15:21:23 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ДУ КОНФРОНС ДАР МАВЗӮИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ВАЛЕ…

Ба ифтихори 15-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори ин ниҳод конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Плюрализм ва масъалаҳои замонашавии низоми сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори он олимон, сиёсатмадорон, сиёсатшиносон, муҳаққиқон, коршиносон, мансабдорони ниҳодҳои ҳукуматӣ ширкат варзиданд.

/images/stories/2012/06/23_p1050901_230612.jpgКонфронсро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Бобохон Маҳмадов ифтитоҳ намуда оиди моҳияти Созишномаи умумии сулҳ гуфт, ки «15 сол пеш ҳуҷҷате ба имзо расид, ки сарнавишти давлати тоҷикон, тақдири миллати тоҷик ва халқу миллатҳои сокини Тоҷикистонро ба куллӣ тағйир дод».

Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири Президенти ҶТ Муҳаммадӣ Сафолов Созишномаи умумии сулҳро «сарчашмаи дастовардҳои минбаъдаи мардуми Тоҷикистон дар самти густариши плюрализм, мусолиҳаи миллӣ, ташаккули низоми бисёрҳизбӣ, равандҳои демократӣ, тақвияти ҷомеъаи шаҳрвандӣ» арзёбӣ кард.

Кароматуллоҳ Олимов, ноиби президенти Академияи Илмҳои ҶТ, узви собиқи КОМ дар мавзӯи «Сабабҳои низои байни тоҷикон ва таъмини сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон» ҳарф зада фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, омода набудани кадрҳои роҳбарикунандаи ҷумҳурӣ ба тағйири вазъият ва мустақилона роҳбарӣ карда натавонистани онҳо, популизи сиёсӣ ва дастнигари қувваҳои беруна будани нирӯҳои сиёсии ҳамон давраро аз сабабҳои асосии шӯрӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон номид.

Қурбон Восеъ, Раиси кумитаи иҷроияи «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» дар мавзӯи «Ваҳдат ва истиқлолият-ду нерӯи густаришдиҳандаи давлати соҳибистиқлол» суханронӣ намуда ҷанги шаҳрвандиро таҳмилӣ номида роҳандозии онро «ба дасту ба ҳиммати» норафтараҳоне, ки аз сиёсати дунё новоқиф буданд», донист. Ӯ инчунин изофа намуд: «Ва ҳамин ҷанг аслан аз даруни коридорҳои ҳукумат берун шуд. Ба мардуме, ки аз гӯшаҳо омаданд, аз ҳукумат ба онҳо керосин пошиданд».

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, узви собиқи Комиссиони Оштии Миллӣ (КОМ) ва ҳайати музокироти байни тоҷикон, ки дар мазӯи «Сабақҳои омӯзандаи сулҳи тоҷикон» сухан мегуфт, азҷумла иброз дошт, ки «Тоҷикистон дар 21 соли даврони истиқлоли давлатӣ дастовардҳо бидуни шак зиёд дорад. Аммо муҳимтарин ва бузургтаринаш ҳамоно дарёфти сулҳу оштӣ будааст.

Вале бо камоли таассуф бояд эътироф кард, ки ҳанӯз ҳам ҳам ҷомеъаи тоҷик пас аз сипарӣ шудани 15 соли ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз натиҷаҳои раванди сулҳ ва сабақҳои он ба андозаи лозима маълумоти саҳеҳ ва дуруст надорад».

Дар идомаи суханронии худ профессор Абдунабӣ Сатторзода ин нуктаи муҳимро таъкид намуд, ки «вақтҳои охир дар ҷомеъаи мо як падидаи нохуше ба мушоҳида мерасад, ки сахт ташвишовар аст. Ин ҳам бошад авлотар донистани манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбӣ, қавмиву маҳаллӣ, фурсатталабиву худхоҳӣ бар манфиатҳои давлативу умумимиллӣ мебошад».

/images/stories/2012/06/23_p1050778_230612.jpgСипас дар ин конфронс Ҷумъабой Сангинов, муовини якуми Раиси вилояти Суғд дар мавзӯи «Нақши вилояти Суғд дар ташаккули ваҳдати миллӣ», Азиз Гиёев, муовини Раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон», Шамсиддин Оромбеков, узви собиқи ҳайати музокироти байн тоҷикон, мушовири Президенти ҶТ оид ба сиёсати кадрҳо дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ ва сабақҳои омӯзандаи сулҳи тоҷикон», Абдуманнон Додоев, Роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ кафили сулҳу субот дар Тоҷикистон», Шаҳло Ҷӯраева, директори Муассисаи давлатии «Маркази худшиносии бонувон» дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Нақши занон дар таъмини сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон», Худойбердӣ Холиқназаров, муовини якуми Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, узви собиқи ҳайати музокироти байни тоҷикон дар мавзӯи «Нақши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон», профессор Атахон Сайфуллоев, муовини якуми Раиси «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» дар вилояти Суғд дар мавзӯи «Президент Эмомалӣ Раҳмон-поягузори ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», Бобоҷон Саидов, мудири шӯъбаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар мавзӯи «Татбиқи сиёсати сулҳу ваҳдат дар вилояти Хатлон», Гулчеҳра Раҳимова, муовини Раиси ноҳияи Тавилдара дар мавзӯи «Сиёсати ваҳдатсозии Президенти ҶТ дар мисоли ноҳияи Тавилдара», Муҳаббат Ҷалолӣ, муовини раиси шаҳри Турсунзода дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ-кафили сулҳу суботи Тоҷикистон», Аъзам Юсупов, прокурори калони Раёсати назорати умумии Прократураи генералии ҶТ дар мавзӯи «Нақши мақомоти Прокуратура дар ҳифзи сулҳ ва ваҳдати миллӣ», Фарида Мӯминова, муовини Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди иқтисодии Тоҷикистон дар 15 соли сулҳу ваҳдат», Додарбек Саидалиев, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзӯи «Нақши ВАО дар таъмини сулҳ ва ягонагии миллати тоҷик дар шароити ҳозира», Холбибӣ Давлатова, муовини раиси ноҳияи Ҳисор дар мавзӯи «Татбиқи сиёсати сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар мисоли ноҳияи Ҳисор», Мӯсохон Зоғаков дар мавзӯи «Гуногунандешӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон», Виктор Ким, намояндаи ҷамъиятҳои ақаллиятҳои миллӣ, узви Шӯрои ҷамъиятии ҶТ дар мавзӯи «Ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи бисёрмиллатӣ», Ҳайдар Ҷӯраев, сармуҳаррири рӯзномаи ӯзбекии «Халқ овози» дар мавзӯи «Ҳамкории сокинони Тоҷикистон барои таъмини ваҳдати миллӣ» суханронӣ карданд. Академик Мӯсо Диноршоев ва сардори раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президент Абдуллоҳи Раҳнамо аз ин суханрониҳо натиҷагириҳои ҷолиберо ироа намуданд.

Мирзомуҳаммадии Навид, собиқ узви КОМ шеъри навиштаи худро дар мавзӯи Ваҳдати миллӣ ба ширкаткунандагони конфронс қироат намуд.

Адами ширкати намояндагони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ин конфронси ҷумҳуриявӣ боиси сару садоҳо миёни ҳозирини ин ҳамоиш гардид. Дар посух ба суоли хабарнигорон масъулини ин конфронс изҳор доштанд, ки раҳбарияти ҲНИТ баъди гирифтани даъватномаҳо ширкат намояндагони худро дар ин конфронс таъйид карда буд, вале бо сабабҳои ба онҳо номаълум намояндагони ин ҳизб дар ин конференс ширкат надоранд. Ҳамин суолро мо аз сухангӯи ҲНИТ Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода намудем. Ӯ таъйд кард, ки ба ин конфронс намояндагони ҳизби онҳо даъват шуда буданд.

Вале аз сабаби он ки ҳуди онҳо айнан ҳамин гуна конференсияи умумиҷумҳуриявиро таҳти унвони « Понздаҳ соли ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвар» дар шаҳри Хуҷанд, имрӯз 23-и июн, баргузор менамоянд, дар конфронси ташкилнамудаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти кишвар ширкат карда натавонистанд. Дар конфронси Хуҷанд қарор аст аъзои ҳайатҳои гуфтушунидҳои сулҳ, аъзои КОМ, Комиссияи муштараки Оташбас аз ҳарду ҷониб, олимону муҳаққиқон, сиёсатшиносон ширкат намоянд.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi