15:19:18 09-уми Июни 2025 сол

АМРИКО АЗ ХУШУНАТҲО ВА ТАЛАФОТИ ҶОНӢ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ ИЗҲОРИ НИГАРОНӢ КАРД

Сафорати Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон риоя шудани ҳуқуқи инсон ва қонунро тақозо кардааст.

/images/stories/2012/07/26_america-260712.jpgСафорати Амрико дар Душанбе мегӯяд, аз бурузи хушунат дар шаҳри Хоруғ маркази Вилояти Бадахшон ва талафоти ҷонӣ дар ин шаҳр амиқан нигарон шудааст. Дар як баёнияи расмии сафорат, ки имрӯз дар саҳифаи сафорат дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар Интернет нашр шуд, чунин омадааст:

”Мо дар робитаи ба ҳалокат расидани одамон ҳамдардии худро изҳор намуда аз амнияти сокинони осоишта ҳангоми гузаронидани амалиёти роҳбарияти Тоҷикистон нигаронем.”

Сафорати Амрико аз мақомоти расмии Тоҷикистон даъват кардааст, ки ҳамаи тадбирҳоро барои ихроҷи сокинони осоишта аз минтақаҳои ҷангӣ, аз он ҷумла шаҳрвандони хориҷие, ки айни ҳол дар шаҳри Хоруғ банд мондаанд, биандешад.”

Дар баёнияи сафорат ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон эҳтироми  ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон, аз он ҷумла озодии сухан ва ҷараёни озоди иттилоот даъват шудааст.

Давлати Амрико аз ҳукумати Тоҷикистон ҳамчунин хостааст, бар асоси тааҳудоти байналмилалии худ, ҳодисаҳои дар марз рух додаро ба таври шаффоф таҳқиқ кунад ва ба ҳуқуқи боздоштшудагон эҳтиром гузошта муҳокимаи додгоҳии боадолатона нисбати онҳоро тазмин диҳад. Сафорати Амрико ҳамчунин ба шаҳрвандонаш машварат додааст, ки аз сафар ба Хоруғ худдорӣ кунанд.

Дар як муроҷиатномаи тоҷикони муқими Бритониё рӯзи панҷшанбе амалиёти низомии нирӯҳои ҳукуматӣ “шадидан маҳкум шуда” аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо шудааст, ки иртиботи телефонӣ бо минтақаи Бадахшон барқарор шавад. Дар изҳороти мазкур, бо ибрози ташвиш аз хабарҳои мухталиф роҷеъ ба рӯйдодҳои ахири Бадахшон, таъкид мешавад, ки “беэъттилоотӣ боиси паҳн шудани ҳаргуна ахбороти ташвишовар гардида   моро ба азоби рӯҳиву бехобӣ водор кардааст”. Тоҷикони Бритониё хостори берун шудани артиш аз манотиқи аҳолинишин ва ҳалли “мутамаддини” ихтилофҳои мавҷуда тақозо шудааст.

Аз ин пеш, САҲА, вазорати хориҷаи Русия, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аҳзоби  коммунист ва демократӣ ва созмонҳои журналистиву шахсиятҳои бонуфузи ҷомеаи Тоҷикистон аз ҳукумат хатми билофосилаи амалиёт ва ҳалли сулҳомези масоилро даъват карданд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854