12:51:25 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

А.ДОСТИЕВ: "ТАНҲО МӮҲЛАТИ ИҶОРАИ ПОЙГОҲ МОНДААСТ. ДИГАР МАСЪАЛАҲО ҲАЛ ШУДААНД"

Сафири Тоҷикистон дар Маскав изҳороти генерали русро "як дасиса" номид. Фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди вазорати дифои Русия  Владимир Чиркин дар Шӯрои Федератсияи ин кишвар гуфт, “дар масъалаи пойгоҳи 201 Душанбе талабҳои ғайри қобили қабул пеш гузоштааст, ки бо пешниҳодҳои Русия дар ихтилоф аст.” Генерали рус афзудааст, “ҳолате пеш омада, ки шояд роҳҳале надошта бошад.”

/images/stories/2012/06/28_a.dostiev-280612.jpgВладимир Чиркин дар изҳороташ гуфтааст, Тоҷикистон хости Русияро дар заминаи истифодаи қаламрави ин кишвар ба мӯҳлати 49 сол қабул надорад ва Душанбе мехоҳад, ин мӯҳлатро то даҳ сол коҳиш диҳад. Як манбаи мӯътамад дар ҳукумати Тоҷикистон инро тасдиқ кард ва гуфт, ки мақомоти кишвар мехоҳанд қарореро қабул кунанд, ки дар доираи салоҳияти онҳост ва барои ҳукуматҳои оянда дарди сар эҷод накунад.

​​Сафири Тоҷикистон дар Русия, Абдулмаҷид Достиев, дар сӯҳбат бо мо изҳороти мақоми низомии Русияро воҳимаангез ва то ҷое бепояву асос хонд ва гуфт, музокираҳо дар фазои хуб идома доранд ва ба ҷуз таъйини мӯҳлати иҷораи пойгоҳ, ҳоло дигар ҳама масъалаҳо ҳалли худро ёфтаанд.

Достиев: "Барои ман таъсири муҳимаш ин аст, ки гуфтушунидҳо байни ин ду кишвари шарики стратегӣ дар ин мавзӯъ хеле хуб рафта истодааст. Ягона монеаи умда дар ин масъала - ҳамин мӯҳлат аст. Ёдатон бошад, зиёиён аз ҳукумат даъват карда буданд, ки ин мӯҳлат 49 сол набошаду, 10 сол ё камтар бошад. Ҷонибҳо гуфтушунидро наздик кардаанд."

-Пас, хеле аҷиб аст, ки як намояндаи Русия, ки нафари охирин дар ҳукумат нест, мегӯяд, вазъ хуб нест ва ҳолати ғайри қобили ҳал пеш омадааст ва шартҳои пешгузоштаи Тоҷикистон иҷронашавандаанд...

-Ман ба таври расмӣ ба Шумо мегӯям, ки вазъият ҳалшаванда аст. Як вақтҳо як нафари начандон охирин дар ҳукумати Русия гуфта буд, ки мо дивизия 201-умро истифода карда ҳукумати Тоҷикистонро чаппа карданамон лозим. Ин хел тасодуфҳо, мутаассифона, буданд, ҳастанд ва мемонанд.

-Яъне ин як "провокатсия" аст?

Ин як дасиса аст. Масалан, мавзӯи қонуни забонро бардошта буданд, ки мо забони русиро аз қонун бардоштем. Қуввае ҳаст, ки намехоҳад, мо наздик бошем ва муносибатҳои ҳарду кишварро хадшадор мекунад. Лекин ин хел намешавад, муносибатҳои раҳбарони аввали кишварҳои мо хубанд. Гузашт дигар вақте, ки аз дигар ҷо занг зананду “маҳ” гуфта, бо ду дасти адаб супоранд. Ҷонибдорон дар сатҳи баланд, дар сатҳи коршиносон бисёр хушбинанд дар ин масъала.

-Пас, фикр мекунед, чаро ин гуна як изҳорот маҳз имрӯз садо медиҳад?

-Мумкин дарак ёфтаанд, ки ин масъала ба наздикӣ ҳал мешавад ва намехоҳанд, ки ин хуб ҳал шавад.

-Яъне, ба наздикӣ тарҳи ин созишнома таҳия ва ҳал мешавад?

-Бале, ҳал мешавад. Ҷонибҳо кор карда истодаанд ва ба наздикӣ ҳал мешавад.

-Мӯҳлаташ мушаххас аст?

-Ҳанӯз на.

-Дирӯз як узви ҳукумат, ки дар ин гурӯҳи музокиротӣ аз Тоҷикистон кор мекунад, дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки Душанбе дар пеши Маскав шартҳое мисли пуштибонии сиёсиву иқтисодӣ, мусоидат дар ҳалли масъалаҳои энергетикӣ ва мушкилот бо Узбакистон, инчунин тақозои пардохти пулро гузоштааст...

-Ҳеҷ кас набояд, бо тамоми дӯстиаш, як ваҷаб заминашро бепул дода, бе назардошти манфиати худаш кор кунад. Ин кор бо назардошти нафъи ҳарду тараф ҳал мешавад. Кӣ бе ягон манфиат ягон чизро бароварда ба ягон кас медиҳад?"

-Дар матбуот аз замони ба Тоҷикистон омада рафтани президенти собиқ Дмитрий Медведев (сентябри соли 2011-ум) мавзӯи 300 миллион доллар хостани  Душанбе матраҳ аст. Нафарони огоҳ мегӯянд, ин маблағ ғайри қобили қабул аст ва Русия дар ҳеҷ ҷои дунё барои иҷораи пойгоҳаш ин қадар пул надодааст. Шумо медонед, ки Тоҷикистон оё дар бораи кадом маблағи муайян баҳс мекунад?

-Русия дар ягон ҷои ҷаҳон чун дар Тоҷикистон чунин базари ҳарбӣ надорад. Аз рӯи он чи ки ман дирӯз шунидам, ҳама масъалаҳо дигар ҳал шудаанду фақат мӯҳлат мондааст. Пас ҳамаи дигар масъалаҳо ҳалли худро ёфтаанд, ки дар ин бора ба ман гуфтанд.

Хиромон Бақозода, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi