05:12:39 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

МУҶТАҲИД ШАБИСТАРӢ: «МАН ҲАМ ЭРОНӢ ВА ҲАМ ТОҶИКАМ»-3

Қисмати аввал /// Қисмати дуввум

-Ҷаноби оғои Шабистарӣ, баргардем ба ҷаласаҳои гуфтушунидҳо. Шумо ҳамчун миёнҷӣ дар музокироти сулҳ аз кадом шеваи корӣ истифода мекардед, мавқеъҳоро чӣ гуна ба ҳам наздик мекардед?

/images/stories/2012/06/19_shabistari-1111111.jpg-Ман як одат доштам. Маъмулан шабҳо баъде, ки ҳама хоб мекарданд, мерафтам утоқи Талбак Назаров, ё утоқи Муҳаммадсайид Убайдуллоев, ё утоқи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода. Онҳо ба ман лутф доштанд. Дарҳои онҳо ба рӯи ман ҳамеша боз буд. Зеро ҳарду ҷониб ҳам медонист, ки Шабистарӣ барои сулҳ фаъолият мекунад.

Дар Исломобод ба оқои Нурӣ гуфтам, ки медонам, оқои Раҳмонов идеоли шумо нест, улгӯ шуда наметавонад. Аммо як чизе ҳаст. Ҳоло агар ӯ набошад, бо онҳое, ки мехостанд ба сари қудрат биёянд, бо онҳо мушкилтараст ба тавофуқ расидан. Хулоса, вақте, ки ман ба оппозитсия гап мезадам хубиҳои тарафи давлатро мегуфтам. Ва вақте, ки бо давлат гап мезадам, хубиҳои тарафи оппозитсияро мегуфтам.

Шояд бароятон аҷоиб бошад ман ҳатто ба Шодӣ Шабдолов, ки раиси ҳизби коммунист буд, вохӯрӣ доштам роҷеъ ба ин, ки мулоқотҳояшонро доир кунам бо Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон. Ман борҳо гуфтам ва такрор мекунам коммунистҳо ба он маъное, ки дар Эрон фаҳмида мешавад, яъне бехудоҳо, дар Тоҷикистон нест. Яъне атеистро шумо дар байни коммунистҳои Русия метавонед пайдо намоед, аммо дар Тоҷикистон шумо ин чизро пайдо намекунед.

Як пирамарде ба ман боре ҳикоят карда буд, ки як роҳбари ҳизби коммунист дар ноҳия вақте, ки модараш вафот мекунад, аз тарси русҳо бо расму русуми онҳо ӯро ба хок месупорад. Вале шаб ба хонаи ҳамон пирамард рафта ӯро ва занашро гирифта хоҳиш мекунад, ки модарашро аз қабр гирифта, он тавре дини мубини Ислом мефармояд, ҳамон тавр гӯру чӯб кунанд. Яъне дар зарфи 70 соли шӯравӣ агарчи тоҷикҳо зоҳиран каме дигар шуда бошанд ҳам, аммо дарунашон ҳамон тоҷик буд. Тоҷикон ҳамаи анъанаҳои диниву миллиашонро риоят мекарданд.

Боз як нуктаи ҷолибро бароятон мегӯям. Як ҷаласа буд ба муносибати ёдбуди яке аз котибони аввали ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ Ҷаббор Расулов. Пиразане рафт дар минбар суханронӣ кард. Гуфт, ки ман 40 сол ҳаст, ки коммунист ҳастам, коммунист мемонам ва коммунист мемирам. Ва ҳини аз минбар поин шудан гуфт: «Худо раҳматаш кунад, ҷояш ҷаннат бошад». Пас маълум мешавад, ки баҳси коммунистӣ ба маънои баҳси ақидавӣ нест, ки одам бигӯяд дин тамом шуд.

На. Ҳатто ҳамон Шодӣ Шабдолов баъди ҷаласа ба мо гуфт, ки биёед ба хонаи Ҷаббор Расулов биравем ва фотиҳа бидиҳем. Фотиҳаро як мусалмон медиҳад. Бинобар ин дар мусалмон будани коммунистҳои тоҷик набояд шак овард. Ман медонам, ки ҳама мусалмон ҳастанд. Аммо дараҷаи имондории яке аз дигаре фарқ мекард. Дар кишварҳои исломӣ ҳам ҳамин тур аст. Яке намоз мехонад, дигаре инро камтар риоя мекунад.

Вале ҳама худро мусалмон меҳисобанд ва ба Худои ягона эътиқод доранд. Бо замми ин онҳо эрониуласл ҳам ҳастанд, эронӣ ҳастанд, тоҷик ҳастанд. Бинобар ин мо сайъамон бар ин буд, ки бо ҳама якхела бошем. Ва яке аз сирҳои муваффақияти ман ҳам дар ҳамин ҳаст. Барои ҳамин ҳам ҳарду тараф ҳам ба ман эътиқод доштанд. Ҳамон Шабистариеро, ки русҳо ва ӯзбакҳо ошкорову пинҳонӣ дар ҳамдастӣ бо оппозитсия гунаҳкор мекарданд, ҳарду ҷониб хеле бовар доштанд. То он ҷое бовар доштанд, ки вақте, ки намояндаи вижаи ДК СММ аз утоқи гуфтушунид берун мешуд, онҳо ҳарду ҷониб суханҳои маҳрамонаашонро ба ман мегуфтанд.

/images/stories/2012/06/19_shabistari-2222222.jpgРоҷеъ ба баҳсҳои Алмаато ва Ашқобод, ки дар се марҳила гузашт, бо сабаби аз сар гирифта шудани даргириҳо дар ҷабҳа, ҳаминро бояд бигӯям, ки ман ҳамон «шатлдипломасиро» (рафтуомадро ба мақари ҳарду ҷониб) идома додам. Яъне шабҳо, ки мешуд ман боз ба ҷонибҳои мухолиф сӯҳбатҳое медоштам. Ман намояндагони ҳарду ҷонибро ба хонаи худ даъват кардам. Намояндаи вижаи Дабири кулли СММ низ онҷо буд. Зиёфат додам ва кӯшишҳо ба харҷ додам, ки раванди гуфтушунид пеш биравад.

Ман медидам, ки ҳарду ҷониб, оқои Раҳмонов ва ҷаноби оқои Нурӣ, бисёр мехостанд, ки дар кишварашон сулҳ барқарор шавад. Билохира, дар Маскав Созишномаи ниҳоӣ ба имзо расид. Кишварҳои танзимкунанда низ дар ин сулҳ буданд. ҶИЭ яке аз кишварҳои танзимкунанда буд. Агар бигӯем, ки Созишнома пурра, нуқта ба нуқта иҷро гардид, албатта ин нодуруст мебуд. Вале он чизе, ки мисли офтоб равшан аст, ин аст, ки дар Тоҷикистон, алҳамдулиллоҳ, имрӯз сулҳ пойдор аст.

Ман як моҳ қабл барои тарҳрезӣ кардани нақшаи як конференсияе, ки моҳи июн дар Тоҷикистон мешавад, ба Душанбе рафта будам. Дар ҳамон ҷо гуфтам, ки бояд ба ҳама ҷонибҳо хоҳ ҷануб бошад, ё шимол ва ё ғарбу шарқ баробар эҳтиром қоил бошем. Ҳар як ҷониб чун узви ин кишвар ба ин кишвар ҳақ дорад ва бояд, ки ба он таваҷҷӯҳ шавад. Ман орзу мекунам, ки Тоҷикистон, иншоаллоҳ, дар оянда ба як кишвари пешрафта табдил хоҳад ёфт.

- Ба фикри Шумо, ҷаноби оқои Шабистарӣ Сулҳи тоҷикон барои минтақа чӣ аҳамият дошт?

- Маълум аст, ки пешрафтҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ асосаш ҳамин сулҳ аст. Мо бидуни сулҳ ба ҷое нахоҳем расид. Дар ёдатон ҳаст вақте, ки дар Тоҷикистон ҷанг шурӯъ шуд, ҳамаи сармоядорон фирор карданд. Ҳатто донишҷӯёни хориҷӣ низ фирор карданд. Ҷазби сармояи хориҷӣ дар шароити ҷанг хеле ҳам мушкил аст, ҳатто гуфта метавонем, ки номумкин аст. Ҳозир чӣ? Вақте, ки сулҳу оромӣ ҳаст, бубинед, сармоягузорони хориҷӣ омада истодаанд.

Роҷеъ ба минтақа. Воқеан он чиро, ки дар Тоҷикистон иттифоқ меафтод, мо гуфта наметавонем, ки танҳо ба Тоҷикистон вобастагӣ дорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва ё Эрон иттифоқ меафтад, мусалламан минтақаро таҳти таъсир қарор медиҳад. Барои ҳамин аст, ки мо бояд дар фикри амнияти кулли минтақа бошем. Амнияти минтақа ба рушди кишварҳои алоҳида таъсири мусбати худро мерасонад. Ва аз ҳамин сабаб барқароршавии сулҳ ба Тоҷикистон дар алоҳидагӣ агар бар манфиати ҳар як кишвари минтақа бошад, дар умум ба амнияти минтақа низ таъсири хуб додааст.

- Дар раванди музокирот шумо ҳамчун намояндаи як кишвар оё сангандозиҳоеро аз сӯи кишварҳои абарқудрат ба ҷараёни гуфтушуниди тоҷикон мушоҳида мекардед?

- Шояд рӯзҳои аввале, ки Тоҷикистон истиқлолият пайдо карда буд, он давроне, ки амрикоиҳо ва русҳо даврони «моҳи асал» доштанд, ба ҳам бисёр наздик шуда буданд, ҳарду ҷониб ҳам ин корро мекарданд. Ёдам меояд, ки вақте аз сафорати Русия ба дидани марзи Тоҷикистону Афғонистон мерафтанд, нафареро аз сафорати Амрико ҳатман ба худ мебурданд ва ҳама медонист, ки он нафар корманди хадамоти иттилоотӣ ҳаст. Вале баъдҳо бо гузашти айём ин ҳолат оҳиста-оҳиста дигаргун шуд.

/images/stories/2012/06/19_shabistari-3333333.jpgРобитаи имрӯзаи мо ба русҳо аз робитаи он давр хеле фарқ мекунад. Дар он рӯзҳо русҳо моро ҳамчун рақиб қабул мекарданд. Яъне мисле, ки мо омадем ҷои онҳоро гирифтем. Ман аз сафири Русия ин чизро шунидам. Ман ба ӯ гуфтам: «Оқоҷон, мо ҳафтод сол пеш инҷо наомадем. Аз мардум бипурсед, ки мо аз кай боз дар инҷо ҳастем. Мо 2500 сол инҷо ҳастем.. Шумо ба хонаи ҳар тоҷике, ки биравед, мебинед ҳар он чи, ки мо мехоҳем, ӯ ҳамонро мехоҳад. Мо Ҳофизро мехонем. Онҳо Ҳофизро мехонанд. Мо «Шоҳнома»-ро мехонем, онҳо низ «Шоҳнома» мехонанд...».

Ба ҳар ҳол сулҳи тоҷикон сабақҳои зиёдеро ба мо дод. Пеш аз ҳама ба мо нишон дод, ки ҳамкориҳои минтақавӣ метавонад кӯмак бикунад. Ин чизро дар мисоли ҳамкории Эрон ва Русия дар сулҳи тоҷикон дидан мумкин аст. Дар ҳамин давра Эрон исбот кард, ки чи гуна метавонад дар амнияти минтақа саҳм дошта бошад. Сулҳи тоҷикон инро исбот кард. Барои худи Эрон ҳам ин як дарс буд. Яъне мо фаҳмидем, ки худамонро бояд дасти кам нагирем. Эрон ҳам бояд бидонад, ки нақши муҳим дорад дар минтақа ва дар ҷаҳон низ. Ва ин нақши худро бояд иҷро кунад. Нақши Эрон дар Афғонистон низ хеле калон аст.

Масалан дар конфоронси Бонн ин нақш чӣ гуна муҳим буд. Ҳоло дар масъалаи Ироқ ҳам ҳамин тавр аст. Ман мутмаинам, ки амрикоиҳо ба ин натиҷа хоҳанд расид, ки вазъ дар Ховари Миёна, Ироқ бо ширкати Эрон тезтар метавонад ба эътидол биёяд. Зеро Эрон як кишвари бисёр пураҳамияту аз ҷиҳати стратегӣ бисёр муҳим аст, бидуни Эрон масоили Ироқ ҳал намешавад. Сулҳи Тоҷикистон намунаи бисёр боризе буд. Хушбахтона, шанси ман буд, ки Худо ато кард, ки дар як мақтаъи замонӣ маъмурият пайдо кардам. Умедворам, ки ҳам Худо аз мо розӣ бошад ва ҳам мардуми Тоҷикистон.

- Ташаккур, мехоҳам аз шумо ба ҳайси як коршиносу таҳлилгар ва он шахсе, ки таҷрибаи зиёди кори сиёсӣ дорад, бипурсам, ки роҳҳои таҳким инкишофи муносибатҳои се кишвари форсизабон Эрону Тоҷикистону Афғонистонро шумо дар чӣ мебинед?

- Шояд дар дили ҳамаи тоҷикони Эрону Тоҷикистону Афғонистон ҳаст, шояд ҳеҷ форсзабон нест орзу накунад, ки Афғонистон ҳам ором бишавад. Албатта инро ҳам бояд диққат кунем, ки сангандозӣ байни мо, шумо ва афғонҳо зиёд хоҳад буд. Иллаташ ҳамин аст, ки таърихи мо нишон дод, ки собиқаи мо миллати бисёр-бисёр бофарҳанг ҳастем. Миллате ҳастем, ки ба илми дунё кӯмак кардем. Саҳми форсизабонон дар илми дунё, дар байни тамаддунҳои мухталифи дунё, воқеан бо чунин ном симпозиум дар Душанбе буд, хеле бузург аст.

Мусаллам аст, ки ин чизҳо барои бархе аз кишварҳо ҷолиб нест, ки мо қавитар бошем, якҷоя шавем. Ихтилофи зиёд меандозанд. Байни мову шумо, байни мову афғонҳо сайъ мекунанд ихтилоф бияндозанд. Аммо он чи, ки бисёр муҳим аст, инаст, ки мо ахборро бояд мустақим бигирем. Аз манбаи сеюм нагирем. Ахбори даставвал бояд бошад. Агар ахбор аз хабаргузории ғарбӣ меояд, ҳатман дар он ғаразе ҳаст. Он суди мову шуморо намехоҳад. Ӯ манофеи худашро мехоҳад. Аз ин рӯ лозим ҳаст, ки ахбори даставвал дошта бошем.

Дуввум мо сайъ кунем, ки дар Афғонистон оромӣ ҳукмфармо гардад. Ҳадди аққал ба ҳукумати қонуниаш кӯмак кунем. Ҳукумати Афғонистон низ бояд манофеи ҳамаи ақшори ҷомеаро ба назар бигирад. Ҳукумат мисли падар ҳаст. Падар чи гуна дар хона бо фарзандаш муносибат мекунад, ҳукумат ҳамонгуна бояд муносибат кунад бо гурӯҳҳо дар дохили кишвар. Аммо ин маънои онро надорад, ки бо онҳое, ки даст ба силоҳ ва куштор задаанд ва мавқеву нияти бад доранд, муросо кунад. Ба назари ман дар марҳилаи ҳозира аз ҳама бештар вазъияти иқтисодӣ ташвишовар ва хавфнок аст.

Масъалаи кишт, истеҳсол ва қочоқи тарёк ин як хатари ҷиддӣ ҳам ба Тоҷикистон ва ҳам ба Эрон аст. Зеро он аз марзҳои мову шумо убур мекунад, ба кишварҳои аврупоӣ меравад. Бинобар ин ин ҳам бояд яке аз масъалаҳое бошад, ки бо кӯмаки ҷомеаи байналмилалӣ ҳаллу фасл бикунем. Таҷрибаи Тоҷикистон таҷрибаи хубе буд, ки ҳанӯз татбиқи он идома дорад. Дар Афғонистон ҳам бояд ҳамчун корҳое кард. Чун таҷрибаи Бонн таҷрибаи хубе буд. Аммо кишварҳое, ки қавл доданд, меоянд кӯмак мекунанд, вазъи иқтисодии Афғонистон беҳтар мешавад, дидем, ки пул надоданд.

Шояд ҶИЭ бо вуҷуди ин ки хело пропаганда накардааст, аммо рақами хеле зиёдеро гузошта барои рушди Афғонистон. Дар ҳақиқат онҳое, ки ваъдаи додани миллиарддоллариро карда буданд, воқеан, ҳатто 10 миллион доллар ҳам надоданд. Рақами ҶИЭ хеле болотар аз 500 миллион доллар аст. Мо хеле зиёд кӯмак кардем. Ин мушкили иқтисодӣ ҳам сабаб мешавад, ки Афғонистон ноором бимонад. Чаро, ки пуле, ки аз маводи мухаддир ба даст меояд, меравад барои харидани аслиҳа, мутаассифона. Аслиҳа ҳам ҳарҷое ҳаст, нооромӣ онҷо ҳаст. Ин чизи рӯшан аст. Ба эътиқоди ман қазияи Афғонистон наметавонад бидуни кӯмаки ҷомеаи байналмилалӣ, бидуни кӯмаки минтақа ҳаллу фасл шавад.

- Дар хотима ҷаноби оқои Шабистарӣ мехоҳам зиндагиномаи шуморо аз забони худи шумо бишнавам. Он чизеро, ки мехостед баён бишавад, мегуфтед?

- Ман зодаи ҷое ҳастам, ки дар ҳақиқат Камоли Хуҷандӣ онҷо омада фаъолият кард, эҷод кард ва орамид. Дар Табрез дар наздикиҳои Боғи Камол. Шояд ошноии ман бо Тоҷикистон аз ҳамон даврони кӯдакӣ оғоз шудааст.

- Бо Камоли Хуҷандӣ шояд робитаи хешу таборӣ ҳам дошта бошед?

- Ин чизро аниқтар дидан даркор, ба таърих назар кардан даркор аст, чунин имкон низ вуҷуд дорад. Шояд билохира шаҷаранома ҳам пайдо шавад.

Баъди хатми даврони таҳсилоти мутавассита омадам Теҳрону инҷо дарсҳои донишгоҳӣ доштам. Муддати дар Бонки миллӣ машғул будам. Баъдан дар Вазорати корҳои хориҷӣ машғул шудам. Сипас як маъмурияти 9,5 сола дар Ню Йорк, дар намояндагии СММ доштам. Баъд аз он омадам Эрон ва маҷаллаеро бо номи «Сиёсати хориҷӣ» роҳандозӣ кардам ва гурӯҳеро таъсис додам бо номи «Гурӯҳи мутолиоти созмонҳои байналмилалӣ», то ин ки маро гуфтанд, бирав Тоҷикистон.

Омадам Тоҷикистон дигар он вақти ишқ оғоз шуд ва боқимондаро худатон медонед. Баъди аз онҷо баргаштан масъулияти идораи умури иқтисодиёти байналмилалиро дар  вазорати умури хориҷаи ҶИЭ доштам. Баъдан шудам сафир дар Женева. Алъон дар СММ ҳастам ба унвони Раиси намояндагии дафтари миллии Муттаҳид барои ҳамоҳангии умури инсондӯстона. Ба шумо дар кори наҷибу хубатон муваффақият орзу мекунам.

- Ташаккур, барои шумо ҳам пирӯзӣ орзумандам.

Мусоҳиб Султони Ҳамад, Душанбе-Теҳрон-Душанбе, майи соли 2007

МУҶТАҲИД ШАБИСТАРӢ: «МАН ҲАМ ЭРОНӢ ВА ҲАМ ТОҶИКАМ»

Қисмати аввал  Қисмати дуввум



Шарҳҳо   

 
+2 #1 Guest 19.06.2012 13:49
лекин хамин мардак айёрона худро васф кард. ман намедонам чи хизматхо кардааст аммо барои ин суханхояш агар хакикате дошта бошанд ташаккур мегуям. шумо баринхо хазорхо буданд аммо точик ки буданд наметавонистанд мисли шумо амал кунанд ночор буданд
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi