06:10:16 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АНТОНОВ: "ХАБАРҲО ДАР БОРАИ БАҲСИ МАВЗӮИ ПАРДОХТИ ПУЛИ ИҶОРАИ ПОЙГОҲ БЕПОЯ АСТ"

Муовини вазири дифои Русия аз натиҷаи музокироти ҳайати низомиёни рус бо мақомоти тоҷик натиҷагирӣ кард. Агар изҳороти муовини муовини вазири дифои Русия, Анатолий Антонов, қобили боварӣ бошад, ҳанӯз матни созишномаи марбут ба ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон омода нагашта, Душанбе аз Маскав барои пойгоҳи низомии 201 ҳеҷ маблағ талаб накардааст ва ҳам Русия тақозо надоштааст, ки пойгоҳаш дар Тоҷикистон то 49 сол бимонад.

/images/stories/2012/08/09_antonov-08082012.jpgАнатолий Антонов, муовини вазири дифоъ ва сарвари ҳайати Русия дар музокирот сари пойгоҳи 201-ум пас аз мулоқот бо раисиҷумҳур ва дигар раҳбарони Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, ҳоло ба ҳамин қарибӣ матни созишнома бо назардошти амнияти Тоҷикистон, Русия ва минтақа омода мешавад.

Ӯ афзуд, "мо имрӯз бо ҳамтоёни тоҷики худ сари будубоши ояндаи пойгоҳи низомии 201 сӯҳбат дорем. Мо маслиҳат дорем, ки сари чӣ қадар, кай ва дар куҷо бояд нерӯҳои мо бошанд. Ҳаққи Тоҷикистон аст, ки муайян кунад кадом намуди нерӯҳо, ба кадом миқдор ва дар куҷо бошанд."

​​Ин изҳороти намояндаи баландпояи Русия дар ҳоле садо медиҳад, ки вазири дифои Русия Анатолий Сердюков 5-уми июли соли равон дар мулоқот бо ҳамтои тоҷики худ Шералӣ Хайруллоев дар Русия гуфт, матни созишнома чанд моҳ пеш ба Душанбе фиристода шудааст. Вазири тоҷик дар посух гуфт, дар Душанбе ҳанӯз ин матнро нахондаанд.

Вазирони умури хориҷии ду кишвар низ гуфтаанд, ки тарафҳо сари матни тавофуқнома кор мекунанд ва пешниҳодҳои ҳамдигарро меомӯзанд. Ба ин тартиб, маълум нашудааст, ки матни ниҳоӣ вуҷуд дорад ё танҳо акнун таҳия хоҳад гашт.

Дар робита ба сафари Антонов як манбаи наздик ба ҳукумати Тоҷикистон гуфт, мушкил ба фарқи байни пешниҳоди ҷонибҳо бар сари ҳаҷм ва миқдори маблағи иҷораи пойгоҳ аст. "Вале як нукта мусаллам аст, ки пойгоҳи 201 ройгон дода намешавад",-таъкид кард ӯ. Ҳамчунин, ба таъйиди ин манбаъ "замони ҳузури пойгоҳи мазкур низ ҳатман аз 49 сол камтар хоҳад буд."

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири дифои Русия хабарҳо дар бораи баҳси мавзӯи пардохти пули иҷораи пойгоҳро беасос хонд. Вай гуфт, касе аз ҷонибҳо ҳанӯз ҳарфи иҷорапулиро ба миён нагузоштааст ва мақомоти тоҷик аз ҷумла раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам ин мавзӯъро ба баҳс накашидаанд. Вай ҳамчунин аз чунин навиштаҳои матбуот изҳори норизоиятӣ кард, ки мегӯянд, Русия аз Тоҷикистон талаб дорад, то мӯҳлати будубоши пойгоҳашро ба 49 сол тамдид кунад. Анатолий Антонов гуфт, мо ҳеҷ гоҳ талаб накардаем, балки хостаем ва ин ҳаққи Тоҷикистон аст, ки мӯҳлати мавриди писанди худро қабул кунад.

Муовини вазири дифои Русия дар посух ба саволи хабарнигорон дар робита ба ҳаводиси ахири Бадахшон гуфт, ин  кори дохилии Тоҷикистон аст ва ҳукумати Тоҷикистон тавони ором кардани авзоъ дар ин минтақаро дорад. Аммо гуфт ӯ, баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон  авзоъ дар минтақа имкон дорад ноамн бишавад.

Ба суоли хабарнигорон дар бораи ин, ки пас аз соли 2014-ум дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон пойгоҳҳои низомӣ пайдо хоҳанд шуд, муовини вазири дифои Русия гуфт, Русия пайдо шудани пойгоҳҳои хориҷӣ дар марзи СПАД-ро қабул надорад ва пайдо шудани онҳо дар ҳудуди кишварҳои узви паймон хилофи созишномаҳои муштарак аст.

Вай ташкил ва таъсиси пойгоҳҳи низомии Амрико дар қаламрави Осиёи Миёнаро нозарур хонда ва бо ишора ба тасмими сапрони созмони СПАД гуфт, танҳо дар сурати тавофуқи дастҷамъии онҳо кишварҳои хориҷӣ метавонанд пойгоҳ таъсис диҳанд.

Ба ҳамин минвол, сафари Анатолий Антонов ва ҳайати низомии рус дигарбора ба сарнавишти пойгоҳи низомии 201 рӯшанӣ наандохт. Анатолий Антонов гуфт, то ба ҳол масъалаи будан ё набудани пойгоҳ матраҳ набудааст, балки масъала ин будааст, ки то куҷо будубоши пойгоҳ барои амнияту субот Тоҷикистон, Русия ва минтақа беҳтар мусоидат мекунад.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 10.08.2012 01:12
salom. charo davlatdoroni mo az ijora hij harfe ba mion nameovaran? to ay kisai mardumi kambagala pul duzdidana bten ijora hamu dviziada ki 300 milion dollaray roguna bsozen oxi. to kay kambagalora majbur meknen va yak buze dar xonash dorad mefrushad va shumo dar kisaton mezanen. boyad ijora puli az rassia girifta shavad .
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi