20:06:11 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ИМЗОИ ДУ САНАДИ ҲАМКОРӢ БАЙНИ РУСИЯ ВА ТОҶИКИСТОН

Ҳайъатҳои Русия ва Тоҷикистон ду санади ҳамкорӣ байни вазоратҳои хориҷа ва вазоратҳои иқтисоду хориҷаи ду кишвар дар Душанбе имзо карданд. Ин аснод рӯзи сешанбеи 24 апрел дар ҷараёни дидори Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, аз Тоҷикистон имзо шуд.

/images/stories/2012/04/24_lavrov-zarifi-24412.jpgЯке аз ин аснод Барномаи ҳамкориҳо байни вазоратҳои хориҷаи Русия ва Тоҷикистон дар соли ҷорӣ аст, ки онро Сергей Лавров ва Ҳамрохон Зарифӣ, вузарои хориҷаи ду кишвар, имзо карданд. Санади дигар Мувофиқатномаи байнидавлатӣ барои мусоъидат ба густариши ҳамкориҳо миёни минтақаҳо ва вилоёти Русия ва Тоҷикистон аст, ки он аз сӯйи оқои Лавров ва Шариф Раҳимзода, вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, имзо шуд.

Мулоқоти ҳайъатҳои ду кишвар дар Душанбе як соъат тӯл кашид. Ҳарчанд пештар эълом шуда буд, ки пас аз ин мулоқот оқои Лавров бо хабарнигорон суҳбат хоҳад кард, вале ин тасмим лағв шудааст. Ҳамакнун интизор меравад вазири хориҷаи Русия пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, нишасте бо хабарнигорон доир кунад.

Сергей Лавров шаби душанбеи 23 апрел ба манзури анҷоми як дидори дурӯза вориди Тоҷикистон шуд. Бино ба иттилоъи Вазорати хориҷаи Русия, ин дидор дар иртибот бо 20-умин солгарди оғози равобити диплумотик миёни Тоҷикистон ва Русия анҷом мешавад. Вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, ки тавсеъаи ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон "ҷавобгӯи манофеъи ду кишвар буда ва ба таъмини амният ва субот дар Осиёи Марказӣ мусоъидат хоҳад кард."

Интизор меравад дар ҷараёни дидори оқои Лавров бо мақомоти тоҷик, ҳамчунин масоили амнияти минтақа ва Афғонистон, интиқоли тадорукоти НОТУ ба Афғонистон ва хурӯҷи нерӯҳои омрикоӣ ва НОТУ аз он кишвар аз тариқи кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор бигирад. Дидори вазири хориҷаи Русия аз Душанбе дар ҳолест, ки ахиран Президент Раҳмон суханоне гилояомез дар бораи равобити Тоқикистону Русия иброз дошт.

Вай зимни ифтитоҳи бахши маҳаллии Донишгоҳи мутолеъоти фаннии Маскав дар Душанбе аз ҷумла гуфт, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷаи худ бо шарики аслияш Русия "бозӣ" намекунад.  Вай афзуд: "Он чи ки Русия дар Тоҷикистон дорад, дар ягон ҷойе хориҷ аз кишвараш надорад. Маркази "Окно", ки мо ройгон ба Русия додем, дар ҷаҳон беназир аст. Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон 21 сол боз фаъъолият дорад. Ҳамкориҳои низомии мо низ дар сатҳи баланд қарор дорад."

Оқои Раҳмон бо лаҳне гилояомез гуфт, ки Тоҷикистон ба таъаҳҳудоти худ бо Русия содиқ аст ва аз русҳо хост, ки низ равиши мушобеҳеро дар мавриди Тоҷикистон дар пеш бигиранд. Вай гуфт: "Мо аз касе чизеро талаб намекунем. Мо аз суди шарикони худ қадрдонӣ мекунем ва бигузор шарикони мо низ аз манофеъи мо дифоъ кунанд."

Оқои Раҳмон ҳамчунин аз расонаҳои Русия барои ироаи "иттилоъоти носаҳеҳ" дар мавриди сиёсатҳои хориҷаи Тоҷикистон интиқод кард ва аз мақомоти рус хост, ки "ба дезинформатсия бовар" накунанд. Равобити Русия ва Тоҷикистон дар чанд соли ахир, бавижа аз замони сафари Дмитрий Медведев ба Тошканд дар авоили соли 2010 ва ҳимояти ӯ аз мавзеъгирии Узбакистон дар қиболи тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" рӯ ба сардӣ гаройидааст.

Дар моҳи ноябри соли гузашта, боздошти ду халабони русу эстуниёӣ ва маҳкумияти онҳо дар Тоҷикистон, ки вокунишҳои тунди мақомоти русро ба дунбол дошт, равобити ду кишварро дучори буҳроне амиқтар кард. Дар солҳои ахир Русия қасди тамдиди ҳузури низомияш дар Тоҷикистон барои 49 соли оянда ва бидуни пардохти ҳеч маблағеро дорад, вале мақомоти тоҷик ҳамвора хоҳони пардохти иҷора ба ин кишвар барои ҳузури пойгоҳи низомии Русия шудаанд.

Дар авоили сентябри гузашта Дмитрий Медведев эълом карда буд, ки дар оғози соли 2012 мувофиқатномае барои тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон байни ду кишвар имзо хоҳад шуд, вале ин амал то кунун анҷом нашудааст. Акнун маълум нест, ки ду кишвар дар мавриди ин мавзӯъи ба гуфтаи бархе аз соҳибназарон "дардисарсоз барои Тоҷикистон" чи тасмиме хоҳанд гирифт.

Бисёриҳо дар Тоҷикистон ҳузури нерӯҳои Русия дар ин кишварро муғойир бо манофеъи миллӣ медонанд ва мегӯянд ин амр истиқлоли Тоҷикистонро зери суол мебарад. Вале аз сӯйи дигар, ба гуфтаи таҳлилгарон, русҳо омода нестанд пас аз сад соли султа бар минтақа нерӯҳояшон инҷоро тарк кунанд, зеро ин ба маънои камранг шудани нуфузи Русия дар Осиёи Миёна хоҳад буд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi