06:35:10 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КАБИРӢ: «ИҚДОМҲОИ ЗИДДИ ҲНИТ МУҚОБИЛИ РАҲМОН НИГАРОНИДА ШУДААНД!»

«Ба ҲНИТ чизе намешавад»

- Шумо ҳар дафъа вазъи ҲНИТ - ро бо чизе қиёс мекунед. Агар ҳамин шабу рӯз барои Шумо бигӯянд, ки ҲНИТ дар кадом мавқеъ аст ва ҳолату вазъи имрӯзаи ҳизбро бо чӣ қиёс кардан мумкин аст, чӣ мегуфтед?

/images/stories/2012/04/26_muhiddin-kabiri-26412-2.jpg- ҲНИТ баъзе вижагиҳое дорад, ки коршиносон ва рӯзноманигорон онро ҳангоми тахлил ва хулосагириҳо камтар ба инобат мегиранд. Наҳзат як ҳизби маъмулӣ нест, он бештар як ҳаракат аст, ки дар қолаби ҳизб амал менамояд. Вақте таҳлилгарон мегӯянд, ки нерӯи имрӯзаи наҳзат аз заъфи ҳукумат ва ё аз заъфи ҳизбҳои оппозитсионии дунявист, ин қисман дуруст аст. Вале як чизро ба инобат намегиранд, ки ҲНИТ нерӯе ҳаст, ки қудрати худро аз сарчашмаҳои бузурги маънавӣ, мисли Қуръон ва Суннат ва эътиқодоти мардум мегирад. Он сарчашмае, ки дигар ҳизбу ҳаракатҳо надоранд.

Ин хуб аст ё бад, масъалаи дигар аст, вале ин воқеият мебошад. Агар баъзе муҳаққиқон ба ин назаранд, ки сиёсатҳои нодурусти ҳукумат дар қиболи ҳизбу ҳаракатҳои оппозитсионии дунявӣ ва саркӯб шудани онҳо боиси рушди наҳзат гаштааст, иштибоҳ мекунанд. Зеро ҲНИТ ҳам на камтар аз дигар ҳизбу ҳаракатҳо зарба хӯрдааст, хӯрда истодааст ва ҳатто бештар аз онҳо. Бовар дорам, агар иқдомҳое, ки тӯли ин ҳама солҳо болои ҳар ҳизби дигар меомад, аллакай онҳо аз байн рафта буданд. Агар ҳизбу ҳаракатҳои дигари дунявӣ дар натиҷаи дахолати мақомот заъифу пароканда шаванд ва наҳзат побарҷо бимонад ва ҳатто қавӣ гардад, маънои онро надорад, ки ин танҳо иштибоҳи ҳукумат аст, ки дигаронро саркӯб ва наҳзатро қавӣ мекунад.

Балки ин ҷо худи тавонмандии наҳзат ва аз ҳама муҳимаш вижагии аслии андешаи исломӣ аст, ки ҳар қадаре болои ӯ фишор биорӣ, ҳамон қадар қавитар мешавад. Вазъе, ки имрӯз наҳзат дорад, барои мо хеле табиӣ аст. Аслан, намехоҳам бо кадом ҳизби дигаре, ё бо кадом марҳилаи дигар онро муқоиса кунам. Ин вазъиятро мо яке аз марҳилаҳои рушди худ медонем, ба он омода будем, ҳастем ва ҳатто эҳтимол меравад, ки дар оянда аз ин сахттар ҳам шавад. ҲНИТ муборизаи пинҳониро аз сар гузарондааст. Муборизаи ошкорро ҳам пушти сар кард. Муқовимати сиёсиву низомиро ҳам аз сар гузаронд.

Ҳиҷратро ҳам аз сар гузаронд. Мусолиҳаву муколамаро ҳам аз сар гузаронд. Имрӯз дар яке аз марҳалаҳои рушди худ қарор дорад. Ин ҳама мароҳилро як раванди умумӣ медонем. Аслан зиёд нигарон ҳам нестем. Бо наҳзат ҳеч чиз намешавад. Моро тақдири миллат нигарон мекунад. Ҳар ки дар фикри он бошад, ки наҳзатро аз саҳна берун кунад, ин фикри хом аст. Наҳзатро дигар аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон берун карда намешавад. Ҳар кӣ имрӯз ё дар оянда масъули ин кишвар мебошад, мехоҳад ё не, ин омилро бояд ба инобат гирад.

- Мақсади ман ин буд, ки ҲНИТ бо ҳукумати Тоҷикистон тақрибан дар як вазъ қарор дорад. Тақрибан як ояндаи номафҳум барои ҳардуи инҳо ҳаст, намедонанд, бо кӣ чӣ гуна муносибат кунанд. Ҳукумат бо ҳамсояи наздиктаринаш мушкил дорад, бо абарқудратҳо ҳамин гуна мушкилро дорад, ҳатто бо кишвари ҳамзабону ҳамдин Эрон ҳамингуна мушкил дорад. Ва наҳзат ҳам намедонад ба ҳукумат такя бикунад, бо яке аз кишварҳои абарқудрат. Доим аз забони Шумо садо медиҳад, ки ҲНИТ ба арзишҳои милливу миллат такя мекунад. Фикр мекунам, ки дуруст аст ва ҳукумат ҳам шояд ҳамин гапҳоро мегӯяд. Пас ҳамин як ҳолати ҳаммонандӣ доред, як давраи номуайянӣ. Ин шуморо ба чӣ хулосаи умумӣ меорад?

- Агар Шумо вазъи мову ҳукуматро якранг бубинед, шояд ба хотири он аст, ки мо ҳарду тараф то ҳол ҳарфи ниҳоии худро нагуфтаем. Вале оне, ки ҳукумат дар бунбаст қарор дорад, ба ин шаке нест. Барои инро дидан мутахассиси варзида будан ҳам даркор нест. Бо камоли масъулият мегӯям, ки наҳзат дар чунин вазъият қарор надорад. Мо ҳоло гуфта наметавонем, ки ҳукумат бо қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ чӣ қадар мушкилӣ дорад ва зоҳиран чандон мушкилӣ нест, аммо наҳзат бо тамоми марказҳои қудратии ҷаҳонӣ ва минтақаӣ муносибати хуб дорад. Бо кишварҳои ғарбӣ ҳам муносибати хуб дорем, бо Ирон ҳам муносибатамон хуб аст ва бояд хуб бошад. Агар муносибати мо бо Ирон хуб намебуд, як амри ғайритабиӣ ва саволдор мебуд.

Бо Русия замоне буд, ки мушкилот доштем, ва ин вобаста ба мавқеъи русҳо дар ҳодисаҳои солҳои навад буд. Барои русҳо ҳам осон набуд, чун аввалин маротиба дар таърихи вуҷуди худашон дар Осиёи Марказӣ ин сад соли ахир танҳо аз дасти муҷоҳидони наҳзат зарба хӯрданд. Ва ин яке аз саҳифаҳои душвори таърихи равобити мо ва русҳо буд. Вале ҳоло дар Русия ҳам сиёсатмадорони насли нав ва аксаран прагматик сари қудрат омаданд. Онҳо ҳам тарафдори робитаҳои нек бо мусалмонони минтақа мебошанд манфиатҳои худро дар муколама ва ҳамдигарфаҳмии миллатҳо ва динҳо мебинанд.

ҲНИТ ҳам ҷонибдори чунин равобит мебошад ва ҳар ки бо мо дасти дӯстӣ дароз кард, мо онро мефишурем ва ҳар ки бо зӯр рафтор кард, чавоби худро гирифтааст. Мо тарафдори он, ки саҳифаҳои душвори ду миллат ҳар чи зудтар фаромӯш шавад ва дигар он ҳодисаҳоро ёдоварӣ накунем. Дуруст аст, ки баъзе доираҳо даъво доранд, ки гӯё он солҳо қатли оми русзабонҳо дар кишвари мо рух дода бошад, ки воқеият надорад. Пеш аз ҳама ва беш аз ҳам тоҷикон қурбони ин ҳодисаҳо гаштанд. Тоҷикон ҳам метавонанд даъво кунанд, ки танку тӯпи кадом кишварҳо болои миллати мо марг мерехт, артиши кадом кишварҳо буданд. Бояд ҳарчи зудтар ин саҳифаҳоро аз зеҳн пок кард. Бовар дорем, робитаҳои хуби наҳзат бо ҳама кишварҳо ба манфиати миллат ва кишвари мост.

Сармоягузорони хориҷӣ пеш аз ҳама вазъи сиёсӣ ва муносибати нерӯҳоро ба ин ё он кишвар меомӯзад, баъд сармояашро ворид мекунад. Наҳзат имрӯз ягон мушкили ҷиддӣ надорад ва оромона барномаи худро пеш бурда истодааст. Дар масъалаи қудрат ҳам саросема нест. Ин мақомоти давлатӣ мебошанд, ки гоҳо бо иштибоҳҳои худ дар муносибат бо мардум, аз ҷумла бо наҳзат, вазъро тавре мекунанд, ки худи мардум ва воқеъиятҳо наҳзатро ба мавзӯи ҳокимият бармегардонанд. Масалан, ҳаргоҳ, ки иштибоҳҳои ҳукумат зиёд мешавад, саволҳои мардум ҳам бештар мегардад, ки агар шумо ба сари қудрат биёед, аз инҳо беҳтар мекунед ё бадтар? Мисли ҳамин саволҳо. Хоста ё нахоста, мо маҷбурем, ки ба саволҳои мардум ҷавоб бигуем ва худи мавзӯи ҳокимият меҳвари баҳсҳо мегардад. Ин табиист ва бинобар ҳамин, мо борҳо аз мақомот хоҳиш кардем, ки ба ҷойи шикастани ойина, камбудиатонро ислоҳ намоед.

«Мо ба осиёби дигарон об намерезем»

- Фикр намекунед, ки иқдомҳое, ки аз ҷониби масъулини ҳукумат, онҳое, ки Шумо ном бурдед, сурат мегиранд, ҳадафмандона ба хотири имтиҳони худи ҳукумат аст? Яъне шояд дар ҳукумат ба хулосае расида бошанд, ки дар замони осоишта нерӯи худро дар муқобили нерӯи аз ҳама шаклгирифтаи сиёсӣ бисанҷанд, то аз ҳолатҳои номуайяне, ки омаданашон эҳтимол дорад, пешгирӣ карда тавонанд …

- Шаке нест, ки ин мушкилоти зидди наҳзат бо мақсадҳои хосе роҳандозӣ шудааст. Ба хотири барангехтани наҳзат алайҳи ҳукумат, чун онҳое, ки наҳзатро хуб мешиносанд, медонанд, ки бо ин зарбаҳо наҳзат таккон нахоҳад хӯрд. Балки инсиҷоми дохилии наҳзат бештар мешавад ва ҳатто қудраташ меафзояд. Ин зарба пеш аз ҳама равона шудааст, ба худи Раҳмон ва ҳокимияти ӯ. Ин сиёсатҳо зоҳиран «пешгирӣ аз экстремизм ва дифоъ аз ҳокимияти конститутсионӣ, миллӣ ва тақвияти ҳукумати Раҳмон» ном гузошта шудааст. Вале ин амалан барномаи тарҳрезишуда зидди худи ҷаноби Раҳмон аст. Узр мехоҳам барои адами хоксорӣ, вале ҳама медонанд, ки дар дохили Тоҷикистон нерӯи аслии таъсиррасон ҲНИТ аст ва муқобили ҳам гузоштани оқои Раҳмон бо наҳзат ин барномаи заъиф кардани Раҳмон аст, на наҳзат.

Зеро наҳзат бо ин корҳо заъиф намешавад. Биёед интихоби замонро барои барангехтани ин фитна таҳлил намоем. Аз моҳи декабр то феврал бояд вазъи дохилӣ бад шавад, мардум аз дохил аз сиёсатҳои ҳукумат бо ҳизбҳо, масоҷид ва уламо нороҳат мешаванд ва баъдан блокадаи иқтисодиву коммунокатсионӣ таҳмил мешавад, ки ин ду омил , яъне, дохиливу хориҷӣ таъсири худро якбора хоҳанд расонд. Чун заминаи ихтилофи дохилӣ вуҷуд дорад, муҳосираи иқтисодӣ боиси ба вуҷуд омадани эътирози омма мегардад. Умед шояд ин буд, ки диндорҳо, бахусус ҲНИТ алайҳи ҳукумат шӯриш хоҳанд кард ва дунявиҳои бебарқу гази кишвар бо наҳзат пайваст мешаванд ва ҳокимияти Раҳмон мутазалзил хоҳад шуд.

Ман намедонам, ки дар долонҳои ҳукумат кӣ кор мекунад ва чигуна нақша мекашанд, вале ҳар ки нақшае зидди наҳзат кашида бошад, бидонад, ки ин нақша зидди худи оқои Раҳмон, зидди худи ҳукумат аст ва тешаро ба решаи худ ва ба баданаи миллат мезананд. Мо чун таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиро дорем, ҳеч гоҳ ба худ иҷоза намедиҳем, ки моро вориди як фитнаи дигар созанд. Мо аз ҳукумат гилаҳои сахт дорем. Бахусус, ин Протоколи 32-20 барои мо мисли як оби сарде шуд, ки болои сарамон рехт, дар 15-солагии таҷлили Созишномаи истиқрори сулҳ. Вале чун медонем, ки дастандаркорони ин тарҳ дар некии миллату Эмомалӣ Раҳмону ва Наҳзат нестанд, намехоҳем ба осиёби дигарон об бирезем.

Баъзе масъулин думболи манофеъи шахсиву гурӯҳӣ мебошанд ва ба бозичаи дасти бегонагон табдил ёфтаанд, мо ба хотири ҳамин намехоҳем, ки миллати моро бегонагон боз як бори дигар вориди ҷанги шаҳрвандӣ ва муқовимати дохилӣ гардонанд, аз бисёр иқдомоти қонунии худ, ки ҳақ дорем анҷом бидиҳем, ҳоло худдорӣ мекунем. Мутаассифона, дида истодаем, ки баъзе мансабдорони мо табдил шудаанд ба як василаи бозиҳои бегонагон ва шояд худашон ҳам надонанд. Шояд онҳо ҳатто фикр кунанд, ки ин иқдомҳои зидди наҳзат як проекти миллӣ ва ватандӯстонаи онҳост, ки бояд анҷом бидиҳанд. Вале бехабар аз онанд, ки худашон хоста, ё нохоста ба воситаи дасти бегонагон табдил ёфтаанд ва иштибоҳи дигаронро такрор мекунанд.

- Ба ҳар сурат Шумо дар бораи «имтиҳон» будан фикр накардед?

- Не, чунин фикр намекунем. Зеро нархи ин имтиҳон хеле гарон хоҳад буд. Имтиҳонкардаро боз имтиҳон намекунанд. Як бор имтиҳон карданд ва наҳзат аз ин имтиҳон гузашт. Натиҷаи имтиҳони мо ҳамон Созишномаи сулҳ аст, ки имрӯз ҳам фахри миллӣ аст ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд. Пас чӣ зарурат дорад, ки моро бори дигар имтиҳон кунанд?

- Шумо гуфтед, ки ҳам наҳзат ва ҳам ҷониби ҳукумат ҳарфи ахири худро нагуфтаанд, ин чӣ ҳарф аст? Шумо чӣ интизор доред, ё онҳо чӣ интизорӣ доранд?

- Ростӣ интизори онро дорам, дақиқтараш умед дорем, ки оқои Раҳмон дар паёми ояндаи худ дар 20-уми апрел (сӯҳбат пештар аз ин сана буд) баъзе ишораҳои мушаххас хоҳанд кард, то ба ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҲНИТ як ишораҳоеро бидиҳад, ки Тоҷикистон ба куҷо равона аст ва моро чигуна қабул доранд. Ва мо кӣ ҳастем барои ин кишвару ин миллат? Агар дӯст ҳастему шаҳрванди ин миллат бояд ба мо ҳамчун шаҳрванди баробарҳуқуқ муомила шавад. Агар воқеан дар чеҳраи мо душман ва як унсури бегонаи миллиро мебинанд, ин ҳарфҳоро ошкор бигӯянд ва мо ҳам вобаста ба ҳамин шароити нав амал кунем.

Чун суханҳо мисли протоколҳои Созишномаи сулҳ асту амалҳо мутобиқ ба протоколи 32-20. Амалҳое, ки мақомоти давлатӣ нисбат ба мо карда истодаанд, аз ҷумла, дар расонаҳои хабарӣ тӯҳматҳо зери имзои мустаор менависанд он ҳам дар баландтарин органи матбуотии давлат - газетаи «Ҷумҳурият», пас инҳо бояд равшан кунанд, ки агар ин сиёсати тарҳрезишуда нест, чӣ ҳаст? Мо ҳанӯз ҳам аз амалҳои ҷавобӣ худдорӣ кардем, то ба ҳол ҲНИТ дар ягон мақолаи нашрияи ҳизбиаш шахсияти президентро зери суол набурдааст, мо ба ин иҷозат надодем, ки нисбати шахсияти президент дар расонаҳои хабарии ҳизб ягон чизе гуфта шавад. Мо талош мекунем, ки вориди чунин фитна нашавем.

«Инсон намехоҳад ба ӯ мисли гӯсфанд муносибат кунанд»

- Як ҳизби сиёсӣ наметавонад, паёмадҳои ин ё он иқдоми саршударо эҳсос накунад ва муқобили он як барномаҳои нав надошта бошад. Албатта, дипломатия, гуфтугӯ, муколама… ин хама дуруст аст. Бо вуҷуди ин, фикр мекунам ҳар нерӯи сиёсиву ҳар қудрат омилу фишангҳои фишоре бояд дошта бошад, ки ба манфиати онҳо кор карда тавонад. ҲНИТ чӣ дорад?

- Раёсати олии ҲНИТ вазъияти баъд аз Протоколи 32-20 - ро баррасӣ кард ва як идда роҳбурдҳоро ба тасвиб расонд, ки шумораашон наздики 20 аст, ҳамаи онҳо ба барномаи амалии мо ворид карда шуданд. Вижагии ҳамаи онҳо аз он иборат аст, ки комилан дар чаҳорчӯби қонун аст, яъне ягон вокуниши мо берун аз қонунгузории ҶТ нахоҳад буд. Шарт нест, ки ҳамаи он амалӣ гардад, шояд дар оянда зарурат ба қисме аз он иқдомот намонад.

- Мешавад онҳоро номбар кунед?

/images/stories/2012/04/26_muhiddin-kabiri-26412-1.jpg- Метавонам корҳоеро номбар кунам, ки аллакай анҷом шуд. Якеаш буд муроҷиат ба Прокуратураи генералии ҶТ, ки аллакай сурат гирифт. Қадами баъдӣ вобаста ба ҷавоби Порокурори Генералӣ мебошад. Шояд муроҷиат ба Дастгоҳи Президент ё мақомоти судӣ аст. Бо иҷозаи Шумо аз номбар кардани иқдомҳои баъдии дигар худдорӣ мекунам, чун тасмими Раёсати олӣ шуд, ки иқдомҳо дар ихтиёри Шӯрои сиёсӣ қарор бигиранд ва вобаста ба шароит аз ҳар кадоми онҳо истифода шавад. Ва такроран зикр мекунам, ки онҳо дар чорчӯби қонунгузории ҶТ мебошанд.

- Ба ҳар сурат, ҲНИТ аз замони интихобот ба ин тараф як замони аҷиберо пӯшти сар мекунад. Аз як ҷониб мо мебинем, ки бархӯрдҳояшон гоҳе мӯътадил буданд, аз ҷониби дигар мебинем, ки ба сифати ҳизби ҳукуматӣ ё наздик ба ҳукумат муаррифӣ мешуд, ки дар муқобили ҳукумат иқдоми ҷиддӣ намекунад. Дар интихобот ҳам гӯё, ки раъйи мардумро ҳифз карда натавонист… Яъне гуфтан мумкин аст, ки дар дохил то андозае изҳори нобоварӣ ба наҳзат пайдо шуд. Дар хориҷ маъмул аст, ки чи назар доранд, ки то куҷо метавонанд, аз ҲНИТистифода кунанд, ё накунанд. Пас боз ҳам умеди Шумо ба кӣ аст? Ё ҳоло ҳам исрор меварзед, ки ҳанӯз ҳам ҳарфи худро нагуфтаед?

- Наҳзат тамоми сиёсатҳои худро дар гузашта мабнӣ ба манфиатҳои миллат ва давлат гирифтааст ва мо ин ҳама интиқодҳо ба унвони худро таҳаммул хоҳем кард. Интиқодҳое ҳам мешунавем, ки наҳзат ба ҳади кофӣ сахтгир нест ва дар муқобили ҳукумат мустаҳкам намеистад. Ростӣ, мо кор надорем, ки ҳукумат ё дигар мухолифини ҳукумат рафтори моро чӣ гуна баҳо медиҳад, худамон аз сиёсатҳои анҷомдодаи худ дар маҷмуъ розӣ ҳастем. Маҳз ин сиёсатҳои мо буд, ки нагузошт Тоҷикистон боз як бори дигар вориди муноқишаҳои дохилӣ гардад. Дуруст, борҳо моро танқид карданд, ки шумо натавонистед, ки раъйи мардумро ҳифз кунед, натавонистед болои ҳукумат таъсир расонед, ҳукумат қонунҳое қабул кард, ки сад дар сад муқобили Созишномаи сулҳу оштӣ, мухолифи арзишҳои исломӣ буд ва ҲНИТ натавонист, пеши роҳи ин ҳама қонунқабулкуниҳоро бигирад.

Ман тамоми ин эродҳоро қабул дорам. Худованд дар Қуръони маҷид мефармояд «Ло юкаллифуллоҳу анфусан илло вусъаҳо» ( Худованд ҳеч касеро мукалаф бештар аз тавонаш нагардондааст) . ҲНИТ дар ин шароити байналмилалӣ ва минтақавие, ки ҳаст бо ин мансабдорони бемасъулияте, ки дорем, ки барои дифоъ аз мансабашон омодаанд, як бори дигар миллатро ба хуну ҷанг бикашанд, кадом мавқееро беҳтар аз ин матавонист бигирад? Барои мо кадом зарур аст: сулҳу суботу оромиши миллат ва ҳифзи ҷони мусалмонон ё чанд меъёри қонун, ки имрӯз дар мақомот қабул карданд ва баъзе ҳолатҳои дигаре, ки воқеан чеҳраи як кишвари мусалмониро хатчадор мекунад? Назари мо ин аст, ки мо мукаллаф ба ҳифзи суботу амнияти кишвар, миллат ва ҳифзи ҷону моли мусалмонон ҳастем. Ҳар иқдоми мо, ки боиси пешгирӣ аз ҷангу ҷидолу хунрезӣ мешавад, мо мукаллаф ба он ҳастем, ки онро анҷом бидиҳем.

Ва ҳар иқдоми дигаре, ки боиси хушунат ва зӯроварӣ мегардад, мо бояд аз он худдорӣ кунем. Худованд моро ба ҳамин мукаллаф кардааст ва миллат аз мо ҳаминро интизор аст. Масалан, дар мо вақте рафтани ҷавонон ба масҷидро манъ карданд, шояд мубтакирони идея ба ин назар буданд, ки ин ҷавонон вақти холии худро дар китобхонаву варзишгоҳу муассисаҳои илмӣ хоҳад гузаронд ва дар оянда аз байни онҳо насли нави алломаҳо, Синову, Берунӣ ва Айниву Ғафуров пайдо мешавад. Вале ҳоло мебинем, ки гурӯҳи зиёди ҷавонон бекор мегарданд. Яъне, ҳукумат яке аз механизмҳои муҳими таъсиррасон ба тафаккури насли ҷавон – масҷидро ҳам аз даст дод. Пас метавон ҳадс зад, ки ин гурӯҳи бекору бемаънавиёти ҷавонон фардо дарди сари ҷомеа ва пеш аз ҳама худи ҳукумат хоҳад гашт, ки дигар на ҳарфи муаллимро гӯш медиҳаду на муллоро.

Дар яке аз ҷаласаҳои парлумон вақте сиёсати ҷавононро баррасӣ мекардем, гуфта шуд мушкилоти ҷавононро бо сарфи маблағи бештар метавон ҳал кард. Бехабар аз он, ки барои як инсони озодандеш, ба хусус ҷавон пул омили аслӣ нест. Агар моддиёт омили аслӣ мебуд, ҳаводиси Либия рух намедод. Муаммар Қаззофӣ барои ҳар оилаи ҷавон калиди хона, мошин ва тамоми имтиёзоти иҷтимоиро дода буд. Аммо ҳамин насл ба муқобили ҳукумат бархост. Чаро? Зеро табиати инсон ин аст, ки намехоҳанд ба ӯ мисли гӯсфанд муносибат кунанд. Ба хусус, ҷавонон. Ҷавон мехоҳад пеш аз ҳама шахсияти ӯро эҳтиром намоянд! Ӯ мустақилият ва озодӣ мехоҳад. Ӯ омода ҳаст, ки нисфи ин имтиёзҳоро дошта бошад, ки дорад, аммо ин ҳамаро бояд худаш соҳиб гардад.

Яъне ҷавон бештар фазои боз барои парвоз мехоҳад. Аммо, агар ҷавон инро надорад, дар вуҷудаш ҳиссиёти эътирозӣ ба вуҷуд меояд. Ҳатто, агар шумо ба ӯ хонаву мошин ва тамоми шароитро омода намоед! … Дар маҷмӯъ, дар ҷомеа мушкилоти зиёде вуҷуд доранд. Аммо то имрӯз мо канали мустақим ва эътимодбахш бо ҳукуматро пайдо накардем. Аз ин хотир, ҳарчи ки мо мегӯем, ҳукумат хаёл мекунад мо бо ғаразҳои сиёсии худ мегӯем ва аз вазъият истифода бурданием. Ва ҳарчи ки онҳо мегӯянд, мо ба дарки пешниҳодоти онҳо сарфаҳм нарафтем. Онҳо ҳам масалан ба мо ва дар маҷмӯъ ба ҷомеа дуруст фаҳмонда натавонистанд, ки ҳадафашон аз қабули қонун дар бораи дин ё масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд чӣ буд…

«Президент маро қабул накард, вагарна ҳаводиси Раштро пешгирӣ кардан имкон дошт»

- Фикр мекунед ҳукумат ба фикру пешниҳодоти Шумо ниёз дорад?

- Аз нигоҳи мо ҳукумат ба фикри ҳама ниёз дорад. Зеро он бунбасте, ки ҳукумат бо он гирифтор шудааст, натиҷаи ҳамин мавқеъи «бениёзӣ аз дигарон» мебошад.

- Ҷаноби Кабирӣ, масалан Шумо бори охир бо президент кай сӯҳбати рӯ ба рӯ доштед?

- Сӯҳбати корӣ ва рӯ ба рӯ ҳеҷгоҳ набуд. Танҳо сӯҳбатҳое дар қолаби ягон маърака, нишаст ё зиёфат буданд, аммо сӯҳбатҳои бевоситаи корӣ мо умуман надоштем.

- Вагарна Шумо дархостҳое дар ин замина доштед?

- Тобистони соли 2010 номаи расмие дар бораи мулоқот бо ҷаноби Президент аз сӯи банда сурат гирифта буд. Зеро хабарҳое дар бораи эҳтимоли сар задани ҳодисаҳои Рашт доштам. Фикр мекунам, имкони пешгирии ин ҳаводис вуҷуд дошт. Вале шояд аз серкорӣ буд, ки ин дархости мо сарфи назар гардид.

- Вақтҳои ахир ба назар чунин мерасад, ки ҳукумат эҳсос кардааст: мушкилоти бо Ӯзбекистон доштаи худро дар танҳоӣ ҳал карда наметавонад. Аз ин хотир, баъзе кӯшишҳо буданд, ки ба созмону кишварҳои абарқудрат муроҷиат намоянд. Хуб, Шумо ҳам аз рӯи ихтисос дипломат ҳастед. Илова ба ин, раиси яке аз ҳизбҳои фаъоли сиёсии мамлакатед. Пас, агар ҳукумат аз Шумо дархост кунад, ки роҳи ҳалли мушкилро пешниҳод кунед, чӣ машваратҳоеро барояшон медодед?

- Пеш аз ҳама ман чандон хушбин нестам, ки ҳукумат чунин иқдоме намояду аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ё нафарони шинохта дар ягон масъала машварат пурсад. Бовуҷуд, ман омодаам ба ҳайси як шаҳрванд ва раҳбари нерӯи сиёсии мамлакат дар ин кор, агар барои миллату кишвар лозим бошад, саҳм гузорам. Пеш аз ҳама,  шиддати мухолафатҳои дохилиро бояд поён бурд ва ба маҳалаи сифатан нави ҳамдигарфаҳмӣ расид. Ин аз ҳукумат вобаста аст. Зеро, мо ҳарчи дар имконамон буд кардем ва гуфтем. Агар ин ба даст биёяд, дасти Тоҷикистон дар муколама ва баҳс бо дигарон бозтар мешавад ва нерӯи зеҳниву инсонии мо ҳам танҳо ба як ҳадаф - дифоъ аз манофеи миллӣ ва давлатӣ сарф мегардад.

Ҳоло роҳбарият ва даҳҳо ҳазор аъзову ҷонибдори мо ба ҷойи он, ки дар паҳлуи Ҳукумат барои дифоъ аз манофеи миллат биистанд, дар фикри онем, ки чигуна ҳизбро аз мақомоти давлатии худамон дифоъ кунем. Вале, бо вуҷуди ин ҳам, дар чунин лаҳзаҳо мо медонем, ки қарзи ватандорӣ ва миллатдӯстии мо чист ва онро муҳимтар медонем. Дар масъалаи баҳс бо Ӯзбекистон. Ҳама медонанд, ки калиди мушкилӣ дар дасти ду роҳбар аст. Вале, ин маънии онро надорад, ки дигар ниҳодҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, расонаҳои хабарӣ, уламо ва равшанфикрони мо ибтикори амал надошта бошанд ва ин ҳамаро ба дӯши нафари аввали давлат бигузоранд. Ман намедонам, ки вазъият дар Ӯзбекистон чигуна аст, вале чаро мо дар сатҳи Парлумон иқдом накунем ва ҳамкорони ӯзбеки худро даъват ба гуфтугӯи ошкори дутарафаи парлумонӣ насозем?

Агар онҳо бе иҷозати нафари аввал иқдом намекунанд, пеши роҳи моро кӣ гирифтааст? Чаро аз дипломатияи мардумӣ истифода нашавад? Чаро уламои динӣ ва равшанфикрони ду кишвар бо ҳам нашинанд? Ба фикрам, ҳам дар онҷо ва ҳам инҷо аз як чиз метарсанд, мабодо нодуруст нафаҳманд! Агар дӯстони ӯзбек бо ҳар далеле омодаи муколама нестанд, мо бояд иқдом намоем ва нишон диҳем, ки аз гуфтугӯи ошкор бо касе наметарсем. Борҳо мавқеи худро гуфтаам, ки инсони қавӣ аз муколама наметарсад, чӣ дар Тоҷикистон бошад, чӣ дар Ӯзбекистон. Мо бештар ба ин муколама ниёз дорем ва роҳҳои мо баста шудаанд, гази мо қатъ шудааст ва барқ дар мо намерасад. Ҳоло зарур намедонам, ки мустақиман дар ин самт амал намоям, ва беҳтар мебуд, ки дар ҳайати муштараки давлатӣ ва расмӣ кор намоем. Вале, агар бинем, ки дигар мунтазир нишастан ба зарар мебошад, бояд ҳамчун ҳизб ё дар қолаби дигаре масоилро бо ҳамсоягон матраҳ кард.

«Ҳукумат бояд дарк кунад, ки мардум танҳо бо онҳо нест»

- Бубинед, Шумо дар бораи сурат нагирифтани ислоҳоти ҷиддӣ дар мамлакат ва тағйир наёфтани табиати ҳукумат сӯҳбат мекунед. Масалан дар Русия низ чанд сол пеш президент Путин ҳам ягон намуди ислоҳот кардан намехост ва ғурури ӯ ҳам пеши мухолифинаш аз ғурури ҳукумати мо кам набуд. Бовуҷуд, мухолифини сиёсии ӯ ба андозае фаъол шуданд, ки ҳукумати Русия водор гардид, баъзе аз ислоҳотро дар кори худ ва муносибат бо мухолифин содир кунад. Пас фикр намекунед, мухолифини сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла ҲНИТ низ дар сурат нагирифтани ислоҳот дар мамлакат масъулият доранд?

- Ман намехоҳам дар бораи паҳлӯҳои субъективии саволи гузоштаи Шумо сӯҳбат кунам. Мо масъулият дорем ва эътироф мекунем, ки қисман камбудии мо буд, натавонистем ҳукуматро мутақоид намоем, ки ин ислоҳот ба нафъи худаш аст. Вале, агар дар бораи паҳлӯҳои объективии масъала ҳарф занем, ба гумони мо он ба як мавзӯъ иртиботи бевосита мегирад: дур будан аз воқеиятҳо! Баъзеҳо намехоҳанд воқеиятҳоеро, ки дар он қарор доранд, қабул кунанд. Воқеиятҳои дохилӣ ва берунӣ комилан дигар шудаанд, вале муносибат ба онҳо мисли пешина аст.

Барои мисол, намехоҳанд қабул кунанд, ки Тоҷикистон бо вазъи доштаи худ ва ҳолати ҷуғрофиаш ба бозии геополитикии кишварҳои абарқудрат табдил шудааст. Ҳол он ки, мо мехоҳем ё не, имрӯз бояд маълум намоем, ки дар ин бозиҳои бузург бо кӣ ҳастем? Сиёсати дарҳои боз ва бисёрсамтаро набояд чунин маънидод кард, ки бояд бо як даст Русияро бидорем, бо дасти дигар ҷаҳони ғарбро. Ё Чину кишварҳои арабиро. Тоҷикистон чунин қудратро надорад! Аз ин рӯ, аз лиҳози стратегӣ бояд мушаххас кард, ки мо ба кӣ авлавияти бештар медиҳем.

Ин дар масъалаи сиёсати хориҷӣ. Аммо дар масъалаи сиёсати дохилӣ бояд ҳукумат дарк кунад, ки мардум танҳо бо онҳо нест. Ин ҷо рашку бухлу кинаву кудуратро бояд канор гузоранд ва эътироф кунанд, ки дар Тоҷикистон ҳамчунин шахсияту нерӯҳои дигаре ҳастанд, ки мардум онҳоро қабул дорад ва бовар мекунад. Дигар бо принсипи «танҳо худам!» ба ҷое расидан душвор аст. Ҳоло баръакс бояд ин гурӯҳҳоро эътироф кард ва ояндаи миллату давлатро бо ҳам сохт. Агар инро қабул доранд, барои ҳамагон хуб хоҳад буд, агар не, пас бояд донанд, ки дигар на миллат миллати пешина аст, на сиёсатҳои ҷаҳонӣ оне, ки қаблан буд.

- Оғои Кабирӣ, агар таваҷҷӯҳ кардаед, дар сӯҳбатҳои ахири раҳбарияти кишвар мафҳуми «зиёдаравӣ» бештар истифода мешавад. Бардошти Шумо аз истифодаи зиёди ин мафҳум чист? Оё ҳукумат намехоҳад бигӯяд, ки аз ин бештар аз мо талаб накунед, ки тавони бардошти онро на мо дорем, на шумо?

- Аввал ин ки мардуми тоҷик зиёдарав нест. Ва дар талаботаш ба ҳукумат низ зиёдаравӣ накардааст. Ҳатто мешавад гуфт чизе ҳам талаб накардааст. Мардум барқ мехоҳад, газ мехоҳад, эътирофу эҳтироми худро мехоҳад, интихоботҳои шаффоф мехоҳад…Магар ин зиёдаравӣ аст? Инро тамоми миллатҳои олам мехоҳанд. На танҳо мехоҳанд, балки ҳукуматҳоро маҷбур мекунанд, ки ё хостаҳоро бароварда созад ё истеъфо бираванд. Мардум аз ҳукумат ҳоло чизеро талаб накардааст, танҳо умед дорад, ки ҳукумат ин мушкилотро ҳал мекунад. Агар инро касе зиёдаравӣ меҳисобад, чӣ дар ҳукумат бошад, чи дар оппозитсия, пас мешавад ӯро кӯрнамак номид. Баръакс, мардум мехоҳад ҳукумат дар амалҳояш зиёдаравӣ накунад.

Ҳам мардум ва ҳам ҳукуматҳо дар баробари якдигар ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳо доранд ва ин ҳад бояд риоя шавад. На мардум аз ҳади худ бигзарад, на ҳукумат. Мардум умуман ҳоло дар корҳои ҳукумат дахолат накардааст ва чизеро ҳам талаб надорад. Вале, мебинем, ки ҳукумат дар дахолат ба масоили резу хӯрдаи шаҳрвандон, ҳаёти шахсии онҳо хеле дахолаташ зиёд шудааст ва боз ҳам дорад пеш меравад. Мо кайҳо фаромӯш кардаем, ки вазифаи аслии ҳар як ҳукумат таъмини шароити хуби зиндагии мардум аст, на дахолат дар умури мардум.

Дар асри 21 дигар доштани газу барқ, ҷойи кори муносиб, мошин ва манзил дигар имтиёз нест, ин шароити минималии зиндагии як инсони соҳибкаромат мебошад. Ва таъмини он барои ҳар як шаҳрванд вазифаи аввалиндараҷаи ҳукумат. Вале, ҳамаи инро монда мо думболи он ҳастем, ки чигуна либос бояд пӯшид, чи кадар меҳмон бояд даъват кард ва кай намоз бояд хонду дар куҷо. Бубахшед, ин кори ҳукумат нест, ҳукумат вазифаи худро фаромӯш кардааст ва ин аст зиёдаравӣ ва баромадан аз ҳади салоҳият ва ваколатҳои худ. Боз такрор мекунам, ҳарду тараф бояд зиёдаравӣ накунанд. Мардуми тоҷик имкониятҳои ҳукуматро медонад, барои ҳамин ҳам зиёд талаб намекунад. Ҳукумат ҳам бояд болои ин ҳама маҳрумиятҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, боз маҳрумиятҳои сиёсӣ ва ақидатиро бор насозад.

- Хуб, Шумо мегӯед нисбати ҲНИТ ҳукумат ҳарфи ахирашро нагуфтаст. Ба фарзи мисол, агар ҳарфи ахири ҳукумат ин бошад, ки барои таъмини амният ва субот дар Тоҷикистон ҲНИТ бояд фаъолияташро қатъ кунад, мавқеъ ва бархӯрди Шумо чӣ гуна хоҳад шуд?

- Мутмаин бошед, ки агар ҳарфи ахири ҳукумат ҳамин бошад ва онҳо моро мутмаин кунанд, ки ин ба нафъи миллату давлат аст, аввалин касе хоҳам буд, ки ба ҳамҳизбонам онро дуруст маънидод мекунам ва масъала мегузорам, ки мо бояд фаъолияти худро қатъ кунем. Ман қаблан ҳам дар сӯҳбат бо масъулин гуфта будам, ки агар барои Тоҷикистонро ба як кишвари пешрафта табдил додан, мо мушкил пеш оварда бошем, ва сабаби ин ҳама бӯҳронҳои дохиливу хориҷӣ ҳамин 40 ҳазор аъзои мо бошанд, мо омода ҳастем, ки ё фаъолиятро қатъ кунем, ё ба ҳиҷрат равем. Агар мо фаъолияти худро қатъ кардем, нефту газ пайдо мешавад ё барқ бештар мешавад?

Бубинед, ҳеҷ кас дар дохил халал намерасонад, ки ҳукумати амалкунанда барномаҳои худро амалӣ созад, тамоми шохаҳои ҳокимият дар ихтиёрашон, ҳар қонуне, ки хоҳанд қабул шуда истодааст, сарватҳои давлативу миллӣ, тамоми ниҳодҳои илмӣ ва фикрӣ дар ихтиёрашон. Наҳзат ғайр аз андеша ва раъйи қисме аз мардум чизе надорад, ки халал расонад. Баръакс, имиҷи Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳо шояд ба хотири фаъолияти ҳамин ҳизб беҳтар бошад. Вале, боз ҳам агар дуруст фаҳмонанд, ки манфиатҳои давлатӣ ва миллӣ инро тақозо мекунад, фикр накунам, ки аъзои мо мухолифат ба манфиатҳои давлату миллат намоянд. Гумон мекунам барои 40 ҳазор аъзои ҲНИТ дар паҳлӯи 1, 5 миллион муҳоҷири дигар низ ҷо пайдо мешавад.

Мусоҳиб Раҷаби Мирзо

Бознашр аз шумораи ахири нашрияи «Фараж»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi