08:00:00 09-уми Июни 2025 сол

ДУШАНБЕ ТОШКАНДРО БА ҲАМКОРИИ БЕҲТАР ДАЪВАТ КАРД

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамтои узбакаш Ислом Каримовро "ба ҳамкории беҳтар" даъват кардааст. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба ҳамтои узбакаш Ислом Каримов ба муносибати 20-солагии барқарории равобити дипломатӣ миёни ду кишвар паёми шодбошӣ ирсол карда, хостори ҳамкориҳои беҳтар миёни ду ҳамсоякишвар шудааст.

/images/stories/2012/10/29_rahmonov-karimov-291012.jpgТибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар барқияи шодбошӣ таъкид шудааст, ки Тоҷикистон анъанаҳои бисёрасра ва муносибату дӯстии ду халқро пос медорад: "Бо такя ба анъанаи дӯстии халқҳои тоҷику узбак мо аз рӯзи аввали соҳибистиқлолӣ талош дорем дар ҳамаи соҳаҳо бар асоси меъёрҳои баробарӣ эҳтиром ва манфиатҳои тарафайн ҳамкориро ба роҳ монем."

Дар идома раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардаст, ки дар сурати талошҳои муштарак, имкон фароҳам мешавад, ки "мо дар баробари ҳамаи таҳдидҳои замони муосир истодагарӣ намоем."

Зиёда аз ин, Эмомалӣ Раҳмон дар номаи шодбошии худ ба Ислом Каримов гуфтааст, таҳкими равобит миёни Душанбеву Тошканд ба нафъи мардуми ҳар ду кишвар ва минтақа мебошад.

Ин дар ҳолест, ки ҳарду кишвар аз солҳо ба ин сӯ, аниқтараш аз соли 1994 то кунун бар сари масоили мухталиф, аз ҷумла марзу сохтмони нерӯгоҳҳо ва истифода аз захоири оби минтақа, ихтилофи назар доранд ва ин ихтилоф гоҳо то марзи низои мусаллаҳона низ пеш рафтааст.

Ба Маҳмуд Худойбердиеви шӯришгар паноҳ додани Узбакистон ва аз марзи Узбакистон ба Хуҷанд лашкаркашӣ кардани ӯ дар соли 1998, ин ихтилофро ба авҷи худ расонд. Дар беш аз ду соли гузашта тасмими Тоҷикистон роҷеъ ба аз саргирии сохтмони Роғун, ин ихтилофро дубора доман зад.

Соли 2011 Узбакистон роҳи оҳанро дар қитъаи Амузанг-Хатлон тахриб кард ва ҷануби Тоҷикистонро дар муҳосира иқтисодӣ қарор дод. Қочоқи маводи гуногун аз марзи байни ду кишвар солҳост, идома дошта, борҳо сабаби даргирии байни марзбонон гаштааст.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854