21:44:45 27-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ҚОҶОҚБАРОНИ ТАМОКУ ГЕНЕРАЛРО КУШТААНД

Тибқи иттилое, ки Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ интишор намуд,  генерал Абдулло Назаров, сардори раёсати Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тахминан соати 17-30 дақиқаи рӯзи шанбеи 21-уми июли соли 2012 ҳангоми бозгашт аз сафари хидматӣ аз ноҳияи Ишкошим дар ду километрии шаҳри Хоруғ мавриди ҳамлаи ногаҳонии гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ки бо қочоқи тамоку сару кор доштанд, қарор гирифта ваҳшиёна ба ҳалокат расонда мешавад.

/images/stories/2012/07/22_a.nazarov-1-220712.jpgАбдулло Назаров, ки 56 сол дошт ва хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон буд, аввалҳои солҳои ҳаштодуми асри гузаштаи мелодӣ ба КГБ-и Тоҷикистон, ки ҷузъи КГБ-и СССР ба шумор мерафт, ба кор даъват карда мешавад. Ӯ корро ҳамчун корманди ваколатдори шӯъбаи ноҳиявӣ аз ноҳияи Қӯбодиён шурӯъ мекунад.

Баъдан чанд муддат дар раёсати мақомоти амниятии вилояти Қӯрғонтеппа (ҳоло Хатлон) ифои вазифа менамояд. Охирҳои солҳои ҳаштодум ба дастгоҳи марказии КГБ-и Тоҷикистон ба кор даъват мешавад. Замоне номи Абдулло Назаров расонаӣ шуд, ки ӯ дар феврали соли 1992 дар як мусоҳибаи худ бо хабарнигори ҳафтаномаи «Чароғи рӯз» Соҷидаи Мирзо ҳодисаи баҳманмоҳи соли 1990-ро кори дасти роҳбарони вақти КГБ-и Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ донист.

Ӯ аввалин маротиба аз ҷумлаи кормандони КГБ аз тариқи матбуот эълон дошт, ки ҷузъу томи махсуси КГБ, гурӯҳи «Алфа»-и мақомоти амниятии Тоҷикистон дар куштори тазоҳуркунандагони моҳи феврали соли 1990 Душанбе даст доранд. Баъди ин фошгӯиҳо Абдулло Назаров мавриди таъқибу фишори роҳбарони КГБ-и Тоҷикистон қарор гирифта бошад ҳам, вале бархилофи даъвои бархе аз расонаҳои хабарӣ, касе ӯро аз кор дар мақомоти амниятӣ барканор накардааст.

Ӯ ҳамоно ба кори худ дар Кумитаи амният идома медод. Дар замони тазоҳуроти ҳам майдони «Шаҳидон» ва ҳам майдони «Озодӣ» Абдулло Назаров ҳамчун корманди дастгоҳи марказии мақомоти амниятӣ аз мавқеи роҳбарони вақти КГБ-и Тоҷикистон, яъне бетараф будан дар ин кашмакашиҳои сиёсӣ амалан ҷонибдорӣ кард.

Абдулло Назаров ҳатто ба назди бинои КГБ-и Тоҷикистон барои дар бораи дар куҷо будани президент шодравон Раҳмон Набиев маълумот гирифтан омадани як гурӯҳи тазоҳуркунандагони майдони «Шаҳидон»-ро, ки дар пай аз ҷониби кормандони амниятӣ ба сӯи онҳо тирпаронӣ сурат гирифт ва чанд нафари тазоҳуркунандагон кушта шуданд, дар суханрониаш шоми ҳамон бегоҳ (10 майи соли 1992) аз тариқи телевизиони Тоҷикистон маҳкум кард, онро дасиса номид ва аз мавқеи мақомоти амниятӣ ҳимоят намуд.

/images/stories/2012/07/22_a.nazarov-2-220712.jpgАбдулло Назаров то миёнаҳои моҳи декабри соли 1992, яъне то омадани ҳайати нави ҳукумати Тоҷикистон, азҷумла роҳбарияти мақомоти амниятӣ ба Душанбе дар дастгоҳи марказии он ифои вазифа мекард. Вале ба гуфтаи Сайдамир Зуҳуров, аввалин сарвари ин идора дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар ин ниҳод афрод ва нирӯҳое буданд, ки мехостанд Абдулло Назаровро ҷисман аз байн бубаранд.

Ифшогариҳо ва бо роҳбарони аҳзоби демократӣ наздик будани ӯро ин афрод наметавонистанд фаромӯш бикунанд. Бинобар ҳамин бо маслиҳат ва мусоидати Сайдамир Зуҳуров Абдулло Назаров Душанберо тарк гуфта ба Ӯзбекистон паноҳанда мешавад.

То истиқрори сулҳ ва бозгашти расмии раҳбарияти мухолифин ба Тоҷикистон дар соли 1997 Абдулло Назаров дигар аз худ дарак намедиҳад, аниқтараш мухолифатҳои ҷонибҳои даргир ҳамроҳ намешавад. Баъди дар сентябри соли 1997 дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кардани Комиссияи Оштии Миллӣ дар чаҳорчӯбаи он тибқи Созишномаи умумии Сулҳ ба хотири аз аттестатсия гузаронидани кормандони мақомоти қудратии Тоҷикистон як Комиссияи муштараки аттестатсионӣ ташкил карда мешавад.

/images/stories/2012/07/22_a.nazarov-3-220712.jpgБо пешниҳоди раҳбарияти оппозитсион ва розигии худи Абдулло Назаров ӯ дар ин Комиссия ҷониби мухолифинро намояндагӣ мекунад. Баъди мунҳал шудани КОМ Абдулло Назаров тибқи Протоколи муҳоҷирин (на саҳмияи сӣ дар сада, чи тавре, ки дар расонаҳо дар ин бора менависанд) ба ҷои кори пештарааш, ки сардори шӯъбаи дастгоҳи марказии Вазорати Амнияти ҶТ буд, барқарор карда мешавад.

Дониши амиқ, таҷрибаи бой, маҳорати баланди касбӣ, ҷаҳонбинии васеъ, қобилияти хеле хуби таҳлилӣ доштанаш боиси он гардиданд, ки Абдулло Назаров дар як муддати кӯтоҳ ба зинаҳои баланди касбӣ пой бигзорад. Ӯ дар симмати сардори раёсати мақомоти амниятии вилояти Суғд, муовини раиси Кумитаи амнияти ҷумҳурӣ ва ахиран сардори раёсати мақомоти амниятии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои миллату давлати тоҷикон хизматҳои шоёнеро ба ҷо овардааст.

Абдулло Назаров, дар тафовут аз дигар ҳамкорони худ ба расонаҳои хабарӣ бозтар ба назар мерасид. Дар дилхоҳ масоили сиёсиву иҷтимоӣ ибрози назар мекард. Бархе аз таҳлилҳо ва пешгӯиҳои ӯ дар ин ва ё он масоили мубрами рӯз баъди гузаштани вақти муайяне ба воқеият табдил меёфтанд. Дар ҳама ҷо кӯшиш ба харҷ медод, ки рафтору гуфтораш барои Ватани азизаш манфиатбахш бошанд.

Аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор» дар ин лаҳзаҳои хеле ҳасосу барои наздикони марҳум мусибатбор даст ба дуо мебардоранд, ки Худованд барои ақрабояш сабри ҷамилу барои худи ӯ равони шод бидиҳад.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун.

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi