21:49:49 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВАРАҚАИ ИТТИЛООТИИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТ

25-уми сентябр, 2, 9 ва 12-уми октябри соли 2012 чаҳор ҷаласаи Кумитаи тадорукоти «Барои ислоҳоти демократии Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гашт, ки ҳадафи асосии онҳо такмили Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ» ба хотири демократисозӣ, таъмини баргузории интихоботҳои баробар, озод, мунсифона ва шаффоф дар кишвар мебошад.

/images/stories/2012/10/16_konuni-intikhobot-161012.jpgҶаласаҳои кумитаи тадорукот дар маҷлисгоҳи Коллегияи адвокатҳои «Сипар» баргузор шуданд. Ҷаласаҳои кумита озод ва шаффоф барқарор  гашта, дар ҳар ҷаласа раёсати онро яке аз аъзои кумита, ки намояндагӣ аз аҳзоб ва созмонҳои гуногун доранд, мувофиқи тартиби алифбо, бар ӯҳда доранд.

Дар ҷараёни ин ҷаласаҳо як силсила санадҳо, минҷумла Низомномаи Кумитаи тадорукот (ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ), ки аз 5 боб ва 20 модда иборат аст, Барнома ва ҷадвали замонии фаъолияти Кумита оид ба татбиқи ислоҳоти демократии қонуни мазкур мавриди баррасӣ ва тайид қарор гирифтанд. Ҳамчунон котиби ҳамоҳангсози Кумита интихоб шуда, вазифаҳо ва масъулиятҳо ба таври баробар миёни аъзои он тақсим карда шуд.

Натиҷаи умдаи ин чаҳор ҷаласаи Кумитаи тадорукот таҳияи лоиҳаи ниҳоии «Тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии ҶТ  «Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ» мебошад, ки дар ҷараёни ҷаласаҳо беш аз 30 тағйиру илова ба қонуни мазкур аз тарафи ширкаткунандагон пешниҳод гаштанд ва пас аз баҳсу баррасиҳои зиёд танҳо 3 тағйиру иловаи калидӣ ва тақдирсоз барои пешниҳод қабул карда шуданд.

Дар ин ҷаласаҳо ба ғайр аз аъзои Кумитаи тадорукот боз намояндагони як силсила созмону ташкилотҳо, ҳуқуқшиносону вакилони дифоъ (адвокатҳо),  ходимони давлативу ҷамъиятӣ ширкат варзиданд, ки бархе аз онҳо бо хоҳиши хеш ба ҳайати кумитаи мазкур ба таври расмӣ пайвастанд ва боқӣ ба сифати нозир дар фаъолияти он ширкат доранд.

Аз ҷумла ба ҳайати Кумитаи тадорукот, ки рӯзи 22-уми сентябри соли 2012 иборат аз 9 нафар интихоб шуда буд (Ҳ. Абдуллоев – ҲДТ, А. Абдулназаров – ТҒД «Демократия», З. Ғуломов – таҳлилгари масоили ҳуқуқӣ, Б. Ёров – коллегияи адвокатҳои «Сипар », Р. Зойиров –ҲУСДТ, Ш. Кенҷаев –ҲСТ, Ҳ. Сайфуллоҳзода – ҳафтаномаи «Наҷот», Ҳ. Саидов – ҳизби сабтиномнашудаи «Ваҳдат», М. Ҳаит- ҲНИТ), бо пешниҳоди ариза оид ба шомилшавӣ ба ҳайати мазкур, раиси коллегияи адвокатҳои мустақили ш. Душанбе Фахриддин Зокиров, иқтисодшинос, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров (ҲДТ), Зариф Наимов (ҲСТ) ва ходими ҷамъиятӣ М. Нарзиев муроҷиат намуданд ва ба ҳайат ворид карда шуданд.

Ба ин сурат, то алҳол Кумитаи тадорукот аз 3 ташкилоти ҳуқуқиву ҳифзи ҳуқуқ: - Коллегияи адвокатҳои ҷумҳуриявии «Сипар», Коллегияи адвокатҳои мустақили ш. Душанбе, Консортсиуми юридикии Тоҷикистон, чаҳор ҳизби сиёсӣ: - ҲУСДТ, ҲНИТ, ҲДТ ва ҲСТ (аз ду ҳизби мазкур намояндагони ҷиноҳҳо ширкат доранд), ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳафтанома ва шахсиятҳои алоҳида иборат мебошад. Ба ғайр аз ин, намояндаи ҳизби сабтиномнашудаи «Ваҳдат» низ ба ҳайати Кумита шомил мебошад.

Дар ҷаласаи ахири Кумита тасмим гирифта шуд, ки лоиҳаи тағйироту иловаҳои иборат аз се банди калидӣ барои ислоҳоти демократии Қонуни конститутсионии ҶТ  «Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ» унвонии азҳоби сиёсии дигар, КМИР, вакилони МН ва аъзои ММ МО ҶТ, ташкилот ва созмонҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ВАО, ба шумули воситаҳои электронӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ирсол карда шавад. Бо ирсоли ин лоиҳаи тағйироту иловаҳо аз шаҳрвандони алоқаманд ва созмонҳои мазкур эҳтиромона хоҳиш мешавад, то муносибати худро нисбат ба ин тарҳ изҳор доранд ва бозтоби он дар ВАО мавриди баҳсу баррасӣ қарор ва таҳлили ҳамаҷонибаи он сурат гирад.

Ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукоти ислоҳоти демократии Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти ҶТ » рӯзи 19- уми октябри соли ҷорӣ баргузор мегардад.

Пешниҳодот

«Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Пешниҳод мешавад, ки ба матни Қонуни мазкур тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шавад:

1.Ба моддаи 13 пас аз ибораи «ва на камаш чор нафар аъзо», ба қисми 1 моддаи 15 пас аз ибораи «дар ҳайати 15-19 аъзо» ибораи «дар асоси намояндагии баробари ҳизбҳои сиёсие, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд», илова карда шавад;

2.Аз қисми 1 моддаи 24 матни ин қисм пас аз ибораи «аз тарафи ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Қонун ба қайд гирифта шудаанд» ва қисми 4 – уми  ҳамин модда хориҷ карда шавад. Ба қисми 1 моддаи 24 ибораи «Шаҳрвандони ғайриҳизбӣ низ ҳақ доранд, номзадии худро ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи ҳар ҳизби сиёсие, ки дар Вазорати адлияи ҶТ ба қайд гирифта шудааст, тибқи тартиби муқарраркардаи ин қонун, пешниҳод намоянд». Қисми 2 ва 3 моддаи 24 ба қисми 1 ҳамин модда мутобиқ карда шавад;

3.Қисми 6 ва 7 моддаи 32 дар таҳрири зайл баён карда шаванд. Қисми 6. «Натиҷаи ҳисобкунии овозҳо дарҳол пас аз анҷом додани он дар маҷлиси кушод ва оммавии комиссияи интихоботии участкавӣ муайян карда, ба протокол дохил карда мешавад. Протокол дар се нусха аз тарафи раис, муовини раис, котиб ва аъзоёни комиссия имзо карда мешавад ва як нусхаи он дарҳол дар ҳудуди комиссияи участкавӣ дар ҷойи намоён ва дастрас ба мӯҳлати се шабонарӯз овезон карда мешавад.

Дигар нусхаи протокол ба комиссияи интихоботии ҳавзаи дахлдор ба тартибе, ки Комиссияи марказии интихобот оид ба интихоботи Президенти ҶТ муқаррар кардааст, фиристода мешавад. Нусхаи севвум ба хуҷҷатҳои истеҳсолии комиссияи участкавӣ замима карда мешавад. Қисми 7. Раис, муовини Раис ва котиби комиссияи участкавӣ вазифадор аст, ки нусхаи тасдиқшудаи протоколро ба ҳар нозири ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ватанӣ ва байналмилалӣ, шахсҳои боэътимоди номзад ба вазифаи Президенти ҶТ ва ВАО, ки тибқи қонуни мазкур аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ ба қайд гирифта шудаанд, дарҳол  дастрас намоянд».

ш. Душанбе,                                         13 –уми октябри 2012

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi