03:09:58 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2005 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

М.ИЛОЛОВ: “ГУРӮҲИ МУСАЛЛАҲ ДАР ХОРУҒ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ЁФТААСТ”

Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон Маҳмадшо Илолов яке аз аъзои баландпояи ҳукумати кишвар буд, ки қабл аз шурӯи амалиёти вижаи нирӯҳои ҳукуматӣ барои музокирот бо гурӯҳи мусаллаҳи Толиб Аёмбеков ва тарафдорони ӯ ба Хоруғ сафар кард.

/images/stories/2012/07/27_m.ilolov-270712.jpgИн гуфтугӯҳо, ки бо ҳадафи таслими гумонбарони куштори генерал Абдулло Назаров, сардони Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар минтақаи Бадахшон сурат гириҳфт, бенатиҷа анҷомид. Субҳи содиқи 24 июл нирӯҳои ҳукуматӣ дар шаҳри Хоруғ барои боздошти ин гурӯҳ амалиёти низомиро роҳандозӣ карданд, ки дар натиҷаи он, дасти кам 42 кушта шуданд, аз ҷумла 12 низомӣ ва 30 силоҳбадаст. Дар сӯҳбати телефонӣ бо М. Илолов хостем, роҷеъ ба рӯйдодҳои ахири Хоруғ назари худро бигӯяд:

- Бешак, ҷинояткор бояд дар баробари қонун ҷавоб диҳад. Кӯшишҳое буданд, ки ин ҷинояткорҳоро боздошт кунанду вале идораҳои қудратӣ ин корро карда натавонистанд. Дар натиҷа, як амалиёти ҳарбӣ гузаронида шуд. Ман фикр мекунам, ки зарурате барои гузаронидани амалиёти ҳарбӣ набуд. Дар шаҳре, ки камаш 30 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ин амалиёти ҳарбӣ ба мақсад мувофиқ набуд.

Масъаларо ҳамаҷониба ва беҳтар омӯхтан даркор буд ва бо роҳи дигар ин ҷинояткорҳо бояд дастгир мешуданд. Албатта, мо мефаҳмем, ки ин масъалаи бисёр мураккаб буд. Ин ҷинояткорҳо солҳои дароз бо қочоқи маводи мухаддир машғул буданд ва дар гирду атрофашон одам ҳам зиёд шудааст. Бояд талошҳо барои боздошти онҳо идома ёбад. Дар мӯҳлати оташбасе, ки раҳбарияти кишвар эълон кардааст, бояд ҷинояткорҳо дастгир шаванд.

-Тасмими шурӯи амалиёти низомӣ дар Хоруғ аз кӣ буд? Аз президент?

- Фикр мекунам, ин қарор вазоратҳои қудратӣ буд. Тамоми раҳбарияти вазоратҳои қудратӣ чард рӯз боз дар Хоруғ ҳастанд. Мо низ дар вохӯрӣ бо онҳо гуфтем, ки амалиёти ҳарбиро гузаронидан лозим набуд. Ин охирин коре буд, ки мо бояд мекардем. То расидан ба ин дараҷа, кори зиёди дигарро кардан мумкин буд ва ҳоло ҳам фурсат ҳаст.

- Шумо чӣ муддат дар Хоруғ будед?

- Аз 22 то 24 июл бо супориши ҷаноби олӣ будем ва бо гурӯҳҳои силоҳбадаст вохӯрдем ва кӯшиш кардем, ба онҳо фаҳмонем, ки бояд қотилони генерал Назаровро ба идораҳои қудратӣ супоранд. Лекин, мутаассифона, гапи мо нагузашт, моро гӯш кардан нахостанд. Бо Аёмбекову Имомназаров вохӯрдем ва сӯҳбати хубе ҳам доштем. Аммо ин ҷавонҳо гапи моро нагирифтанд.

- Сабаби ҳамкорӣ накардани Аёмбеков ва силоҳбадастони дигар  бо мақомоти тафтишотӣ дар амри супурдани афроди муттаҳам дар куштори генерал Назаров чӣ буд?

- Онҳо солҳои дароз бо ҷинояткорӣ машғул буданд. Фикр мекунам, ки дар тӯли солҳо онҳо аз ҷониби баъзе қудратҳо дастгирӣ ҳам доштанд. Фикр мекунам, ки мутаассифона, баъзе намояндагони идораҳои қудратӣ ҳам бо ин шахсон ҳамкорӣ кардаанд ва онҳоро ҳар дафъа мебахшиданд ва ниҳоят кор то ба ҳамин ҳолат расид.

Яъне онҳо хаёл мекунанд, ки ин дафъа низ кор дароз кашида, ҷанҷол аз байн меравад. Лекин ин хел намешавад, албатта ин дафъа онҳо бояд супурда шаванд. Инҳоро боздошт кардан даркор аст, ин ҷо ҳеҷ суоле буда наметавонад. Бе ин ҳам солҳои дароз онҳо вазъи Хоруғро муташанниҷ мекарданд, ҷавонҳои зиёдро ба нашъаҷаллобиву нашъакашӣ ҷалб мекарданд.

- Аз рӯи иттилои шумо, талафот дар  миёни мардуми осоишта чӣ қадар аст?

- Аниқ намедонам, вале то ҳол сухан дар бораи 11 нафар мерафт.

- Мо шунидем, ки як шарти аслии силоҳбадастон берун шудани нирӯҳо аз хоки Бадахшон аст. Ин дуруст аст?

- Бале, шарти аслӣ ҳамин аст. Идораҳои қудратӣ мегӯянд, ки ҷинояткоронро супоред, онҳо мегӯянд, ки месупорем, ба шарте, ки шумо аз вилоят баромада равед. Масъала хеле печидаву мураккаб аст.

- Оё гурӯҳҳои мусаллаҳро кӣ пуштибонӣ мекунад? Тарафдорони онҳо, силоҳбадастоне, ки аз ҷониби онҳо меҷанганд, киянд? Шумори онҳо чанд аст?

- Шумори онҳоро аниқ гуфта наметавонам, вале фикр мекунам, ки дар ҳудуди 100-150 нафар мебошанд. Яроқ доранд, ки ба фикрам аз соҳили дигар ворид шудааст. Дар он тарафи соҳил онҳо пуштибон доранд. Баъзе қувваҳои сиёсӣ онҳоро пуштибонӣ мекунанд, пеш ҳам ҳамин гуна буд.

Яъне онҳо комилан бесоҳиб нестанд. Ба фикрам, маблағгузорӣ карда мешаванд. Онҳоро ба хотири нотинҷии Тоҷикистон аз онҳо истифода мекунанд. Мо бояд бисёр ҳушёр бошем, барои он ки барои мо якпорчагии мамлакатамон як масъалаи муҳим аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi