02:22:29 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ПАТРУШЕВ: ЭҲТИМОЛИ "ИНҚИЛОБИ РАНГА" ДАР ТОҶИКИСТОН ЗИЁД АСТ

Ба қавли Николай Патрушев, дар Русия ва кишварҳои дигари ИДМ эҳтимоли рух додани “инқилобҳои ранга” боқӣ мемонад. Ии изҳороти дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар Маскав, дар  мулоқоти афроди қобили эътимоди Владимир Путин, садо дод. Ӯ ба эҳтимоли инқилобҳои ранга дар се кишвар - Қирғизистон, Украина ва Тоҷикистон таъкид кард.

/images/stories/2012/12/10_nikolay-patrushev-101212.jpgБа гуфтаи Патрушев, ҳаводиси ин кишварҳо барои Русия хатарбор аст ва дар ояндаи наздик ин мавзӯъ мавриди таваҷҷуҳи Маскав қарор хоҳад гирифт. Бино ба навиштаи расонаҳои русӣ, ӯ илова кардааст, ки Русия ҷараёни низоъҳо дар шимоли Африқо ва Ховари Миёнаро низ таҳти назорат хоҳад дошт.

Дабири Шӯрои амнияти Русия парокандасозии намоишҳои ғайриқонунии мухолифинро “дуруст” номида ва гуфтааст, “дар дигар кишварҳо ҳангоми саркӯбсозии намоишҳо одамонро маъюбу маслуқ мекунанд”. Аммо шубҳаи ин низ зиёд аст, ки мардуми кишварҳои Шӯравии пешин баъд аз дидани инқилобҳои “ранга” дар байни солҳои 2003 ва 2005 дигарбора ба кӯчаҳо резанд.

Аввалан, инқилобҳои “ранга” дар Украина ва Қирғизистон мероси талхе гузоштанд ва бозпас гардонда шуданд. Ҳарчанд ки баъд аз шӯриши дувум дар Қирғизистон дар соли 2010 ин кишвар демократияи порлумониро таҷриба мекунад.

Пешвои “инқилоби садбаргҳо”-и Гурҷистон, Михаил Саакашвилӣ, барои ислоҳоташ ситоиш мешавад, аммо мухолифонаш мегӯянд, ин ислоҳот бо зулму ҷабр пиёда шудааст. Дувум, раҳбарони худкомаи сабки Шӯравӣ ғолибан маҳбубанд. Ба монанди Владимир Путин, Лукашенко ва Назарбоев, ки мумкин аст, аз пуштибонии аксарият бархӯрдоранд. Албатта, ин ҳимоят аз таблиғоти густарда ва фишори хадамоти амниятӣ барои дар ҳоли заъф ва парокандагӣ нигоҳ доштани мухолифон маншаъ мегирад.

Аксари беларусиҳо эътидол, бекории кам, музд ва нафақаҳои муносиби низоми шӯравимонанди Лукашенкоро дӯст медоранд. Вале ӯ ин имкониятҳоро танҳо ба шарофати ёронаҳои бузург, молу мавод ва энержии Русия таъмин карда метавонад. Умри сиёсии Лукашенко бар замми ин аз саховатмандии Маскав бастагӣ хоҳад дошт.

Дар Қазоқистони нафтхез, Нурсултон Назарбоев яккатозиро бо маърифат омехта, эҳсосоти миллиро, ки дар гузашта хеле кам буд, ангезиш медиҳад ва бо ислоҳоти иқтисодӣ 150 миллиард доллар сармоягузории хориҷиро ҷалб кард. Дар Узбакистон, яке аз бадтарин диктатураҳои ҷаҳон, ки зери мушти президенти 73-сола Ислом Каримов азият мекашад, хотираҳои қатли оми Андиҷон дар соли 2005 ҳанӯз тозаанд ва мумкин аст, мӯътаризонро эҳтиёткор кунанд.

Ёдбудҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 дар Тоҷикистон низ ҳамин гуна таъсир доранд ва гузашта аз ин раисиҷумҳури ин кишвар нисбатан ҷавонтар асту 60 сол дорад. Бо вуҷуди ҳамаи ин, намунаи кишваҳои арабӣ ҳувайдо кард, ки хатар ногаҳон ва замоне меояд, ки вақти супурдани қудрати онҳое расидааст, ки дар орзуи сохтани сулолаи хонаводагиянд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi