02:55:42 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
29 30        

ЛАВРОВ: ТОҶИКИСТОН БА ҲУЗУРИ НЕРӮҲОИ РУСИЯ АЛОҚАМАНД АСТ

Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки Тоҷикистон ба вуҷуди пойгоҳи низомӣ ва дигар таъсисоти низомии Русия дар ин кишвар алоқаманд аст. Ба гуфтаи Сергей Лавров, ягонҳои пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ба нерӯҳои вокуниши сареъи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ шомил ҳастанд ва Тоҷикистон низ узви ин созмон аст.

/images/stories/2012/04/24_lavrov_rahman-24412.jpgӮ ин нерӯҳоро зомини сабот ва оромӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ унвон кард. Ҳамзамон, оқои Лавров таъкид кард, ки ба далели бархе аз масоили мавриди баҳси тарафайн то ҳол созишнома дар заминаи тамдиди ҳузури нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон имзо нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия зимни дидораш аз Тоҷикистон дар пойизи соли гузашта гуфта буд, ки дар семоҳаи аввали соли 2012 ҷонибиҳо мувофиқатномае дар бораи тамдиди муддати ҳузури нерӯҳои ин кишвар дар Тоҷикистон барои 49 соли оянда имзо хоҳанд кард.

Вазири хориҷаи Русия гуфт, пешнависи тавофуқнома дар ин замина дар ҳоли баррасӣ қарор дошта ва Президент Раҳмон ба ниҳодҳои зирабти кишвараш барои тасреъи ин раванд дастур додааст. Ҷониби Русия низ барои ҳалли сареъи ин масъала талош мекунад. Ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҳам Русия аз ифшои масоили мавриди баҳси тарафайн худдорӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, ки коршиносон мегӯянд, имкон дорад шарту шурути Тоҷикистон барои истиқрори пойгоҳи низомии Русия дар ин кишвар барои Русия қобили қабул набошад. Аз ҷумла, мумкин аст Тоҷикистон хостори коҳиш ё лағви аворизи гумрукӣ барои маводди сӯхти содиротии Русия ба Тоҷикистон шуда бошад.

Аз сӯйи дигар, сафири Тоҷикистон дар Русия дар ҳафтаи ҷорӣ ишора карда буд, кишвараш дар садад аст барои иҷораи пойгоҳи низомӣ аз Русия 300 милюн дулор ё муъодили ин маблағ кумакҳои низомӣ дархост кунад. Аммо Русия умедвор аст барои пойгоҳи низомӣ пули камтаре пардохт кунад. Ҳоло дар Тоҷикистон 7,5 ҳазор сарбозу афсари Русия дар се подигон ё гарнизон дар ҳумаи шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Кӯлобу Қурғонтеппа мустақар ҳастанд.

Зимнан,Сергей Лавров зимни суҳбат дар атрофи ҳузури нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон ба таҷлил аз понздаҳумин солгарди имзои Мувофиқатномаи сулҳи тоҷикон дар соли ҷорӣ ишора карда ва гуфт, ки Русия дар барқарории сулҳ дар Тоҷикистон нақши калидӣ дошт.

Оқои Лавров ба масоили амниятии минтақа пас аз хурӯҷи нерӯҳои Омрико ва НОТУ аз Афғонистон ишора карда ва гуфт, ки ин амр метавоанда ба амнияти минтақа асари манфӣ дошта бошад. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳоло нерӯҳои Афғонистон барои таъмини амнияти кишвар омода нестанд.

Равобити Тоҷикистон бо Ӯзбакистон

Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз шарикони роҳбурдии Русия маҳсуб шуда ва ба ин далел, ин кишвар ба ташдиди равобит миёни онҳо бетафовут нест. Ба эътиқоди Сергей Лавров, мушкилот ва ихтилофи назарҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бояд аз тариқи гуфтугӯ ва музокирот ҳал шаванд.

Ӯ гуфт: “Мо аз ҷонибҳо қотеъона даъват мекунем, то чунин музокиротро шурӯъ кунанд. Ҳамон тавре ки ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, гуфтугӯҳои ҷудогона анҷом шуда, аммо музокироти фарогир ҳанӯз оғоз нашудааст. Бояд кишварҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон ва Ӯзбакистон ҳамкориҳои бештаре дошта бошанд дар ин замина мусоъидат кунанд.”

Аммо Аркадий Дубнов, коршиноси масоили минтақаии Осиёи Марказӣ ба нақши миёнҷигарии Русия дар ҳалли мухолифатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон тардид кард. Ба гуфтаи оқои Дубнов, Русия барои миёнҷигарӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аз имконоти молӣ ва нуфузи қобили мулоҳиза бархӯрдор нест.

Ӯ гуфт: “Сергей Лавров ҷонибҳоро ба музокирот даъват мекунад. Вақте кишваре даъват мекунад, барои ҳалли мушкил василаи дигаре надорад. Агар Омрико миёнҷигарӣ кунад, мумкин аст Ӯзбакистон қабул кунад. Маълум нест, кӣ Ӯзбакистонро барои азсаргирии интиқоли гоз ба Тоҷикистон водор кард.”

Таъаҳҳудоти Русия барои ҳамкориҳои иқтисодӣ 

Вазири хориҷаи Русия дар мавриди тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла, бунёди нерӯгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон гуфт, Русия мутаъаҳҳид шудааст, дар обҳои дохилии Тоҷикистон се нерӯгоҳи мутавассит бунёд кунад.

Оқои Лавров гуфт, ки шурӯъи ин тарҳҳо ба танзими бархе ҷанбаҳои фаъъолияти нерӯгоҳи “Сангтӯда-1”, аз ҷумла, судури нерӯи барқи ин нерӯгоҳ ба хориҷи кишвар бастагӣ дорад. Нерӯгоҳи “Сангтӯда-1” бо сармояи Русия бунёд шуда ва ин кишвар 75 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳро дар ихтиёр дорад.

Ба гуфтаи коршиносон, Русия ба таъаҳҳудоти худ дар соли 2004 барои ворид кардани беш аз 1 милёрд дулор сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон устувор намондааст. Афзун бар ин , дар ду соли ахир Русия нархи аворизи гумрукӣ ба маводди сӯхти содиротӣ ба Тоҷикистонро борҳо боло бурда, ки дар натиҷа баҳои бензин ва дизел дар Тоҷикистон дар ду соли ахир 50 дарсад афзоиш пайдо кард.

Ҳамасола, беш аз 1 милюн тан аз атбоъи тоҷик барои дарёфти кор ба Русия рафта ва маболиғе, ки солиёна аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад, аз бахши даромади будҷеи давлатии ин кишвар бештар будааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi