03:56:23 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

УЗБАКИСТОН ГУФТ, КИ АЗ СПАД БЕРУН МЕШАВАД

Узбакистон хабари берун рафтанаш аз Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро тасдиқ кард, аммо сабаби онро шарҳ надод. Соате пеш Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ гуфт, аз ҳукумати Узбакистон нотае дарёфт кардааст, ки дар он аз қарори берун рафтани Тошканд аз ин созмон хабар дода мешуд.

/images/stories/2012/06/28_vazironi-khorija-280612.jpg

Раҳбари дафтари матбуоти ин созмон, Владимир Зайниддинов,  гуфт, “чунин нома дастрас шудааст ва ҳоло раҳбарияти созмон мӯҳтавои дархостро мавриди омӯзиш қарор додаанд”. Зайниддинов дар сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, дабири кулли созмон Николай Бордюжа “дар истироҳат аст”, вале қарор аст, изҳороти расмӣ дар ин замина “дар фурсати наздик” пахш шавад.

Тибқи иттилои манобеи мӯътамади мо, дархости ҷониби Узбакистон барои берун шудан аз СПАД чаҳор рӯзи пеш ба Николай Бордюжа фиристода шуд. Тошканд қарори худро бо ин тавҷеҳ кардааст, ки “ Созмон дар бисёр масъалаҳо ба гуфтаҳои Узбакистон гӯш намедиҳанд”.

Бори дувум аст, ки Узбакистон узвияташро дар СПАД қатъ мекунад. Дар соли 1998 Узбакистон аввалин кишваре буд, ки Паймони амнияти дастаҷамъиро тарк кард. Аммо дар соли 2005 ба дунболи ҳаводиси Андиҷон, ки дар он садҳо нафар кушта шуд ва равобити Узбакистон бо Ғарб тира гашт, Тошканд дубора ба канори Маскав наздик шуд ва ҳамин тавр Узбакистон бори дигар узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ шуд.

Аммо муносибати Тошканд бо ин Паймон, ки акнун ба Созмон табдил шудааст, ҳамеша ноҳамгун будааст. Узбакистон ҳатто аз ширкат дар чандин тарҳи Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ зарфи се-чаҳор соли гузашта худдорӣ кардааст. Аз ҷумла, Узбакистон ба таъсиси нерӯҳои муштараки вокуниши сареи СПАД дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар мухолифат карда буд.

Узбакистон ба ҳайси кишвари узви СПАД қариб ҳамеша тамринҳои дастаҷамъии созмонро сарфи назар кардааст ва дар машқҳои моҳи равон дар канораҳои Хуҷанд,  аз вуруди техникаи ҳарбии Қазоқистон ба қаламрави Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардааст.

Дар ҳоли ҳозир Арманистону Беларус, Русияву Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон узвияти Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро доранд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi