ОҒОЗИ ТАҲҚИҚОТИ ҚАТЛИ РАИСИ БАХШИ АМНИЯТИ ВИЛОЯТИ БАДАХШОН
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар робита ба кушта шудани Абдулло Назаров, раиси бахши ин кумита дар вилояти Бадахшони ин кишвар, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии ин кумита женерол Назаров аз сӯйи як гурӯҳи созмонёфтаи қочоқчӣ кушта шудааст. Нозирҷон Бӯриев, сухангӯйи ин дафтар, рӯзи якшанбеи 22 июл, ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқоти он идома дорад.
Оқои Бӯриев дар бораи ҷузиъёти бештари ин ҳодиса мегӯяд: “Рӯзи 21 июли соли ҷорӣ, соъати 17: 30 дақиқаи вақти маҳаллӣ, ҳангоми бозгашт аз сафари корӣ аз Ишкошим, дар даромадгоҳ ба шаҳри Хоруғ, генерал-майор Назаров Абдулло Саъдуллоевич, сардори раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурии Тоҷикистон, бар асари ҳамлаи ногаҳонии гурӯҳи муташакили ҷиноӣ, ки ба қочоқи тамоку сару кор доштанд, ваҳшиёна кушта шуд.”
Оқои Бӯриев ба ин суол ки оё дар куштори Женерол Назаров, дасти унсурҳои бегона вуҷуд дошт ё на, чунин посух дод: “ Дар ҳоли ҳозир ман дар ин бора чизе гуфта наметавонам. Вале куштори Назаров мустақиман ба фаъъолияти касбии (ҳирфаии) вай робита дошт.”
Оқои Бӯриев ба баҳонаи халадор накардани ҷараёни таҳқиқот аз ироаи иттилоъоти бештар дар бораи ин ҳодиса худдорӣ кард.
"Суфоришгаронро дар хориҷ бояд ҷуст"
Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносон қатли Женерол Назаровро суфоришӣ хонда ва мегӯянд, ки эҳсос мешавад, ки дар ин қатл дасти “бегонагон” вуҷуд дорад.
Ҳуринисо Ғаффорзода, раиси созмони ғайридавлатии “Оштии миллӣ” ва коршинсои сиёсии минтақа мегӯяд: “Чаро маҳз дар Бадахшон ин кора анҷом доданд? Чунки шарқи Тоҷикистон, аз ҷумла водии Рашт ва Бадахшон барои Тоҷикистон ва берун назаре мавҷуд аст, ки гӯиё он ҷо як озодӣ ва мустақилияти хосе мехоҳанд. Ва назари ҳукумат ба ин минтақа хеле эҳтиёткорона аст. Ва аз ин рӯ мумкин душманони бурунмарзии Тоҷикистон аз он истифода карданд ва маҳз дар Бадахшон ин корро анҷом доданд.”
Аз ин рӯ хонум Ғаффорзода мегӯяд, ки мақомоти зиддахл омилини ин қатлро бояд дар миёни мардуми бадахшӣ ҷустуҷӯй накунанд. Ҳамчунин хонум Ғаффорзода бо изҳори таъассуф аз марги Абдулло Назаров афзуд: “Абдулло Назаров як корманди ҳирфаӣ буд ва ошкоргӯ буд. Ман фикр мекунам, ки дар Бадахшон мардум вайро дӯст медошатанд.”
Женерол Назаров дар рустои мавсум ба Неводак дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ маркази Бадахшон, ки дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон воқеъ аст, мавриди ҳамла қарор мегирад. Як манбаъ, аз ҷумлаи кормандони бахши амнияти миллии вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ки Абдулло Назаровро дар сафар ба шаҳристони Ишкошим иддае аз кормандони амниятӣ ҳамроҳӣ мекардаанд.
Вале суоли матраҳ он аст, ки чаро дар вазъияте ки хатар ба ҷони ин мақом таҳдид мекардааст, онҳо натавонистаанд аз ӯ дифоъ кунанд. Ҳамчунин ин барои бори нахуст аст, ки дар марзи муштараки Тоҷикистон бо Афғонистон масъалаи қочоқи тамоку ва мубориза бо он матраҳ мешавад. Зеро дар гузашта дар ин манотиқ бештар мавориди мубориза кормандони интизомӣ бо қочоқи маводди мухаддир ва сангҳои қиматӣ баррасӣ мешуд.
Аз сӯйи дигар дар як моҳи ахир ин дуввумин бор аст, ки як мақоми давлатӣ дар Тоҷикистон ба қатл мерасад. Рӯзи 14-уми июли соли ҷорӣ тавассути тир дар маҳаллаи мавсум ба "Автовокзал"-и шаҳри Душанбе, Холмуъмин Сафаров, раиси Идораи ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон кушта шуд.
Баъд аз ҳудуди як моҳ Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дода, ки кормандони пулис як нафарро ба иттиҳоми даст доштан дар қатли Сафаров Холмуъмин, аз пайвандони раиси ҷумҳурии кишвар, боздошт кардаанд.
Ҳарчанд мақомот аз ироаи ангезаи даст задани ин фард ба қатли Сафаров худдорӣ мекунанд, вале бисёре аз коршинсон ҳадс мезананд, ки авомили аслии қатли ин пайванди президент Раҳмон, додугирифти молӣ будааст. Ҳамакнун қатли як женероли амнияти миллӣ дар Тоҷикистон низ мояи нигаронии бисёре аз сокинон дар ин кишвар шудааст.
Женероли ҳирфаии таҳсилдидаи Шӯравӣ
Генерал Абдулло Назаров аз ҳудуди се соли пеш раёсати бахши кумитаи амнияти миллии вилояти Бадахшони Тоҷикистонро бар уҳда гирифт.
Ба гуфтаи афроди огоҳ аз фаъъолияти Назаров, вай баъд аз ба дӯш гирифтани симмати раиси бахши кумита дар вилояти Бадахшон ба мақомоти баландпояи Тоҷикистон ваъда кардааст, ки ба беназмӣ дар Бадахшон хотима хоҳад дод ва силоҳи боқимонда дар дасти бархе аз сокинони минтақаро комилан ҷамъоварӣ хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки соли гузашта миёни Абдулло Назаров ва иддае аз фармондеҳони қаблии мухолифони давлат дар Бадахшон баҳсҳои мухталифе ба миён омада буданд.
Женерол Назаров, аз ҷумлаи намояндагони мухолифони пешин буд, ки бар асоси саҳмияи сӣ дарсадаи мухолифон ба симмати муъовинати раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон пазируфта шуд. Сипас вай муддате раёсати бахши амнияти миллӣ дар вилояти Суғдро низ бар дӯш дошт. Аз соли 2010 Абдулло Назаров раиси бахши кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон таъйин шуд.
Вилояти Бадахшон, яке аз фақиртарин манотиқи Тоҷикистон буда ва дар се соли ахир шоҳиди эътирозҳои мардум будааст. Аз ҷумла дар соли 2008 бархе аз сокинони Бадахшон гирдиҳамоие дар шаҳри Хоруғ, маркази ин вилоят дар робита ба фаъъолияти ба бовари онҳо “носозгори” кормандони бахши додситонии ин минтақа баргузор карда буданд.
Ҳамчунин дар соли 2011 иддае аз ҷавонони бадахшӣ ба дифоъ аз як фарди маҳкумшуда эътирозоте дар назди додгоҳи вилоят доир карданд. Коршиносони сиёсӣ он замон, сабаби аслии нооромиҳо дар вилояти Бадахшонро ба фақру бекорӣ иртибот дода буданд.
Виплояти Бадахшон аз манотиқи истротежики Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки бо Чин, Афғонистон ва Қирғизистон ҳаммарз аст ва дар масири қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон қарор дорад. Ин вилоят дар замони ҷанги дохилӣ тайи солҳои 1992-1997 аз пойгоҳҳои мухолифини давлат маҳсуб мешуд.
Би-Би-Си