МУҲИДДИН КАБИРӢ: «ФУРСАТ НАДИҲЕМ, КИ ДИГАРОН ВОРИДИ ҚАЗИЯ ШАВАНД»
Дар ҳоле, ки бархе аз аҳзоби сиёсии кишвар дар қиболи ҳодисаҳои Бадахшон мӯҳри хамӯш бар лаб бастаанд, ҲНИТ дар ин чанд рӯзи ахир маротибаи дуввумаст, ки оиди ин қазия расман аз худ вокуниш нишон медиҳад. Ин дафъа раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ дар як нишасти матбуотӣ, ки он дар дафтари марказии ҲНИТ баргузор гардиду дар он ба ғайр аз рӯзноманигорони дохилӣ ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ инчунин намояндагони бархе аз созмонҳои байналмилалӣ, дипломатҳо ширкат варзиданд, фикру андешаҳои бештареро атрофи қазия ва роҳҳои ҳалли он он иброз дошт.
Дар зарурати баргузории нишасти матбуотӣ
Дар зарурати баргузор намудани чунин як нишасти матбуотӣ Муҳиддин Кабирӣ азҷумла чунин иброз дошт: «Мо қаблан бо баёнияе назари раҳбарияти ҳизбро муаррифӣ карда куштори генерал Абдуллоҳ Назаровро шадидан маҳкум намуда, хостори пайдо кардан ва ба ҷазо кашида шудани ҷинояткорон шуда будем. Ҳамзамон хоҳиш карда будем, ки амалиётҳои низомӣ дар Бадахшон қатъ карда шаванд ва масъала бо роҳи муколима ва мусолиҳа ҳалли худро пайдо кунад.
Раҳбарияти ҲНИТ имрӯз ҳам дар ҳамин мавқеъи худ пойдор ҳаст. Бояд гуфт, ки баъди чанд рӯзи эълом шудани ин баёния ба мо хабари мусибати дигаре расид, ки раиси бахши вилоятии ҲНИТ дар Бадахшон бародари шаҳид Сабзалӣ Маҳмадризоев ба шаҳодат расонда шуд. Агарчи мо аз рӯзҳои аввал ин маълумотро дарёфт карда будем, вале ба хотири боз ҳам таҳқиқ кардан ва мутмаин шудан, ки оё ин хабар сиҳат дорад ё на, аз додани ҳама гуна баёнот худдорӣ кардем.
Вале баъдан вақте, ки ин хабар аз худи шаҳри Хоруғ, аз сӯи шоҳидон ва хешу ақрабои шаҳид тасдиқ шуд, раҳбарияти ҳизб ин мусибатро барои худ, ҳамчун мусибати сангин қабул кард ва тасмим гирифт, ки мавқеи худро дар ин бора аз тариқи нишасти матбуотӣ баён намояд».
«Қатли як генерал барои ҷомеъа сангин аст, қатли сиёсатмадор камтар аз он нест»
Сипас Муҳиддин Кабирӣ мавқеи ҳизбро дар қиболи куштори Сабзалӣ Маҳмадризоев иброз дошт ва аз ҷумла чунин таъкид намуд: «Мо шаҳодати бародари азизро шадидан маҳкум мекунем, умед ва боварӣ дорем, ки мақомоти давлатии Тоҷикистон ба ин ҷиноят бисёр ҷиддӣ муносибат хоҳад кард.
Он тавр ки мо тақозо доштем дар ошкор кардан ва боздошт намудани дастандаркорони куштори генерал Абдуллоҳ Назаров мақомот ҳама кӯшишҳоро ба харҷ диҳад, мо мутмаинем, ки мақомоти давлатӣ дар масъалаи пайдо кардани ҷинояткорони куштори раиси бахши вилоятии ҲНИТ дар Бадахшон Сабзалӣ Маҳмадризоев айнан ҳамин гуна муносибат хоҳад кард. Ҳамон тавре, ки қатли як генерал барои ҷомеъа сангин аст, қатли як сиёсатмадор ва намояндаи як ҳизби сиёсӣ камтар аз он нест ва бояд, ки ба таври ҷиддӣ баррасӣ гардад».
«Оташбаси бемӯҳлат эълон карда шавад»
Муҳиддин Кабирӣ аз «оташбасе, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гашт», бо қадрдонӣ ёд намуда «онро ҳамчун як иқдоми мусбат қаламдод кард». Дар навбати худ ӯ чунин пешниҳод кард: «Пешниҳод менамоем, ки оташбаси бемӯҳлат эълон карда шавад ва тарафҳо аз ҳама гуна иқдоме, ки боиси ташаннуҷи вазъ дар минтақаи Бадахшон мешавад, худдорӣ кунанд». Ӯ афзуд, ки «ҲНИТ шурӯъи супоридани силоҳро дар минтақаи Бадахшон комилан ҷонибдорӣ мекунад ва умед дорад, ки ин раванд идома хоҳад ёфт.
Ин як паёми бисёр мусбат аст ва моро умедвор мегардонад, ки воқеан ҳам мусолаҳа ва гуфтугӯи созанда дар Бадахшон байни ҳукумати Тоҷикистон ва гурӯҳҳои мусаллаҳ шурӯъ шудаст. Назари мо ин аст, ки тамоми расонаҳои хабарӣ, ҷомеъаи шаҳрвандӣ, мақомоти давлатӣ талоши худро барои дастгирии раванди мусолиҳа, супоридани силоҳ ва тафоҳуми умумӣ дар Бадахшон харҷ мекунанд».
«Расонаҳо аз такрори иштибоҳоти соли 1992 худдорӣ кунанд»
Муҳиддин Кабирӣ доир ба нақши расонаҳо дар инъикоси қазияи Хоруғ сухан гуфта азҷумла чунин нуктаи муҳимро иброз дошт: «Мо умедворем, ки расонаҳои хабарӣ бисёр як мавқеи созандаро дар масъалаи пӯшиш додани ин ҳодисаҳо пеш хоҳад гирифт ва аз додани ҳама гуна хабарҳои носанҷида ва баромада аз манбаъҳои начандон мӯътамад худдорӣ мекунад. Барои мисол вақте ки хабари ба шаҳодат расидани Сабзалӣ паҳн гашт, баъзе расонаҳо бо истинод ба баъзе мақомоти машкук, сарчашмаҳои номуайян, хабар пахш карданд, ки гӯё дар паҳлӯи ҷасади эшон силоҳ пайдо шудаст.
То ҳол ягон мақоми махсус расмӣ инро тайид накардааст, ягон шоҳиди айнӣ онро надидааст, вале бо истинод ба баъзе сарчашмаҳои машкук ва номуайян баъзе расонаҳо онро пахш карданд, ки ин худ заминаро барои эҷоди бадгумонӣ ва нобоварӣ дар ҷомеъа зиёд мекунад. Ин як амали ғайриҳирфаии журналистӣ ҳаст.
Мо хоҳиш мекунем аз тамоми расонаҳо, ки эҳсоси масъулият намоянд ва аз такрори иштибоҳоте, ки дар соли 1992 тамоми ҷомеъа кард, азҷумла расонаҳо, ки мавқеи яктарафа мегирифтанд, ҳамеша барои онҳо як тараф мусбат ва тарафи дигар манфӣ буд, аз ин бояд худдорӣ кард. Вазифаи ҷомеъаи шаҳрвандӣ, аз он ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ ва расонаҳои хабарӣ аз он иборат аст, ки пӯшиши беғаразона ва баҳодиҳии беғаразона нисбати равандҳо дошта бошанд».
«Талошҳо барои эътидоли вазъ ҳамоҳанг шаванд»
Муҳиддин Кабирӣ дар баёнияи хеш боз чунин афзуд: «ҲНИТ тамоми иқдомотеро, ки барои пайдо кардани ҳалли мусолиматомез дар Бадахшон ба харҷ дода мешавад, дастгирӣ мекунад. Мо бисёр миннатдор ҳастем аз шахсиятҳо, аз созмонҳои ҷамъиятӣ, расонаҳои хабарӣ ва ҳама доираҳое, ки барои ҳалли мусолиматомези ин қазия талош карда истодаанд ва ҲНИТ омодааст, ки дар паҳлӯи онҳо бошад. Илова бар ин мо пешниҳод менамоем, ки тамоми ин талошҳо бояд ҳамоҳанг шаванд ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ зери раҳбарии ҳукумати ҶТ бояд ҷомеъаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҳайриҳукуматӣ талоши худро барои расидан ба як ҳалли муфид ва муносиб дар ин қазия харҷ намоянд.
Даъвати мо аз мақомоти давлатӣ ин аст, ки ҳарчи зудтар алоқаро бо Бадахшон барқарор намоем. Зеро набудани алоқа дар ҳолате, ки вазъият ором шуда истодааст, бар зарари кор аст. Дар ҳангоми бурдани амалиётҳо як далеле ҳаст, ки бояд алоқа маҳдуд карда шавад. Вале вақте ки зиндагӣ дар Бадахшон, дар шаҳри Хоруғ ба маҷрои табиии худ бармегардад, вақте ки аз он тараф паёмҳо ва хабарҳои мусбат омада истодаанд, баръакс набудани алоқа боиси бадгумониҳо, овозаҳо мешавад ва ин раванди хубу мусбат ки шурӯъ шудааст, будани алоқа дар минтақа баръакс ин равандро таҳким мебахшад».
«Дар ибодатҳои худ ҳамватанони бадахшониро фаромӯш накунед»
«Мо пешниҳод дорем, ки ҳарчӣ зудтар роҳҳои расонидани кӯмак ба Бадахшон, ба аҳолии мулкӣ боз карда шавад. Ҳам ба созмонҳои байналмилалӣ, ҳам ба созмонҳо ва шахсиятҳои кишвар имконият дода шавад, ки кӯмаки худро ба минтақаи Бадахшон бирасонанд. Мо умедвор ҳастем, ки ҷомеъаи Тоҷикистон дар ин шабу рӯз мардуми бародар ва ҳамватанони бадахшонии моро танҳо нахоҳанд гузошт.
Бо истифода аз ин фурсат ман аз тамоми рӯзадорон аз мардуми диндори Тоҷикистон, ба хусус аз аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ, даъват мекунам, ки дар ин шабу рӯзҳои рамазонӣ, ки мо дар ибодат ҳастем, бародарону хоҳарони бадахшониро фаромӯш накунанд. Кӯмаки лозимиро ба эшон бирасонанд ва ҳаддиақал маблағи якрӯза ифтори худро ба мардуми Бадахшон ҷамъоварӣ намоянд. ҲНИТ ин иқдомро пеш хоҳад гирифт.
Ман бисёр мехостам, ки яке аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ ё маҷмӯъае аз хабарнигорон, аз шахсиятҳо, ин иқдомро сарпарастӣ ва ё раҳбарӣ мекарданд. Ин маблағҳои ҷамъшуда дар як марказ муназзам мешуд то баъдан ба минтақаи Бадахшон расонда шавад. Хуб мешуд ин равандро на ҳизбҳои сиёсӣ, балки расонаҳои хабарӣ ё созмонҳои ғайридавлатии хайрия ба дӯш мегирифтанд. Мо дар паҳлӯи онҳо хоҳем буд ва кӯмаки худро хоҳем расонд»- иброз дошт Муҳиддин Кабирӣ.
«Фурсат надиҳем, ки дигарон вориди қазия шаванд»
«ҲНИТ бар ин назар аст, ки ҳарчӣ бештар идома ёфтани ин низоъ дар дохили Тоҷикистон, дар Бадахшон боиси ворид гаштани доираҳои берунӣ ба ин қазия хоҳад гашт ва қазия имкон дорад, ки аз дасти соҳибони он, аз дасти тоҷикон бияфтад ба дасти дигарон, ки ин барои ҷомеъаи мо, барои кишвари мо матлуб нест,- гуфт Муҳиддин Кабирӣ. Мо бояд ҳарчӣ зудтар онро хотима диҳем, роҳи баромадан аз ин вазъияти душворро пайдо намоем.
Дар сурати ғайр имкон дорад, ки дигарон вориди қазия шаванд ва бо дарназардошти манофеъ ва ихтилофоти геополитикии баъзе кишварҳо, баъзе гурӯҳҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дар Тоҷикистон, ин қазия ҳам тобишҳои дигар пайдо кунад ва аз як масъалаи дохилии Тоҷикистон табдил шавад ба масъалаи минтақавӣ ва ҳатто байналмилалӣ, ки ин ба нафъи кишвари мо нест. ҲНИТ омодааст, ки тамоми тавон ва имконоти худро дар роҳи расидан ба сулҳ ва оромишу субот дар кишвар ба харҷ диҳад».
Муҳиддин Кабирӣ ба саволҳои хабарнигорон низ посух дод.
Султони Ҳамад, «Рӯзгор»