уми апрел бо ҳамтои тоҷикаш Ҳамроҳхон Зарифӣ дар Душанбе гуфтугӯ анҷом дод. Ин мулоқоти онҳо тӯли як соат паси дарҳои пӯшида сурат гирифт.

/images/stories/2012/04/24_sergey-lavrov-24412.jpgДар охир миёни ҳайатҳои вазоратҳои хориҷа ва вазоратҳои рушди иқтисоду хориҷаи Тоҷикистону Русия ду санад ба имзо расид. Яке аз ин санад Барномаи ҳамкориҳо байни вазоратҳои хориҷаи Русия ва Тоҷикистон дар соли 2012 аст, ки онро Сергей Лавров ва Ҳамрохон Зарифӣ имзо карданд.

Санади дигар Созишномаи байнидавлатӣ барои мусоидат ба густариши ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон аст, ки он аз сӯи Сергей Лавров ва Шариф Раҳимзода, вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон, имзо шуд.

Сергей Лавров шоми 23-юми апрел бо як сафари расмӣ ба вориди Тоҷикистон шуд. Вазорати корҳои хориҷии Русия низ дар изҳороте гуфтааст, гуфтушуниди Сергей Лавров бо мақомоти Тоҷикистон “дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва стратегии байни Русия ва Тоҷикистон саҳми муҳиме хоҳад дошт. Робитаҳои мо ба манфиати халқҳои ду кишвар, таъмини суботу амният дар Осиёи Марказӣ нигаронида шудаанд."

Ин изҳорот дар ҳоле нашр шудааст, ки вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар тӯли сафари расмияш ба Тоҷикистон бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва башарии ду кишварро дар ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Ҷомеаи ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой баррасӣ хоҳад кард.

Аз ин пештар, хабаргузории "Интерфакс" навишта буд, ки Лавров дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон шароити ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия ва истифода аз фурудгоҳи низомии "Айнӣ" дар ҳошияи шаҳри Душанберо баррасӣ хоҳад кард. ​​Музокирот сари пойгоҳи 201-ум, бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар ҷаҳон ду сол ба ин сӯ миёни ин кишвар ва Тоҷикистон идома дорад. То ба ҳол аз ҷузъиёти ин музокирот иттилои комил ба даст нарасидааст, ба ҷуз ин ки бино ба манобеи ғайрирасмӣ, Тоҷикистон мехоҳад аз будубоши он 300 миллион доллар иҷорапулӣ гирад.

Ин нахустин сафари як мақоми баландпояи ҳукумати Русия ба Тоҷикистон баъд аз ҷанҷолҳои дипломатии миёни ду давлат бар сари халабонҳои ширкати русии "Ролкан" дар тирамоҳи соли гузашта мебошад. Аммо ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми апрел дар Душанбе хитоб ба фиристодаи раисиҷумҳури Русия дар умури ИДМ, Константин Косачев, гуфт, дар ивази эҳтироме, ки Душанбе ба манофеи Маскав қоил аст, Русия низ ҳамин гуна ба манфиатҳои Тоҷикистон арҷ гузорад.

Президент Раҳмон пешниҳод кард, ки муносибатҳои миёни Русияву Тоҷикистон ба таври воқеъбинона баррасӣ шаванд. Ба қавли ӯ Тоҷикистон ягона кишвар дар ҷаҳон аст, ки Русия дар қаламраваш беш аз ҳама иншооти муҳими стратегӣ дорад, аз қабили бузургтарин пойгоҳи низомии русии 201-ум, маркази назорати кайҳонии "Окно" дар Норак, гурӯҳи вижаи марзбонӣ, се донишгоҳ ва ғайраву ҳоказо. Аммо бархилофи ин воқеият, афзуд вай, расонаҳои ҳамагонии Русия муносибатҳои миёни Тоҷикистон ва Русияро таҳриф мекунанд.

Ҳамчунин интизор меравад, рӯзи 26-уми апрел дар Душанбе конфронси байнулмиллалӣ роҷеъ ба 20-солагии барқарории муносибатҳои дипломатии миёни Тоҷикистону Русия баргузор шавад. Ин конфронсро сафорати Русия дар Тоҷикистон дар Душанбе созмон медиҳад. Дар ин конфронс масоили муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла мушкилот ва дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии ду ҷониб дар марҳилаи кунунӣ баррасӣ хоҳад шуд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi