06:23:05 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИНТИҚОДИ ШӮРОИ АВРУПО АЗ РУСИЯ ДАР РОБИТА БО ҚАЗИЯИ ИСКАНДАРОВ

Кумитаи Ҳуқуқи Башари Ҷиргаи Вазирони Шӯрои Аврупо давлати Русияро дар таслими ғайриқонунии Маҳмадрӯзӣ Искандаров муқассир донист.

/images/stories/2012/06/11_iskandarov_30887887.jpgДар хулосаи ин кумите омадааст, ки пас аз он ки Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар даст доштани давлати Русия дар рабуда шудан ва таслими оқои Искандаров ба Тоҷикистон даст дорад, давлати Русия ба "истирдод"-ҳои ғайриқонунӣ идома додааст ва дар пайи он афроди таҳти ҳимояти ин ниҳод ба кишварҳои худ таслим шудаанд.

Кумитаи Ҳуқуқи Башари Ҷиргаи Вазирони Шӯрои Аврупо дар ҷаласаи ахири худ гузориши давлати Русия дар бораи иҷрои муқаррароти Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар дар робита ба “парвандаи Гарабаев”-ро баррасӣ кардааст.

Ин парванда аз таслими ғайриқонунии Мурод Қарабоев аз Русия ба Туркманистон оғоз шуда ва шомили қазоёи мушобеҳ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, низ мебошад.

Тибқи иттилоъи расмӣ, дар ин ҷаласа ба қазияи Маҳмадрӯзӣ Искандаров, раҳбари собиқи Ҳизби демукроти Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар шудааст. Таъкид шудааст, ки тибқи муссавабаи Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар, давлати Русия дар таслими ғайриқонунии оқои Исканадаров ба Тоҷикистон мазнун дониста мешавад.

Раҳбари собиқи демукротҳои тоҷик нахуст дар шаҳри Курулеви устони Маскави Русия нопадид шуд ва сипас мақомоти тоҷик аз боздошти вай дар фурӯдгоҳи Душанбе хабар доданд.

Соли 2005 Девони олии Тоҷикистон оқои Искандаровро ба иттиҳомоти мухталиф маҳкум кард ва ӯро ба муддати 23 сол равонаи зиндон кард. Аъзои Кумитаи Ҳуқуқи Башари Ҷиргаи Вазирони Шӯрои Аврупо таъкид кардаанд, ки давлати Русия то ҳол “таҳқиқи рабуда шудани оқои Искандаровро анҷом надода ва афроди мазнун дар ин қазия муҷозот нашудаанд.”

Ҳарчанд таъкид шудааст, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ Ҷиргаи Вазирони Иттиҳодияи Аврупо ба давлати Русия номаи “бесобиқа” ирсол карда ва хостори ҷилавгирӣ аз таслими ғайриқонунии афроде шудаанд, ки таҳти ҳимояти Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар қарор доранд.

Ҳамчунин Ҷиргаи Вазирони Шӯрои Аврупо аз давлати Русия дархост кардааст, ки то замони баргузории ҷаласаи ояндаи ин ниҳод дар бораи мушшахасоти рабудани шудани ин афрод иттилоъи бештар ироа кунад.

Ин кумите ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки баъд аз рабуда шудани Маҳмадрӯзӣ Искандаров низ мавориди дигари таслимҳои ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон аз Русия ба кишвари худ ошкор шудаанд.

Аз ҷумла, аъзои ин кумите ёдовар шудаанд, ки Савриддин Ҷӯраев ва Суҳроб Қӯзиев соли 2011 аз Русия рабуда шуда ва сипас додгоҳи вилояти Суғд ин ду нафарро барои 26 ва 28 сол маҳкум ба зиндон кард.

Кумитаи Ҳуқуқи Башари Ҷиргаи Вазирони Шӯрои Аврупо баъ аз баррасии гузориши давлати Русия чунин хулоса кардааст, ки ҳарчанд мақомоти ин кившар иртиботеро бо рабудани шудани оқои Искандаров радд мекунанд, вале масъулони зирабти ин кишвар дар нақзи муқаррароти Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар дар бораи манъи истирдоди раҳбари демукротҳои тоҷик муқассир ҳастанд.

Ҳамчунин изҳори таъассуф шудааст, ки ҳарчанд қазияи рабудани шудани Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва чанд нафари дигар, ки таҳти ҳимояти Додгоҳи Аврупоӣ қарор доштанд, то ҳол идома дорад, вале афроди мазнун дар ин қазоё ошкор нашудаанд.

Дар мавриди қазияи оқои Искандаров Кумитаи Ҳуқуқи Башари Ҷиргаи Вазирон ба давлати Русия пешниҳод кардааст, ки аз роҳҳои байналмилалӣ тамомии тадобир барои ҳифзи ҳуқуқи ӯро таъмин созанд.

Ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар ҷаласаи ояндаи Кумитаи Ҳуқуқи Башари Ҷиргаи Вазирони Иттиҳодияи Аврупо, ки қарор аст дар моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор шавад, баррасии ин мавзӯъ идома хоҳад ёфт.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi