01:09:38 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ИФТИТОҲИ КОЛЛЕҶИ МАРЗБОНИИ САҲУ ДАР ДУШАНБЕ

 

 Дар Тоҷикистон коллеҷ ё омӯзишгоҳи Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) барои омӯзиш додани нерӯҳои марзбонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ифтитоҳ шуд. 

Масъулони маркази САҲУ дар Душанбе рӯзи чаҳоршанбеи 27 май дар расми ифтитоҳи ин коллеҷ гуфтанд, ки барои фаъолияти ин ниҳод дар ҳафт соли оянда маблағи ҳудуди панҷ милюн юру ихтисос дода мешавад. Ба гуфтаи онҳо, дар ин муассиса давраҳои омӯзишии думоҳа дойир хоҳанд шуд, ки дар онҳо афсарон ва мақомҳои аршади марзбонӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна ва Афғонистон бо истифода аз таҷҳизоти мудерн роҳҳои тақвияти муроқибат аз марз ва ҳамкориҳои марзиро хоҳанд омӯхт.


Чолишҳои амниятӣ 

 

Владимир Пряхин, раиси Маркази САҲУ дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки ин муассисаи омӯзишӣ барои марзбонон дар навъи худ дар мантақа ягона аст. 

Вай афзуд: "Дар марҳилаи аввал барои ҳафт соли оянда мо панҷ милюн юруро барои давраҳои омӯзишӣ масраф хоҳем кард. Тафовути ин коллеҷ аз муассисоти дигари омӯзишӣ дар мантақа он аст, ки мо дар давраҳои омӯзишӣ танҳо истифода аз худкори Калашниковро нахоҳем омӯхт, балки бо истифода аз таҷрубаи тадрис дар омӯзишгоҳҳои ҷаҳон ин давраҳоро ҷолиб ва ба таври ҳирфаӣ баргузор хоҳем кард. Дар ҳар давраи омӯзишӣ аз кишварҳои мантақа ва Тоҷикистон 25 шунаванда ширкат хоҳанд дошт, ки панҷ нафар аз онҳоро марзбонони Афғонистон ташкил хоҳанд дод."

Ба гуфтаи масъулони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо, қарор аст дар дохили ин коллеҷ як маркази мутолеъотӣ низ таъсис дода шавад. Ин манобеъ мегӯянд, ки чолишҳои амниятие чун терурисм, ҷароими созмонёфтаи фаромарзӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, қочоқи ҷангафзорҳои ҳастаӣ, биюлужик, шимиёӣ ва анвоъи дигари аслиҳа, қочоқи инсон, маводди мухаддир ва партовҳои зиёновар аз ҷумлаи мавзӯъотест, ки дар ин коллеҷ марзбонон дар бораи онҳо омӯзиш хоҳанд дид.

Ҳамчунин, давраҳои бозомӯзие дар бораи убуру мурури озодонаи афрод аз гузаргоҳҳои марзӣ, муқаррароти гузар аз марз, мусоъидат ба тиҷорат ва амнияти ҳамлу нақли колоҳо низ баргузор хоҳад шуд.


Ҳимоят аз амнияти минтақа


Мара Маринакӣ, сафири Юнон, ки аз раёсати кишвари худ дар САҲУ намояндагӣ мекард, гуфт, ки кишвараш мехоҳад, ки коллеҷи марзбонии САҲУ дар Тоҷикистон фаъолияти муваффақе дошта бошад.

Вай гуфт: "Мо аз ибтикорот дар заминаи идораи марзӣ ва амният дар марзҳо дар саросари қаламрави кишварҳои узви САҲУ, бавижа дар Осиёи Миёна ҳимоят мекунем ва раёсати давраии Юнон дар САҲУ умедвор аст, ки ин коллеҷ пешрафт кунад."

Ба гуфтаи хонуми Маринакӣ, давлати Юнон маблағи 80 ҳазор юру барои хароҷоти имсолаи коллеҷи марзбонӣ ихтисос хоҳад дод. Давлати Нурвеж низ тасмим гирифтааст, ки 170 милюн юру ба ин манзур ихтисос бидиҳад. 

Дар маросими ифтитоҳи ин коллеҷ, ки бо ширкати намояндагони сафоратахонаҳои хориҷӣ ва мақомоти марзбонии Тоҷикистон баргузор шуд, масъулон гуфтанд, ки пешниҳоди таъсиси ин коллеҷро даҳ сол пеш Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, ироа карда буд. Оқои Зарифӣ он замон намояндаи Тоҷикистон дар САҲУ буд.

Оқои Зарифӣ дар маросими рӯзи чаҳоршанбе таъсиси ин коллеҷро аз намунаҳои ҳамкориҳои мусбати давлати Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо унвон кард ва хостори густариши бештари чунин ҳамкориҳо шуд. 


Мушкили муроқибат аз марз


Аз Ҳамрохон Зарифӣ пурсидам, ки ниёзи Тоҷикистон ба чунин як омӯзишгоҳ дар ҳоле ки дар Осиёи Марказӣ омӯзишгоҳҳои мухталифи низомӣ вуҷуд доранд, аз чӣ иборат аст?


Оқои Зарифӣ чунин посух дод: "Дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон мушкилоти зиёде, бавижа дар заминаи интиқоли маводди мухаддир мавҷуд аст. Тоҷикистон батанҳоӣ қудрати рафъи ин мушкилотро дар ҳоли ҳозир надорад. Аз ин рӯ, ҳадафи аслӣ он аст, ки бо ҷалби сойири кишварҳои ҷаҳон барои рафъи мушкилоти мавҷуда дар ин марз иқдомоти бештаре анҷом шавад ва бо омӯзондани афсарони марзбон муроқибат аз марзи муштаракро тақвият диҳем."

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон таъкид кард, ки муроқибат аз марзи муштарак ба таври якҷониба номуваффақ хоҳад буд ва ҷалби марзбонони афғон ба ин давраҳо ба ҳамоҳангии фаъолиятҳо миёни марзбонони тоҷик ва афғон ва муроқибати дуҷониба аз марз мусоъидат хоҳад кард.

Дар даврони Шӯравӣ муроқибат аз марзи муштараки Афғонистону Тоҷикистон аз сӯйи нерӯҳои Шӯравӣ сурат мегирифт. Дар артиши Шӯравӣ марзбонон аз намояндагони ақвом ва миллиятҳои гуногуни ҷамоҳири узви ин иттиҳодия шомил буданд. Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, муроқибат аз марзи муштараки Тоҷикисону Афғонистонро муддате марзонони Русия ба дӯш гирифтанд. 


Афсарони "ғайриҳирфаӣ"


Дар тобистони соли 2005 бо таҳвили шаҳраки низомии Панҷ аз нерӯҳои Русия ба марзбонони тоҷик муроқибати комил аз ҳудуди 1400 килуметр аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба ихтиёри нерӯҳои марзбони Тоҷикистон гузашт. Ҳарчанд мақомоти марзбонии Тоҷикистон он замон мегуфтанд, ки ин нерӯҳо тавони муроқибати комил аз марзро доранд, аммо гузоришҳои солҳои ахир ҳокист, ки имконоти фаннӣ ва камбуди мутахассисони ҳирфаӣ дар суфуфи нерӯҳои марзбони тоҷик аз фаъолияти муассири онҳо монеъ шудааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи бархе аз коршиносони низомӣ, баъд аз ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон теъдоди афсарони ғайриҳирфаӣ дар миёни марзбонон ва сойири ниҳодҳои қудратии ин кишвар афзоиш ёфтааст. Коршиносони низомӣ бозомӯзии афсарон ва сарбозони марзбони тоҷикро яке аз роҳҳои аслӣ барои тарбияти кодрҳои низомӣ, бавижа дар заминаи муроқибат аз марз, медонанд.


Ба гуфтаи онҳо, мубориза бо қочоқи маводди мухаддир дар мантақа бо таваҷҷуҳ ба вазъи Афғонистон ба дарозо хоҳад кашид ва ҳар ду ҷониб, яъне ҳам нерӯҳои марзбони Тоҷикистон ва ҳам Афғонистон, барои муроқибати комил ва муассир аз марзи муштараки ду кишвар ба кодрҳои ҳирфаӣ ниёз хоҳанд дошт.

Аз сӯйи дигар, Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо монанди ниҳодҳои дигари байналмилалӣ ва кишварҳои урупоӣ аз амнияти марзӣ ва вазъияти қочоқи маводди мухаддир дар марзи Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна ҳамвора ибрози нигаронӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, бисёре аз маводди мухаддире, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа интиқол меёбад, баъдан батадриҷ ба Русия ва кишварҳои урупоӣ меравад.

www.bbc.co.uk/tajik 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi