23:00:45 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТОҶИКИСТОН ОХИРИН МАКОНИ САФАРИ ХОРИҶИИ ПУТИН БУДААСТ

Ба мушоҳидаи матбуоти русиву ғарбӣ, раҳбари Русия сафарҳои барномарезишудаи хориҷиро бекор кардааст. Сухангӯи Владимир Путин иттилои баъзе нашрияҳоро рад кард, ки мегӯянд, гӯё ҷароҳатҳои қадимаи ӯ аз худ дарак дода, ба низоми кори президент ва сафарҳои хориҷии ӯ таъсир расондааст.

/images/stories/2012/11/01_putin-rahmon-011112.jpgҲафтаҳои охир Путин аҳёнан дафтари кории худ дар Маскавро тарк кардааст. Инчунин хабар дода мешавад, ки чанд сафари худ ба хориҷи кишварро бекор карда аз гуфтугӯи анъанавии мустақими телевизионӣ бо мардум ҳам бо ҳамин далел даст кашидааст.

Нахустин шуда дар ин замина хабаргузории Ройтерс гузорише нашр кард ва аз қавли як манбаъ дар Кремл гуфт, ки нишасти раҳбарони ҷумҳуриҳои шӯравии пешин аз  ноябр ба моҳи декабр паспарто  мешавад. Ин манбаъ гуфтааст, ки  тибқи овозаҳо, Путин аз дарди миён азият шудааст ва ин як маризии солҳои пешин аст.

Дмитрий Песков имрӯз дар сӯҳбат бо радиои Kommersant FM дар Маскав  гуфт: На, ҳангоми парвоз дар делтаплан ҳеҷ воқеае рух надодааст. Аммо воқеан ҳам як замоне мушкил ӯ осеб дидааст. Песков илова кард, ки Путин ба таври доимӣ, ва аз рӯи имконият, ҳар рӯз  машқи варзишӣ мекунад.

Аз рӯи мушоҳидаҳои хабарнигорони ғарбиву рус, баъди боздидаш за Уляновск ва Тоҷикистон, таҷлили 60-солагии мавлудаш дар Петербург, ӯ танҳо се дафъа барои ширкат дар маросимҳои расмӣ аз қароргоҳаш дар Ново-Огарёво берун шудаасту халос. “Ведомости” имрӯз менависад, ки дар гузашта ӯ дар давоми як моҳ на камтар аз 2 то 4 сафари хориҷӣ анҷом медод, ки ҳамааш бекор шуданд.

Ин нашрия мегӯяд, ки тамоми сафарҳои хориҷии Путин, ки бояд  моҳҳои октябру ноябр барпо мешуд, ба моҳи декабр гузаронида шудааст.  Аз ҷумла, нишасти  Кумитаи иҷроияи кишварҳои Мушатарак-ул-Манофеъ дар Ашқобод, боздиди Туркия,  Ҳинду Булғористон дар моҳи охирини соли ҷорӣ барпо мешаванд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Путин гуфт, нақшаҳои кории Путин “ҳар дафъа бо сабабҳои мухталиф” тағйир ёфта, ба овозаҳои атрофи саломатии ӯ марбут нест. Вай гуфт, ки моҳи декабр Путин барномаи хеле машғули корӣ дорад, аз ҷумла бояд аз Брюссел дидан карда, дар нишасти кории Иттиҳодияи Аврупо ва Русия иштирок кунад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi