07:49:56 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ю.УШАКОВ: "ПОЙГОҲИ 201 МЕҲВАРИ ГУФТУГӮҲО ХОҲАД БУД"

Сарнавишти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, аз мавзӯҳои меҳварии гуфтугӯи ҷониби Маскав бо Душанбе хоҳад буд.

/images/stories/2012/10/04_youri-ushakov-041012.jpgХабаргузории русии ИТАР-ТАСС рӯзи чаҳоршанбеи 3-юми октябр ба нақл аз ёвари раиси ҷумҳури Русия Юрий Ушаков навишт, ки зимни сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон дар ҳафтаи ҷорӣ, бар ҳамкориҳо дар бахши таъмини амният ва бехатарӣ дар Осиёи Миёна таъкид хоҳад шуд ва пойгоҳи низомии 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон, нақши кафили амният ва бехатариро ифо хоҳад намуд.

Ӯ ҳамчунин гуфтааст, ки ҷонибҳо талошҳояшонро дар амри мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, тероризми байналмилалӣ ва ҷиноятҳои фаромарзӣ афзун хоҳанд кард. Ба андешаи ҷаноби Ушаков, бо хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014, нақши пойгоҳи низомии  201 ҳамчун омили нигаҳдорандаи сулҳу субот, бештар хоҳад шуд.

Ҳамчунин таваҷҷӯҳ сари ҳамкориҳои амиқтар дар бахши муҳоҷират низ зоҳир карда мешавад. Интизор меравад, ки зимни сафари Путин ба Тоҷикистон, як қатор санадҳои муҳим дар бахшҳои мудофиа, энергетика, муҳоҷират ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ба тасвиб расанд.

Масоили ҳамкорӣ дар бахши иқтисодӣ, аз ҷумла имконияти бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна дар дарёҳои дохилии Тоҷикистон, зимни ин сафар баррасӣ хоҳад шуд.

Ёвари раиси ҷумҳури Русия бештар ба баррасии масоили низомиву амниятӣ ишора кардааст, дар ҳоле, ки Тоҷикистон аз ин шарики стратегӣ дар ҳалли масоили иқтисодӣ бо шумули пойин бурдани пардохтҳои гумруки ба маводи сӯхтро гузашт интизор аст.

Гуфта мешавад, ки сафари оқои Путин шоми ҷумъа пас аз зиёфати бахшида ба шастсолагии Эмомалӣ Раҳмон, анҷом меёбад.

Сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон дар соли 2014-ум ба поён мерасад ва баҳси шароити тамдиди замони ҳузури ин пойгоҳ байни Маскаву Душанбе камаш 4 сол боз идома дорад. Мақомот расман дар бораи шартҳои тарафҳо ва ҷараёни музокирот хеле кам маълумот медиҳанд, вале бино ба хабари расонаҳои русӣ, Душанбе барои ин пойгоҳ тақрибан 250 миллион доллар пули иҷора мехоҳад, ки Маскав қабул надорад.

Дар моҳҳои ахир муовини вазири дифои Русия Анатолий Антонов барои баҳси мавзӯи пойгоҳ фақат дар як моҳи охир ду бор аз Душанбе дидан кард. Баъд аз сафари ахири ӯ дар нимаи аввали моҳи сентябр, бархе манобеъ хабар доданд, ки ду кишвар бар сари тамдиди замони иҷораи пойгоҳи 201 ба тавофуқ наздик шудаанд ва сухан ғолибан дар бораи то 29 сол меравад, на 49 соле ки дар оғоз ҷониби Русия мехост.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi